Главная / Гуногун / Тарзи гуногуни тайёр кардани хурок аз таоми якум сабзавот

Тарзи гуногуни тайёр кардани хурок аз таоми якум сабзавот

Тайёр кардани сабзавот барои таомхои милли кобилият ва дониши махсусро талаб мекунад Хусусияти тайёр кардани таоми 1-ум дар ошхонаи милли вобаста аст ба технологияи он. Баъзе намудхои таоми 1-умро бо ду рох тайёр мекунанд.

Рохи якум технологияи тайёр кардани он ин аст, ки аввал гушт, пиёз, сабзиро бирён мекунанд, баъд об мерезанд ва баъд сабзавотро меандозанду булоён тайёр мекунанд. Бо алови паст дар мухлати 1-1,5 соат то тайёр шудан мепазанд. Аммо онро пухта намегузаронанд ва аз алов гирифта намемонанд. Факат пас аз 5-10 дакика дам додан бо риоя кардани коидахои ороиш ба дастархон мегузоранд.

Рохи дуюм: Барои тайёр кардани булон ба назар гирифта мешавад бурдахои калони гушт бо устухон дар алови паст 2 соат ё аз он зиёд пеш аз пухта шудани булон пиёзи махин реза карда, сабзавот, кабуди ва доруворихо паси хам ба он хамрох мекунанд. Моддахои эстрактивии гушт мазаи махсуси ба таом мувофикро пайдо мекунанд. Мухлати пухтани таом ба масолехи истифодаи он вобаста аст. Ба таомхои 1-ум хамаи намудхои таомхои равон дохил мешавад, аз кабили шурбо, мастоба, угро ва г.

Аз он сабаб, ки дар таомхои 1-ум ба гайр аз гушт, мург, мохи бисёр намуди сабзавот, каду, шалгам, картошка, пиёз, помидор, сабзи ва гайра меандозанду адвиёту кабудихоро истифода мебаранд, онхо барои организми одам фоидабахш мебошанд. Дар таркиби онхо моддахои (углевод), сафеда, намакхои минерали, витаминхо ва боз бисёр моддахое, ки барои саломати ахамияти калон доранд, мавчуданд.

Дар таомпази милли таомхои 1-ум баъзан факат бо сабзавоту кабудихо ва адвиёт булён тайёр мекунанд ва дар ин вакт гушти пухтаро барои таоми 2-ум истифода мебаранд.

Пахншудатарин таомхои 1-уми ошхонаи милли ин шурбо, мастоба, угро мебошад. холо номгуи таомхои 1-ум зиёд шуда истодааст. Аз хисоби истифодабарии маснуоти макарони ва хар хел ярмаву сабзавотхо таомхои гуногуни якумро омода менамоянд.

Маслихати кадбону

Гушти равгандори гусфанд ё говро нагз шуста ба деги обдор гузошта дар алови паст мегузоред. Кафки сафедашро муттасил гирифтан лозим аст. Баъд ба дег пиёзи резакардаро андозед. Пеш аз таом пухта тайёр шудан чанд барги горро барои хушбуи андозед. Вакте ки булён кариб тайёр шуд, камтар намак андозед. Дар вакти чушиш равганашро бо кошук гирифта, ба косаи алохида гузоред.

Булён камаш 2 соат пазад, ки ин ба холати пухтани гушт вобаста аст. Шурбо хуроки равгании иштихоовар буда, нагз хазм мешавад ва онро хамчун таоми якум тановул мешавад. Вобаста ба тарзу усули тайёр намудан шурбо гуногуннавъу гуногунтаъм мешавад.

Кори амали №11

Технологияи тайёр намудани хомшурбо

Тачхизот ва асбобу анчоми зарури: дег ё кастрюл, корд, тахтачаи гуштбури, кошук, табакчаю косахо.

Микдори масолех: гушт-500 г, думбаи карт – 100 г, сабзи – 250 г, шалгам 1-2 дона, каламфури булгори 2-3 дона, бехпиёз- 250 г, картошка –300 г, помидор – 2 дона, ё як кошук кайлаи помидор, кабуди -1 бандча, намаку мурч ё каламфур мувофики табъ.

Технологияи тайёр кардан

Гушти гусфанд (туш, кабурга ва каме равганаш)-ро шуста ба деги обдор андохта мечушонем. Баъд аз ба чуш омадан бехпиёзро халка- халка реза карда меандозем. Ба шурбо аввал сабзи, баъд шалгам ва дар охир картошкаро бо фосилаи 10-15 дакика меандозем. Ба шурбо пеш аз пухтан помидору адвиёт меандозем. Хомшурбо дар оташи паст пухта мешавад. Ба дег мувофики масолех об андохтан лозим аст. Агар гушт дар оби гарм андохта шавад, лаззаташ дар худаш мемонад.

Дар руи миз, нон, чой, адвиёт корд, кошук ва чангакро мегузоранд. холо чунин сачокчахои когази ва матоиро барои дастпоккуни мувофики табъ тах карда мегузоранд. Баъд аз таом бо чойнаки чини чой ва пиёла, мевахои хушк, чормагз ва мураббохои гуногун ва маснуоти хархелаи ширин медиханд.

Кисмат банди (порсия кардан) ва ороиши таом кобилият ва дониши махсусро талаб мекунад. Албатта барои дуруст интихоб кардани намуди таом, тайёри дида, унсурхои ороишро ба назар гирифтан даркор аст.

Харорати таом. Таомхои гарми 1-ум ва 2-умро ба миз дар харорати аз 650 паст намениханд. Сифати таомро бо дег дар оби чушон 2 соат нигох доштан мумкин аст. Агар аз ин муддат зиёд нигох доранд сифати таоми тайёр паст ва арзиши гизоги ва фоидаовариаш паст мешавад.

Бинобар он таоми гармро бо хамин хисоб тайёр кардан лозим, ки онро дар холати нав буданаш истеъмол кунанд. Пеш аз истеъмоли таом сифат, ранг ва бую маззаашро санчида, баъд ба руи миз додан лозим аст.

Дар тарабхонахо ошхонахо, кахвахонаю кори ороиши миз,додани таоми тайёрро махсус касб ичро мекунад, ки пешхизмат меноманд, ки либоси махсуси доранд.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …