Главная / Илм / Татум дар Канзи Шифо (Китоб)

Татум дар Канзи Шифо (Китоб)

tatum-660x330Татум — ин самари буттаест ба андозаи наск, пахнтар, руяш пусти гарднок дорад, дар хуша мебошад. Таъми самараш турш аст. Хамаи кисмхои дарахти он дар тиб истифода мешавад. Ин ду навъ аст: сахрои ва кухи. Мизочи сахроии он дар дарачаи дувум сард аст, вале кухии он дар севум хушк аст. Сарди дар баргаш назар ба тухми он камтар мебошад. Ба забони русси онро сумах меноманд.

Хислатхои шифобахшии Татум:самарии онро бихуранд, кабзият меоварад дар хама чохои бадан, моддахои ба узв рехташавандаро рад мекунад, меъда ва рудахоро кувват мебахшад, ба меъда ва рудахо  рехта шудани сафроро манъ менамояд, иллати кайкуни ва бехузур (бечо) шудани дилро ба ибро меоварад; рафтани дарун ва исхоли сафровиро, ки кухна шуда бошад, мебандад; хун кай кардан ва хунравихои дигарро манъ месозад, бисёр пешоб карданро ба меъёр меандозад.

Самари инро куфта, бо оби хунук биёшоманд, хам аз боло ва хам аз поён рафтани хунро катъ мекунад. Нимкуфтаи инро бо зира ва оби сард бинушанд, кайи сахтро манъ мекунад ва ба касе, ки хамеша кай мекарда бошад ва таом дар меъдаи у намонад, шифо мебахшад, дар одамони гарммизоч иштихоро ба таом бармеангезад. Инро бо зардии тухми мург ва кашнизи хушк бихуранд, исхоли хунинро манъ мекунад. Нимкуфтаи онро бо шароби турш биёшоманд, барои исхол ва хунравии бачадон дору мебошад, пешобро бисёр кам мекунад.

Куввати кабз кардан дар бирёнкардаи он зиёда аст, вале барои шикастани шиддати сафро заифтар мебошад. Аммо татум барои меъда ва чигари сардмизоч зарар дорад. Дар ин маврид арпабодиён бихуранд ё бо бодинчон пухта бихуранд, зарараш ислох меёбад.

Микдори як бор хурдан аз тухми он дар як руз 17,5 грамм аст. Агар гардеро, ки ба руйи самараш мебошад, чудо намуда, каф зада бихуранд, бисёр кабзкунандаи дарун аст ва бо андак таъми талхи мебошад,

Барои исхоли кухна ва барои катъ гардонидани рафтани рутубатхои сафеди бачадон дору мешавад. Агар инро ба дандон бимоланд, милки дандонро мустахкам мекунад, пусидани радди ва бадфиоли даханро ба ибро меоварад, инчунин дарди дандони кирмхурдаро таскин медихад.

Самари татумро аз гарди руяш пок карда, баъд дар об тар намоянд, он обро дар чашм чаконанд, дарди  чашмро, ки дар вакти ибтидо бошад, шифо мебахшад. 25 грамм тухми онро дар 300 грамм об бичушонанд ба хадде, ки кувваташ ба об гузарад. Баъд латтаро дар он тар карда ба чашм гузоранд ва бо он гармбанди кунанд, кутури хуранда ва шилпукии чашмро шифо ме-бахшад. Ва агар батакрор он латтаро ба пешони гармбанди кунанд, хуни биниро катъ мекунад ва агар ба чашм гармбанди кунанд, кутур, обрави, шилпуки ва хориши чашмро шифо мебахшад ва намегузорад, ки дар чашм обила барояд. Ва агар хамон обро дар гуш чаконанд, рими равонро аз он манъ месозад ва намегузорад, ки дар даруни он обила барояд.

Самари татумро дар об чушонида, он обро кам-кам ва бардавом бирезанд, намегузорад, ки чохои латхурда ва зарбарасида варам кунанд. Тухми татумро махин куфта, бо об сиришта гузошта банданд, варами косаи сар ва дигар варамхоро тахлил медихад, инчунин варами лат ва зарбахурдаро мегардонад, решхои давандаро шифо мебахшад; агар инро бо асал хамир карда гузошта банданд, дагалии пилкхои чашмро нест мегардонад ва бо ангишти чуби балут даромехта гузошта банданд, барои бавосир даво мебошад.

tatum-2Татумро бо барг, шоххо ва чубаш дар об бичушонанд, то монанди асал кивом гардад, баъд гузошта банданд ва ё бимоланд, барои беморихои пилки чашм дору мебошад; варами чашм ва дигар узвхоро тахлил медихад, мурчагазакро дафъ мекунад; решхои тар ва решхои рутубаташон асалмонанд, вайрон шудани милки дандон, догхои кунчидак, милкаки нохун ва хунравихои дигарро шифо мебахшад.

Баргашро пухта ба сар гузошта банданд, муйро сиёх мекунад. Баргашро дар об чушонида, бо он об нимгарм хукна кунанд, захми рудахо, исхоли хунин ва харошида шудани сатхи даруни рудахоро шифо мебахшад.

Барги онро мухарро пухта, баъд оби онро фишурда гирифта, гафс гардонанду ба чашм бимоланд, моддахои ба чашм резандаро ба акиб мегардонад. Он оби гафсгаштаро дар оби барги зуф хал карда бимоланд, захмхои хабисаро дафъ мекунад. Агар инро ба сар, мухрахои пушт ва бехи закар гузошта банданд, барои беихтиёр равон шудани пешоб, сусти ва нотавон шудани узвхо даво мешавад.

Баргашро куфта, ба меъдаи тифлон гузошта банданд, исхолро нафъ дорад, узвхои даруни шикамро кувват мебахшад. Шилми дарахти он аз чихати мизоч башиддат хушк аст ва хислати гарми ва сарди — хар серо дорост.

Шилми онро ос карда, чун сурма ба чашм кашанд ё онро бо оби дахан тар карда, ба милки чашм бимоланд, чашмро тез мекунад ва беморихои пилкро шифо мебахшад: агар бипошанд, чарохат ва захмхоро хушк сохта ба хам мечаспонад ва бо ин восита сихат мебахшад. Агар онро дар ковокии дандон гузоранд, дарди дандони кирмхурдаро таскин медихад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …