Главная / Чамъият / Тартиби ситонидани андоз дар манбаи пардохт

Тартиби ситонидани андоз дар манбаи пардохт

Моддаи 125-и Кодекси Андоз. Тартиби ситонидани андоз дар манбаи пардохт

  1. Шахсони (агентхои андози) зерин вазифадоранд, ки андозроаз манбаъхои пардохт ситонанд:

-шахсони хукуки, инчунин вохидхои алохидаи онхо, сохибкорони инфироди ва муассисахои доимии гайрирезидентхо, ки ба шахсони вокеии кироякори худ дар шакли музди мехнат даромад медиханд (бояд диханд);

-шахсони хукуки, инчунин вохидхои алохидаи онхо, сохибкорони инфироди ва муассисахои доимии гайрирезидентхо, ки барои хизматрасони (ичрои кор) дар Чумхурии Точикистон ба шахсони вокеие, ки ба сифати сохибкори инфироди ба кайд гирифта нашудаанд, дар асоси шартномахои хусусияти гражданиихукукидошта ё бе чунин шартномахо, ба истиснои шартномахои гражданиихукукие, ки мавзуи онхо гузаштани хукуки моликият ё хукукхои дигари ашёи (хукукхои молумулки) мебошад, барои ичрои кор (хизматрасони) даромад пардохт менамоянд;

-шахсони хукуки, инчунин вохидхои алохидаи онхо, сохибкорони инфироди ва муассисахои доимии гайрирезидентхо, ки ба шахсони вокеи нафака, стипендия ва кумакпули медиханд, ба истиснои нафака, стипендия ва кумакпулихои давлати;

-резидентхое, ки суди сахмияхо ва фоизхоро пардохт менамоянд;

-шахсони хукуки – резидентхое, ки кисми сахмияи (хиссаи иштироки) ба гайрирезидентхои Чумхурии Точикистон тааллукдоштаашон фурухта (бегона карда) шудааст, инчунин агентхои ваколатдори гайрирезидентхо, ки молу мулки (сахмияхои, хиссаи иштироки) дар Чумхурии Точикистон вучуддоштаи чунин гайрирезидентхоро фурухтаанд (бегона кардаанд) ё додаанд, агар хуччатхои тасдиккунандаи пардохти андоз аз чониби худи гайрирезидентхо пас аз фуруш (бегонакуни) ё додани молу мулки зикршуда пешниход нашуда бошанд;

-шахсоне, ки пардохтхои дар моддаи 128 Кодекси мазкур пешбинишударо анчом медиханд;

-шахсоне, ки бурдхоро оид ба вомбаргхо, лотереяхо, оид ба натичахои озмунхо, мусобикахо ва дигар чорабинихо мукофотхо (бурдхо, тухфахо) медиханд.

  1. Шахсе, ки даромади дар кисми 1 хамин моддапешбинишударо пардохт менамояд, барои ситонидан ва ба бучет гузаронидани андоз чавобгар мебошад. Агар маблаги андоз сари вакт ба бучет гузаронида нашавад, шахси даромад пардохткунанда ухдадор аст маблаги андози нигохдоштанашуда ва ба бучет гузарониданашударо, инчунин чаримахо ва фоизхои дахлдорро аз хисоби худ ба бучет гузаронад.
  2. Шахсоне, ки мутобики кисми 1 хамин модда андозро аз манбаи пардохт меситонанд (хисоб мекунанд), аз чумла шахсоне, ки барои пардохти музди мехнат аз ташкилотхои карзи маблаг мегиранд, вазифадоранд:

-андозхои ситонидашударо (хисобшударо), аз чумла андози ичтимоиро ба бучет хамзамон бо гирифтани маблагхо барои пардохти даромад дар шакли музди мехнат, дар дигар холатхо – дар давоми 5 рузи кори баъди ба охир расидани мохе, ки дар он пардохтхо (маблагхо) супорида шуда буданд, гузаронанд;

-хангоми пардохти даромад дар шакли музди мехнат, бо дархости шахсони вокеие, ки даромад мегиранд, дар давоми 5 рузи кори ба онхо, бо зикри насаб, ном ва номи падар, раками мушаххаси андозсупоранда, маблаг ва намуди даромад ва андозхои ситонидашуда (агар андоз нигох дошта шавад) маълумотнома диханд;

-бо дархости шахсони вокеи ва хукукие, ки мутобики кисми 1 хамин модда даромад мегиранд (гирифтаанд), ба онхо дар давоми 5 рузи кори бо зикри раками мушаххаси андозсупоранда, номи (насаб, ном ва номи падари) шахс, маблаги умумии даромад ва маблаги умумии андози дар соли хисоботи ситонидашуда маълумотнома фиристонанд (пешниход кунанд).

  1. Ба ташкилотхои карзи додани маблагхои пули накд барои пардохти даромад дар шакли музди мехнат бе пешаки ба бучет аз чониби андозсупорандагон (агентхои андоз) гузарондани маблаги андоз аз даромад ва андози ичтимоие, ки ба маблаги воситахои пули накди дар боло пешбинигардида алокаманд аст, манъ аст.
  2. Нигох доштани андоз аз даромад ва пардохт намудани андози ичтимои аз даромадхои аз бучет маблаггузоришавандаи шахрвандони Чумхурии Точикистон, ки дар ташкилотхои байналмилали, муассисахои дипломати, консули ва дигар муассисахои ба онхо баробаркардашуда ба хайси намояндаи Чумхурии Точикистон дар хорича фаъолият менамоянд, ба таври марказонидашуда бо тартибе, ки Вазорати молияи Чумхурии Точикистон дар якчояги бо макоми ваколатдори давлати муайян кардаанд, анчом дода мешаванд.
Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

Хурдани оби мани аз тарафи мард ё зан

Хурдани оби мани аз тарафи зан кори нораво ва носазо аст ва инро тиб махкум …