Главная / Маданият ва санъат / Таваккал бо худо кардан

Таваккал бо худо кардан

Таваккал бо худо кардан

 

Бидон, ки таваккал аз чумлаи макомоти мукаррабон аст ва дарачаи вай бузург аст. Худованди таъоло хамаро ба таваккал фармуда, онро шарти имон гардонид.

 

Худованди таъоло мутаваккилонро дуст медорад ва хар касе, ки таваккал бар Худо кунад, Худованд уро басанда аст.

 

Вакте ки Иброхим алайхи-с-саломро ба оташ андохтанд, гуфт: “Хасбияллоху ва ниъмал вакил“, яъне басандааст маро Аллох таъоло ва нигахбони хакики уст.

 

,Дар хаво Чабраил алайхи-с-салом ба вай расиду гуфт: -Туро хеч хочате нест?

 

Гуфт: – Ба ту хочате надорам.

 

Гуфт: – Ба касе, ки хочат дори, бигу, то бирасонам.

 

Гуфт: – Худои таъоло мебинаду медонад, ба гуфтани ту хочат нест.

 

Чун таваккали хазрати Иброхим ба Худои таъоло мустахкам буд, фармон расид ба оташ, ки эй оташ, хунук шав ва Иброхимро саломат нигох дор.

 

Оташ хунук шуду Иброхимро саломат нигох дошт, балки ба кудрати Илохи дар байни оташ гулистон пайдо шуд. Шархи ин хикоятро хохед, ба китоби “Касасуланбиё” нигаред.

 

Хикоят. Овардаанд, ки Робиа (р) дар таваккал ба дарачае буданд, ки гуфтанд: – Агар осмон мисин шавад, замин оханин гардад ва аз осмон як катра борон наёяд ва аз замин як гиёх наруяду аз Машрик то ба Магриб хама ахлу фарзандони ман бошанд, ба иззату чалоли Худои таъоло, ки ба хотирам дарнаёяд, ки ман бо инхо чи хуронам ва чи пушонам? Зеро ки Худованди Карим кафолати ризки хамаро бар ухдаи худ

гирифта, дар Каломи мачиди худ фармудааст, ки “ризки хамаи мавчудот бар Худои таъоло аст”.

 

Илохо, ба хурмати мутаваккилони худ моро таваккалу якини содик дар дин каромат фармои, омин.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …