Главная / Чамъият / Тартиби шикоят кардан ва эътироз овардан ба карор оид ба парвандаи хукуквайронкунии маъмури

Тартиби шикоят кардан ва эътироз овардан ба карор оид ба парвандаи хукуквайронкунии маъмури

Моддаи 149-и Кодекси хукуквайронкунии маъмури. Тартиби  шикоят кардан ва эътироз овардан ба карор оид ба парвандаи хукуквайронкунии маъмури 

  1. Шикоят ва эътироз ба карор оид ба парвандаи хукуквайронкунии маъмури ба судя, макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор), ки оид ба ин парванда карор кабул кардаанд, супорида мешавад ва онхо вазифадоранд дар мухлати се шабонарузи баъди ворид шудани шикоят ё эътироз онро бо тамоми маводи парванда ба суди болои, макомоти ваколатдори давлатии (шахсони мансабдори) болои фиристонанд.
  2. Шикоят ва эътирози овардашуда оид ба карори судя дар бораи таъин кардани чазои маъмури дар намуди чазои хабси маъмури ва бо рохи маъмури берун кардан аз худуди Чумхурии Точикистон бояд дар рузи гирифтани он ба суди болои фиристода шавад. (КЧТ аз 02.01.18 с., №1476)
  3. Шикоят ва эътирозро барои барраси бевосита ба суди болои, макомоти ваколатдори давлатии (шахсони мансабдори) болои пешниход кардан мумкин аст. Дар ин маврид макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор), ки ба онхо шикоят ва эътироз ворид шудааст, вазифадоранд дар мухлати се шабонаруз парванда оид ба хукуквайронкунии маъмуриро аз макоми онро баррасикарда талаб карда гиранд. Дар сурати бевосита ба суди болои шикоят кардан ва эътироз овардан оид ба карори судя дар бораи таъин кардани чазои маъмури дар намуди бо рохи маъмури  берун кардан аз худуди Чумхурии Точикистон, суди болои дар рузи гирифтани шикоят ва эътирози мазкур парвандаи хукуквайронкунии маъмуриро аз суде, ки онро барраси кардааст, талаб карда мегирад. (КЧТ аз 02.01.18 с., №1476)
  4. Агар баррасии шикоят ва эътироз оид ба карорхои парвандаи хукуквайронкунии маъмури тахти салохияти суди болои, судя, макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор) карор надошта бошад, дар ин холат шикоят ва эътироз дар мухлати се шабонаруз барои барраси аз руи тобеият фиристода мешавад.
  5. Барои шикоят ва эътироз аз болои карор оид ба парвандаи хукуквайронкунии маъмури бочи давлати пардохта намешавад.
  6. Карорхои судя, макомоти ваколатдори давлатии (шахсони мансабдори) болои, суди болои, ки аз руи шикоят ва эътироз кабул гардидаанд, аз лахзаи эълон кардани карор эътибори конуни пайдо намуда, дар мухлати се шабонаруз барои ичро фиристода мешаванд. Ин карорхоро танхо ба тарики назорати аз нав барраси кардан мумкин аст.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …