Главная / Чамъият / Тартибот дар мачлиси суди

Тартибот дар мачлиси суди

Моддаи 139-и Кодекси хукуквайронкунии маъмури. Тартибот дар мачлиси суди 

  1. Мухокимаи суди дар шароите, ки барои кори муътадили суд ва амнияти иштирокчиёни мурофиа мусоид аст, гузаронида мешавад.
  2. Хангоми ба толори мачлиси суд ворид шудани суд, судя бо хитоби котиби мачлиси суд “Суд меояд, хохишмандам аз чой бархезед!” хамаи хозирин аз чой бармехезанд.
  3. Дар рафти мурофиа иштирокчиёни мухокимаи суди аз чой бармехезанд ва хар гох ба суд бо ибораи “Мухтарам суд” мурочиат мекунанд, нишондод медиханд ва арзи изхорот мекунанд. Сарфи назар кардани коидахои мазкур танхо бо ичозати раисикунанда мумкин аст.
  4. Хамаи иштирокчиёни мухокимаи суди, хамчунин хамаи шахрвандони дар толори мачлиси суд хозирбуда бояд амри раисикунандаро дар бобати риояи тартибот дар мачлиси суд ичро намоянд.
  5. Дар сурати итоат накардани иштирокчиёни парвандаи хукуквайронкунии маъмури ба амри судя ё риоя накардани тартибот хангоми мачлиси суди, хамчунин барои аз тарафи шахс содир кардани кирдоре, ки аз беэътиноии ошкоро ба суд ё коидахои дар суд мукарраршуда шаходат медихад, аз чониби суд, судя ё шахси мансабдори ваколатдори макомоти корхои дохили тибки талаботи Кодекси мазкур протоколи хукуквайронкунии маъмури ва маводи зарури тартиб дода, ба раиси суди дахлдор пешниход карда мешавад.
  6. Раиси суд протоколи хукуквайронкунии маъмури ва маводи заруриро барои бегаразона ва мохиятан барраси кардан ба дигар судя месупорад. Судя протоколи хукуквайронкунии маъмури ва маводи заруриро омухта, дар сурати мавчуд будани асосхои кофи нисбати шахси хукуквайронкунии маъмуриро содирнамуда парвандаи хукуквайронкунии маъмури огоз карда, онро мувофики талаботи Кодекси мазкур барраси менамояд.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …