Главная / Гуногун / Тасалло

Тасалло

Писарак гирён-гирён, оби дида шашкатор, ба хона омад. Падар хавотиромез боиси гиряи уро пурсон гашт. Писарак фик-фиккунон базур:

– Боз… – гуфт.

– Чи “боз”?

– Боз муаллим ду монд.

Падар аз ин чавоб хандид. Баъд писараш ба очуш кашид. Сипас хушхолона гуфт:

– Хеч чам махур!

taqrizahoБечора писарак дидаи хайрат ба падар духт.

– Ха-ха, ба кавли уламохо: “Мурда кирои гиря не!”

– Чи?..

Падар боз бо хушнуди гуфт:

– Ха, ха! Холо замонаи чаппа!

– Чи хел чаппа?

– Хар кадар донишат паст бошад, хамон кадар мартабаю обру ва маошат баланд аст!

9 феврали соли 1993

 

Ш У К Р О Н А

 

Коно – марди чорпахлуи ишкамкалон, пас аз хуроки бегохи, оруч зада, дароз кашид, то ки даме биосояд. Аммо ин ба у даст надод. Нашуд. Намоиши “Фарзанди нек – бочи падар!” очоз ёфт. Ва ба пустини у кайк даромад. Норозиёна паси сар хорид.

– Худоё! Намемонанд, ки як дами бечам зани!

Ва писараш ба ёдаш расид.

– Ман хам писар дорам-а? – гуён, ин су, он су дида духт. Вале писараш ба чашмаш нанамуд. Мачалаш аз хонаи дигар ба гушаш расид. Уро чеч зад. Писар хозир нашуд. Ё нашунид. Ё писанд накард. Боз чеч зад. Боз ва боз… ба чечи дахумаш:

– Чи мегуи?! – гуён, рух намуд.

– Ку бинишин!

Писар хост аз у дуртар нишинад.

– Не, ана ба ин чо!

Писар ба чои нишондодаи падар нишаст.

– Ху-у-уш!

– Чи “хуш”?

– Имруз чанд гирифти?

Писар бе ибо ва бо дилпури чавоб дод:

– Хафт!

Падар як кад парид.

– Чи-и?!

Писар ангуштонашро як-як кат карду:

– Не, шаш! – гуфт.

– Чи, чи? Ша-а-аш?!

– Ха, шаш!

– А-ха! Холо ту дуруч гуфтанро хам омухти?!

Писар ру дигар су тофт.

– Кани ба чашмам нигох кун!

Писар ба чашми падар нигарист.

– Шаш мегуи?!

– Ха-а, се ду-дия!

– Уф-ф! Шукри худо! Шукри худо, ки се ададро бе хато чамъ карда тавонисти!

9 феврали соли 1993

 

МАРДАК ВОРЕ

 

Хеч ачаб нест, ки як мохи саратон барои навчавонону духтарони по ба остона донишкадахои оли нихода, фасли пуризтироб аст.

Ачаб он аст, ки хар сол, дар хамин мох ман – ё тавба! – хешу табори нав пайдо мекунам. Як одамхое “ман хешатон!” – гуфта, меоянд, ки бори аввал мебинамашон.

Ана, боз як хеши навам омад. Харчанд ба у зехн монда, таххонаи хотирахоро тагуру кардам, бефоида. Нашинохтам, аввалин бор мебинам.

Ман ба у даст дода, хостам салом кунам. Лекин вай эътироз кард.

– Эъ, балотона гирам-е! Наход хеши наздик дасти зиёрат кунад?! Кани, кани як чигарсалом кунем! О, мо хеши наздик, дилу чигар!

Ва у маро бо очуш кашида, то дергох сар надод. Хатто тахтапуштамро молиш дода, чанд бор бари гарданамро бусид.

Ба рости, аз буи араки баданаш дамам ба дарун зада, сулфаам гирифт. Вале вай ба ин заррае ахамият надода, маро дустдори менамуд.

Ман сабру карор аз даст дода, ба забон омадам:

– О, бас будагист.

– Ха-а, – у маро рахо карду дастонамро ба дасташ гирифта, ба ахволпурси очозид:

– Сихат? Саломат? Бардам? Бакувват? Зану бачу кач?

Чунин ба назар мерасид, ки у дасти маро канда гирифтанист. Нихоят худаш хам монда шуд, ки дастамро сар дод.

– Кани, аз боло гузаред!

– Не, не! Ман хеч гох аз шумо боло намегузарам! Ха, ха! Гунох мешавад-а!

– О, шумо мехмон! Мехмон атои худо!

– Ха, хайр! – гуён, аз боло гузашта, даст ба дуо бардошт:

– Кадам расид, бало нарасад! Ин хона туйхона шавад, хизмат кунем! Хешамон доктор шавад!…

– Ман кайхо доктор.

– Наход?! Хайр, ана, ректор шавед! Омин!

– “Аввал хешу баъд дарвеш!” – гуфтаанд, балотона гирам. Дилам об хурду ба ошнои вазирам занг назада, рост ба назди шумо омадам. Хайр, хафа шаванд, ошно, хеш не-ку?! Ошно дигар, хеш дилу чигар!

– Хуш омадед, нури дида, точи сар!

– Обод бошед, балотона гирам, хешам!

– Хуш, хизмат?

– Мо мардака мардаш, хешам, балотона гирам!

– Нахо-о-од?!

– Ха, балотона гирам, хешам! Гапа мардак воре зада мемонем. Ана хамин чиянатон имсол мактаба хатм кард. ба донишгох дароварда мемонед, балотона гирам, хешам.

– Ба донишгох? Дароварда монам? О, дархои донишкада ба руи хама кушода: “Мархамат! Хуш омадед, нури дида точи сар!”

– Э, мо мачозона гап задем-да! Яъне, ки студент карда мемонед, хешам, балотона гирам!

– Ха-а, инту гуед? Донишаш чи хел?

– Дар атестаташ чораш нест, хама панч, хешам, балотона гирам!

– Нахо-о-од?! О, инту ки бошад, бе ёрдами ман хам дохил шудан мегирад.

– Мефахмам, мефахмам, хешам, балотона гирам! Эъ, балотона гирам-е! Мардак воре гапа дангал гуеду монед-да! Шумо ба калла гиред, шири мурчу чони одам гуед хам, ёфта меорам!

– Шири мурчу чони одам? Ёфта меоред?

– Меорам!

– Мардак воре?

– Мардак воре!

– Шуд! Маслихат пухт. Панч литр шири мурчу дах чони одам меоред, чияна студент карда мемонем. Мешавад?

– Мешавад!

“Хеши навам” очуш кушода, боз маро аз буи аракаш дамгир намуд. Ва дустонаю самимона хайрухуш намуд. Ман уро то рохи калон гусел кардам. Пеш аз ба мошин нишастан, вай боз маро бо буи арак “зиёфат” дод.

– Эъ, балотона гирам хешам-е! – гуён, вай рафт.

Ва гуё сабру карори маро бо худ бурд. Истода, истода, мардак воре гуям, ба дилам тарс рох ёфт. Боз шири мурчу чони одам ёфта наорад?…

12 июни соли 1992

 

Ш  А  Р  Т

 

Чавонмарди миёнаумри басо олуфта буд у. Дар тан шиму костюми хоричии озода. Дар сар кулохи кимматбахо. Дар гардан забони гов барин галстук. Туфлихояш ялаккос мезад.

Вале…

Сараш хаму чашмонаш басо махзун!

– Чи шуд? – пурсид Наби. – Чаро зики?

– Эъ, ха-а, – бехолона чурунгид у.

Дили Наби раг зад. Ва исроромез гуфт:

– Гуй, чи гап шуд?

– Эъ, кори шудаги, шуд, – даст афшонд у.

– О, чи гап шуд?!

– Эъ, чурачон, дах хазор сум бой додам.

– Ту дони, худо?!

– Ба хурмати худо.

– О, ин чи хел шуд?

– Чи хел шуд? – гашта пурсид у ва пас аз каме андеша лаб ба сухан во намуд:

– Писарам мактаби миёнаро базур тамом кард. ва ду пояшро ба як муза тиконда, хуччатхояшро ба донишгох супорид. Ман хеч бовари надоштам. Аз ин ру бо харос назди донишгох тор метанидам. Як руз нимчашиносамро вохурда мондам.

– Ха, чаро меларзи? – пурсид у.

Ман охи сарде кашида гуфтам:

– Писарам обруи маро резондани.

– Нахо-о-од? Худо нишон надихад! Чи хел?

– Хуччатхояшро ба хамин донишкада супурдааст. Аник медонам, ки меафтад. Дар деха чи хел сар боло мекунам.

Вай хандида, гуфт:

– Дила васеъ гиред, намеафтад.

Ман бо хайрони:

– Чи хел? – гуфтам.

– Ана хамин хел!

– Не, меафтад.

– Биё, шарт, – таклиф намуд у.

– Биё, – рози шудам ман, – агар афтад, дах хазор сум медихи, агар гузарад, ман дах хазор сум медихам. Ва дар шохидии се кас шарт бастем.

Вай лаб фуру баст.

– Хайр, баъд чи шуд?

– Падаркусур хама имтихонхоро супурд. Бо бахои панч.

12 июни соли 1992

 

И  Н  Ш  О

 

– Уф-ф-ф!

Муаллими калон – Махалпарвар Бегонакушов – нафас рост карда, як дона сигор дуд дод. Сипас паси миз нишаста, иншои навбатиро ба даст гирифт. Он хамаги ним варак буду бас. Хайронии муаллимро андоза набуд.

– И-и-и, – лабони у чун лабони бачаи ранчида овезон шуданд. – Ин чи?

Вай вараки кочазро ин су он су тоб дода, ба он зехн монд.

– Ё тавба! – гуфт ва якбора деги чазабаш чушид.

Хост онро пора-пора карда, хаво дихад.

– Не, не! – зуд аз нияташ гашт. – Як дуи чафс мемонам! Тамом, чон халос!

Лекин аз чи бошад, дасташ ба ин кор пеш нарафт. Гуё касе дасташро дошт. Ба дилаш ким-чи хел як шубха панча зад. Ва ба хеш амр намуд:

– Ку як хонда бин-чи?

Ва худ ба худ “ха, хуб!” – гуён, ба хондан шуруъ намуд.

“Ман Кадукалла Бемачзуф! Дар дехаи Рохбарзои нохияи Калонзо дар оилаи сохибвазифахо ба дунёи рушан омадам. Хафт пушти авлоди мо калон гузаштаги. Хайр, гузаштахо на танхо мухим нест, хатто лозим хам нест. Имруза, зиндахояшро номбар мекунам. Падарам ним аср боз мудири база. Расиси Точикматлубот хамфамилия не, бародари хамхуни падарам, яъне амакам. Вазири маориф бародари модарам, яъне тачоям. Вазири корхои хоричи язнаи бузургам. Вазири наклиёт язнаи миёнаам. Вазири саноат язнаи хурдам. Вазири барк язнаи язнаи бузургам. Мири шахр язнаи язнаи миёнаам. Ректори донишгохи милли язнаи язнаи хурдам. Духтари муовини сарвазир гахворабахшам. Яъне муовини сарвазир хусури ояндаи банда! Орзу дорам ба донишгох дохил шуда, ба хизмати омузгорон миёнамро аз хафт чояш бандам!”

– Ух, шахбозе! – беихтиёр нидо намуд у ва лахзае сокит бимонд.

Сипас боз лаб ба сухан кушод:

– Ах, вах, вах! Ана иншою мана иншо! Дар иншонависи устухон надоштааст-е! Ана инро иншо мегуянд! Ихчам, пурмаъно, шоирона, орифона!

Вай боз як бор иншоро хонда баромад.

– Оббо, калламачзе! Иншои сара навиштааст! Бахояш панч с плюсом!

12 июни соли 1992

 

Ф А Р К   Н А М О Н Д

 

Устод аз чавобхои шогирд каноатманд бишуд. Калла чунбонда, суоли охирин пеш овард:

– Кани, синоними калимаи танкидро бигу?

Шогирд дархол посух дод:

– Тахкир!

Устодро ачаб омада, гуфт:

– О, танкид дар замин бошад, тахкир дар осмон аст.

Шогирд бе тахир бигуфт:

– Бале, ин дар замонхои карахти буд. Дар замони бозсози тахкир хам ба замин фаромада, байнашон фарке намонд.

25 феврали соли 1992

 

ГУФТУГУ ДАР ИМТИХОН

 

– Салим, хо Салим!

– …

– Салим! Кар шуди, чи бало?

– Худат кар!

– О, чи чавоб намети?

– Чи меги-е?!

– Шпаргалка дори?

– Чи меги?

– Хок мегум! Шпаргалка дори?

– Чи? Баландтар гап зан!

– Шпаргалка дори, мегум?

– Чи?

– Хок! Шпаргалка!

– Шпаргалка-а-а?

– Ха, шпаргалка!

– Не-ку! Э, аз муаллим пурс, доштагист!

25 феврали соли 1992

 

Л  А  К  А  Б

 

Рузе Али ба Вали гилаомез гуфт:

– Гуш кун, ту гови ало шуда рафти-ку-а? Начз не! Ха, начз не!

Вали бо хайрони пурсид:

– Чи хел гови ало?

– Чи хел фахмонам?… Дигарон барин не… Ба хар хол, начз не. “Хохи нашави расво, хамранги чамоат бош” гуфтаанд.

Али кавок андохта, гуфт:

– О, ман аъло мехонам-ку?!

– Эъ, мон-е! Аъло мехондааст! О, хама лакаб доранду ту не. Бе лакаб ким-чи хел, безеб…

– “Лакаб”-аш боз чи?

– Чи, лакабро намедони магар? Боз мегуи, ки аъло мехонам. Лакаб, ин эъне номи дуюми одам. Чуноне ки мегуянд: “Лакаб равшантар аз ном аст”. Ана лакаби ман: “Бегемот”.

–“Бегемот”?

– Ха, “Бегемот”! Чи хел хуб-а? Ту чаро лакаб надори?

– Надонам, – китф бар хам кашид Вали. – Чи, лакаб зарур?

– Зарур!

Вали лолу хайрон паси сар хорид.

– Хайр, зик нашав. Холо ягон лакаб меёбем. Мехохи?

– Надонам, – китф бар хам кашид у. – Хайр, агар зарур бошад…

Али нидо намуд?

– Зарур!

Вали зуд ризо шуда, гуфт:

– Хайр, майлаш, ёб.

– Гуй, ки чи нуксонхои манфи дори?

– Нуксонхои манфи? Не, надорам!

– Ха-а, ки мегуяд, ки дучам турш аст?! Не, одам бе нуксон намешавад. Ку як майнаата об кун. Тезтар.

– Хайр, ана, хуш, ки бошад… дар дарсхо кам-кам хоб меравам.

– Шуд! Кор ванг! Лакабат “Депутат”! Ох, чи зебо-а?!

– Депутат? Барои чи Депутат?

– Чунки депутатхо хам дар сессияхо хоб мераванд!…

25 феврали соли 1992

 

МЕРОСИ ПАДАР

 

Занги даромад садо дод. Муаллим ба синф даромад. Оташи шуру мачали бачахо якбора хомуш гашт. Муаллим пас аз хозиру чоиб кардан, Холро назди тахтаи синф хонда, пурсид:

– Панч карат панч чанд мешавад?

Хол дархол бо хушнуди чавоб дод:

– Панч карат панч сад!

Муаллим аз чунин чавоб бачоят мутахайир гардид.

– Чи-и?! Сад?! Сад-а?!

– Ха, сад!

– О-о…

– Хайр, ана хаштод! – боз хам хушхолу бепарво гуфт Хол.

– Уф-ф?! Об-бо! Пеш аз чавоб каме андеша бикун, – гуфт муаллим бо оханги маслихатомез.

– Хайр, ана равед, ки панчох! – бо хамон оханги пешина гуфт Хол.

Чашмони устод аз тааччуб ва тахайюр калонтар кушода шуданд. Вай лахзае чанд лолу гич монд. баъд худро ба даст гирифта, бо таассуф гуфт:

– Оббо, сад дареч! Хама ранчи кашидаам зоеъ, ба бод рафт!

– Хайр, ана си-е!

– Уф-ф-ф?!.

– Эъ, равед, ки биступанч!

Устод гумон бурд, ки шогирд уро мазох мекунад. Аз ин ру, оташи кахру чазаб дар синааш аланга зад. вале онро хомуш карда, бигуфт:

– Ин чи маймунбози?

– Ин маймунбози не, дарс.

– Дарс? Чи хел дарс?

– Дарси касби падаромузи!

– Чи-и?! Боз ин чи хел дарси касби падаромузи будааст?

– О, худатон доим мегуед, ки “мероси падар хохи, касби падар омуз!”

– Падарат чи касб дорад?

– Даллол!

8 феврали соли 1993

 

С У Х А Н У   А М А Л

 

Онхо ру ба ру меистоданд. Яке хурд, дигаре калон. Яке кохиш мекард, дигаре кохиш мешунид.

– Ин корат тамоман хуб не! Фахмиди?

Бача ба тасдик сар чунбонд.

Мард кохишро идома дод.

– Ин бемнсофи, ноодамгари! Фахмиди?

Бача ба тасдик сар чунбонд.

Мард кохишро идома дод.

– О, Ортик хамсояат-а? Хамсоя! Ту медони, ки хамсоя ин чи гуфтани гап?!

Бача ба тасдик сар чунбонд.

Мард кохишро идома дод.

– Ту бояд аз холу ахволи хамсоя бохабар боши, ёри бирасони, шодиву чамашро бо хам бини! Фахмиди?

Бача ба тасдик сар чунбонд.

Мард кохишро идома дод.

– Хой, хамсоя хазл не! Хатто дар он дунё, рузи киёмат, гуноху савоби касро аз хамсоя мепурсанд! Фахмиди?

Бача ба тасдик сар чунбонд.

– Фахмида, ки боши, пагох хамрохи падарат ба мактаб биё!

Бача ба инкор сар чунбонд.

– Чаро?!

– Ман падар надорам.

– Падарат набошад, бо модарат биё!

– Модар хам надорам.

– Чи?! Надори? Пас ту бо ки зиндаги мекуни?

– Бо тачоям.

– Тачоят кист?

– Расули.

– Расули? Хамон Расулии мудири анбор?

– Не, Расулии коргар, хамсояи дасти ростатон…

8 феврали соли 1993

 

Н А Б И Ё

 

Муаллим талаберо дида, абру гирех заду гуфт:

– Чаро ба дарс намеои?

Талаба забон хоида чур-чур кард:

– О, набиё гуфтед-ку.

– Ки набиё гуфт?! – бо чазаб фарёд зад муаллим. – Ки?!

– Шумо, – дар чавоб гуфт талаба ва ба замин дида духт.

– Ман?! – чашмони муаллим калон кушода шуданд. – Ман?!

– Ха, шумо.

– Кай?!

– Се руз пеш…

– Чи хел?!

– Бе падару модарат ба мактаб набиё гуфтед.

– Ха, рост, гуфтам. Хайр чи?

– Ман падару модар надорам.

26 апрели соли 1992

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …