Главная / Биология / Тарзи зиндаги, афзоиш ва инкишофи мохи

Тарзи зиндаги, афзоиш ва инкишофи мохи

Мохиён дар чойхои гуногуни об зиндаги мекунанд. Хар кадоми онхо хуроки гуногун мехураяд, ба тарзи махсус харакат мекунанд, ранг ва шакли баданашон хархела аст.

Дар байни мохихои устухондор, махсусан камбала ачоиб аст. Бадани он аз ду пахлу фишурда буда, дар каъри об ба якпахлу мехобад. Чашмонаш дар як пахлуи тарафи cap вокеъ аст. Нимаи пахлуи поёнии бадан сафед ва пахлуи нимаи болояш сиёх буда, бо дигар кардани чойи зист ранги баданаш хам тагйир меёбад.

Мохихо хайвоноти чудочинса буда, зохиран чинси наринаю модина аз хам фарк намекунанд. Танхо, вакте ки онхоро чок кардем, аз руйи узвхояшон фарк кардан мумкин аст.

mohid

Дар ковокин бадани мохии модина тухмдони калон хаст, ки дар он тухмхучайрахо (тухмакхо) инкишоф меебанд. Мохии нарина як чуфт наслдон дорад, ки хучайрахои чинсии сперматоэоидро таиёр мекунад ва ба воситаи сурохихои тавосул, ки дар шафати макъад чойгир шудаанд, аз руйи зарурат 61 берун мебарояд.

Бахорон мохихо ба тухмгузори (нерест) cap мекунанд ва дар вакти гарм шудани об гала-гала зиндаги мекунанд. Дар ин вакт мохии модина тухмак мепартояд. Тухмакхо мисли занчираи дарози лухоби ба хам часпида ба растани ё ягон чисми оби овезон мешаванд. Дарозии занчираи тухмакхо 1,5-2 м буда, хачми хар як тухмак 1 мм аст. Дар хамин вакт мохии нарина ба назди тухмакхо омада, аз наслдони худ моее мерезад, ки сперматозоид ном дорад. Он сперматозоидхои серхаракат ба тухмак наздик шуда, бордоршавиро
ба амал меоранд. Вакте ки ядрохо ва протоплазмахои нутфаю тухмхучайрахо васл мешаванд, аз ду хучайраи чудочинса як хучайраи бордоршудаи якчинса ба амал меояд.

Тухмхучайраи бордоршуда ба инкишоф cap мекунад. Вай аввал ба ду, пас ба чор, баъд ба хашт хисса таксим шуда, чанини серхучайра пайдо мекунад. Дар бадани чанин аз хучайрахои зиёд бофтахо ва аз бофтахо узвхои гуногун шакл гирифта, пас аз 5-14 руз насли кирмчамонанди ним сантиметраи мохи пайдо мешавад. Вакте ки гизои тухм тамом шуд, насли чавон ба таври мустакил ба хурокхурй cap карда, обсабзахои микроскопи, инфузория, кайки оби ва сиклопро хурда, ба мохичаи хакикй табдил меёбад. Окуни 2-моха 2 см. яксола 10 см, панчсола 30-50 см шуда, вазнашон то ба 800-1000 гр мерасад.

Яке аз навъхои мохиёни думакона, осетра ном дошта, барои тухмгузори аз бахру кул ба дарё мегузарад.

Дар Шарки Дур баъзе мохиён (кета, горбуша, лосос) ба мукобили чараёни об харакат карда, аз остонахои оби ба боло халлос зада мебароянд ва дар чойхои тунукоб мехазанд. Мохихо ба болооби дарё рафта, тухмак мегузоранд ва бекувват мешаванд. Пас дар бозгашт то резишгохи дарё бо чараёни об харакат мекунанд.

Дар байни мохиён мормохии ачибе аст, ки баданаш моршакл мсбошад. Хамаи мормохихон Америкаи Шимоли ва Аврупо дар бахри Саргасе чамъ шуда, тухм мегузоранд. Баъд аз мохича шудани наслашон боз ба сохилхои Аврупою Америкаи Шимоли сафар мекунанд.

Аксарияти мохиён бо рохи тухмгузори афзоиш мекунанд, вале мохиёне хам хастанд, ки мохибачаи зинда таваллуд мскунанд. Масалан, акула, сказ мохихои зиндазои мебошанд.

Мохихо сернасланд, вале баъзан тухмакхои бордоршуда ва мохичахои онхо ба шароити номусоид афтида нобуд мешаванд ё як кисми онхоро дигар хайвонхои даррандаи оби мехуранд. Гайр аз ин, хамаи тухмакхо бордор намешаванд. Масалан, як окуни модина то 200 гр. тухмак мепартояд, ки шумораи умумии тухмакхо ба 300  хазор мерасад. Микдори сперматозоидхои окуни нарина хам бехад зиёд аст.

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …