Главная / Чамъият / Татбики хукуку ухдадорихои падару модар

Татбики хукуку ухдадорихои падару модар

Моддаи 65-и Кодекси Оила. Татбики хукуку ухдадорихои падару модар 

  1. Хукуку ухдадорихои падару модар набояд бар хилофи манфиатхои фарзандон татбик шаванд. Таъмини манфиатхои фарзандон бояд мавзуи асосии гамхории падару модар бошад.
  2. Хангоми истифодаи хукуки падару модар он набояд ба саломатии чисмонию рухии кудак ва такомули маънавии у зарар расонанд. Усулхои тарбияи кудакон бояд ба муомилаи берахмона, дагалона ва пасткунандаи шаъни инсонии кудак ё суиистифода ва истисмори кудакро аз чониби падару модар истисно кунанд.

Падару модаре, ки хукуку ухдадорихои худро бар зарари хукуку манфиатхои кудак татбик менамоянд,  мувофики тартиби мукаррарнамудаи конун ба чавобгари кашида мешаванд.

  1. Тамоми масъалахои марбут ба тарбияи фарзандонро падару модар бо ризоияти хамдигар ва бо назардошти манфиати кудакон ва фикру акидаи онхо хал менамоянд. Дар сурати чой доштани ихтилофот, падару модар (яке аз онхо) барои халли ин ихтилофотхо метавонанд ба макоми васояту парастори ё суд мурочиат кунанд.
  2. Чои истикомати кудак дар сурати чудо зиндаги кардани падару модар бо мувофикаи байни онхо мукаррар карда мешавад. Дар сурати набудани мувофика, бахси падару модарро суд дар асоси манфиати кудакон ва бо назардошти фикру хохиши онхо хал менамояд. Зимнан суд дилбастагии (мехри) кудакро нисбат ба падар ё модар, бародару хохарон, синну соли кудак, сифати маънави ва дигар сифатхои хосаи падару модар, муносибате, ки байни падар ва модар ва кудак мавчуд аст, имконоти ба кудак фарохам овардани шароити тарбия ва рушду камоли он ( навъи фаъолият, низоми кори падару модар, вазъи модди ва оилавии падару модар ва гайраро) ба инобат мегирад.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …