МУКАРРАРОТИ УМУМИ
- Тартиби пешниходи карзхои истеъмоли ва ипотеки ба кормандони ЧСП «Бонки Точикистон» (минбаъд-Тартибот), дар асоси хуччатхои амалкунандаи дохилинизомии карздихи тахия шудааст, ки тартиби пешниходи карзхоро бо фоизи имтиёзнок ба кормандони ЧСП «Бонки Точикистон» (минбаъд-Бонк) ба низом медарорад.
- Карзхои имтиёзнок ба кормандони Бонк бо максадхои зерин дода мешаванд:
- Карз барои эхтиёчоти зарури;
- Карзи ипотеки барои харидан ва ё сохтмони манзили истикомати;
- Тибки талаботи моддахои 1 ва 31 Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи фаъолияти бонки» ва моддаи 53 Дастурамали Бонки миллии Точикистон №176 «Дар бораи тартиби танзими фаъолияти ташкилотхои карзи», ки гузаронидани амалиётхои фаъол ва муносибатхои тарафайни шахси вобастаи Бонкро ба танзим медарорад, мукаррароти зерин муайян карда шудааст.
- Ба шахсони вобаста шахсони зерин мансубанд:
а) корманди рохбарикунанда;
б) аъзои оилаи корманди рохбарикунанда;
в) шахс ва аъзои оилаи у, ки дар ташкилоти карзи хиссаи иштироки
афзалиятнок дорад ва хар гуна шахси хукукие, ки дар он шахс ё корманди рохбарикунанда дорои хиссаи иштироки афзалиятнок мебошад;
г) шахси хукукие, ки дар он ташкилоти карзи хиссаи иштироки афзалиятнок дошта, хангоми омодасозии хисоботи молиявии мачмуи ба инобат гирифта намешавад;
Эзох: Хиссаи иштироки афзалиятнок – хиссаи иштироки бевосита ё
бавоситаи шахсе, ки мустакилона ё тавассути ягон кас ё якчоя бо як ё бештар шахсон дорои зиёда аз дах фоизи сармояи оинномави ё сахмияхои овоздихандаи ташкилоти карзи мебошад ё хиссаи иштироки афзалиятноке, ки онро Бонки миллии Точикистон муайян кардааст.
Шахси алокаманд – шахсони зерин дар назар дошта мешаванд:
а) аъзои Шурои нозирон;
б) кормандони рохбарикунанда;
в) кормандони масъули ташкилоти карзи, аз он чумла: рохбарони департаменту идорахо;
г) шахси вокеии дорои хиссаи иштироки афзалиятнок дар ташкилоти карзи;
д) аъзои оилаи шахсони алокаманд (тибки зербандхои “а”, “б”, “в” ва “г”);
е) шахси хукукие, ки хиссаи иштироки афзалиятнок дар ташкилоти карзи дорад;
ё) дигар шахси хукукие, ки дар он шахсони алокаманд (тибки зербандхои “а”, “б”,
“в”, “г”, “д” ва “е”) хиссаи иштироки афзалиятнок доранд;
ж) дигар шахси хукукие, ки дар он ташкилоти карзи хиссаи иштироки афзалиятнок дорад, инчунин кормандони рохбарикунандаю масъули ин шахси хукуки ва аъзои оилаи онхо.
Ташкилоти карзи наметавонад бо шахсони алокаманд амалиётхои зеринро гузаронад, агар:
– карз ва дигар амалиётхо, ки шартхои онхо аз чониби Шурои нозирон ё дар холати филиали бонки хоричи будан, аз тарафи рохбари он маъкул дониста нашавад;
– фоиз ва хакки хизматрасонии гирифташаванда аз руи карз ва дигар амалиётхо аз меъёри бозории амалкунанда барои чунин амалиётхо пасттар бошад;
– фоиз ва хакки хизматрасонии пардохтшаванда аз руи амонат (пасандоз) ва дигар амалиётхо аз меъёри бозории амалкунанда барои чунин амалиётхо зиёдтар бошад.
– мухлати карз, барасмиятдарории он ва сифати гарав аз карзхои мавчуда мохиятан фарк дошта бошад;
– мухлати амонат (пасандоз) ва шарту шароити он аз дигар амонатхои (пасандозхои) мавчудбуда мохиятан фарк дошта бошад;
– карзи ба кормандони рохбарикунандаи ташкилоти карзи додашуда, аз чумла хар гуна карзи аз тарафи як ё якчанд бонки фаръии ташкилоти карзи додашуда аз си фоизи даромади солонаи ин шахс зиёд бошад.
Махдудиятхои фоизии мазкур ба карзе, ки бо гарави гайриманкули дар Чумхурии Точикистон вокеъгардида таъмин мебошад ва арзиши он на камтар аз яксаду си фоизи маблаги карзи асосиро ташкил медихад, татбик намегарданд.
- Дар давоми ду соли аввали фаъолияти ташкилоти карзи додани карз ба шахсони алокаманд манъ аст.
- Бонк дар вакти интихоби довталабон барои гирифтани карзи вобаста, хатман, ахамиятнокии мутахассисро барои Бонк вобаста аз дарачаи тахассуси ва масъулиятнокии у дар самти фаъолияташ ва инчунин натичаи чории фаъолияти мехнатии уро ба назар мегирад.
- Карзи имтиёзнок ба корманди Бонк дар холатхои зерин чудо карда намешавад:
– ба корманде, ки карзи чории бонки дорад (ба истиснои ичозат аз тарафи Кумитаи сатхи олии Бонк);
– ба корманде, ки дар ЧСП “Бонки Точикистон” тачрибаи кории бонки камтар аз 1 (як) сол дорад (ба истиснои ичозат аз тарафи Кумитаи сатхи олии Бонк);
– ба корманде, ки дорои чазои маъмури мебошад;
– ба корманде, ки зиёда аз 30% музди маошаш барои пардохти дигар ухдадорихо равона карда мешавад.
- Карз ба кормандони Бонк дар асоси шартнома бо шартхои баргардони, таъминноки, мухлатноки, пардохтпазири, ва истифодабарии максаднок бо асъори милли ва хоричи ба таври накди ва ё гайринакди пешниход карда мешавад.
- Хама намуд карзхои дар тартиби мазкур нишондодашуда, ба кормандони Бонк бо андозаи 20 фоизи солона пешниход карда мешаванд. Дар холатхои алохида вобаста ба ахамиятнокии корманд ва хавасмандии у, Раиси Бонк метавонад андозаи фоизи карзро инфиродан мукаррар намояд.
- Хангоми халли масъалаи пешниходи карз, холати молияви, синну сол, имконияти дар мухлати муайянгашта баргардонидани карз ва фоизхои он, бо риоя кардани хуччатхои меъёрии дар боло мукарраршуда, ба назар гирифта мешавад.
- Пардохти карз ва фоизхои он, дар асоси накшаи пардохт, ки кисми чудонашавандаи шартномаи карзи ба хисоб меравад, ба рох монда шуда, бо рохи нигох доштан аз хакки хармохаи музди маош ва ё дигар пардохтхои корманд ва ё дар холатхои истиснои, ки танхо Кумитаи сатхи оли ичозат дода метавонад ба таври накди тавассути хазинаи Бонк амали карда мешавад.
- Дар холате, ки маблаги воридшуда барои пардохти карз ва фоизхои он мувофики шартномаи амалкунанда нокифоя бошад, аввалан маблаги фоизхои хисобшуда пардохт карда шуда, баъдан карзи асоси пардохт карда мешавад.
- Хангоми баррасии дархостхои карзи барои пешниходи карзхои истеъмоли ва ипотеки ба кормандони Бонк мукаррароти зерин бояд риоя карда шавад.
- Хар як корманди Бонк хукук дорад як маротиба дар як сол аз гирифтани карзхои истеъмоли ва ипотекии имтиёзнок истифода барад;
- пешниходи карзхои ипотеки дар тамоми низоми Бонк ба андозаи на зиёда аз 500 000 (Панчсад хазор) сомони дар як мох;
- пешниходи на зиёда аз 5 (панч) карзи истеъмоли дар як мох;
- розиги ва тасдики рохбари бевоситаи корманд барои карзхои имтиёзи хатмист;
- Хангоми бо хохиши худ аз низоми ЧСП «Бонки Точикистон» аз кор рафтан, фоизи карзи имтиёзноки пешниходшуда ба фоизи карзхои мукаррари иваз карда мешавад. Дар ин холат, пеш аз имзо шудани фармон бояд бо корманд созишномаи иловаги оиди тагйир додани фоизи карз барасмият дароварда шавад. Инчунин талаботи мазкур дар шартномаи карзи низ бояд дарч карда шавад.
- Хамаи намудхои карзхои ба кормандони низоми ЧСП «Бонки Точикистон» пешниходшаванда аз чониби Мудирияти рушди хизматрасонихои бонки мавриди тахлил карор дода шуда, зери назорат гирифта мешаванд. Танхо Раиси бонк хукуки ба шакли кисман соддакардашудаи хуччатгузори ва ё берун аз тартиботи мазкур чудо намудани карзхоро дорад.
КАРЗ БАРОИ ЭХТИЁЧОТИ ЗАРУРИ
- Карз барои эхтиёчоти зарури бо максади таъмири манзил, бадастоварии ашёи зарурии хона, гузаронидани чорабинихо ва дигар максадхои истеъмоли, пардохти хакки тахсил дар макотиби миёна ва оли, муоличаи тибби ва гайра дар асоси ариза ва пешниход кардани хуччатхои зарури ба мухлати то 3-сол бо назардошти тахлили даромади мохонаи корманд, чудо карда мешавад. Хангоми баррасии ариза оиди муайян намудани маблаги карзи чудошаванда, на зиёда аз 50%-и маблаги умумии даромадхои расмии корманд (музди мехнат ва дигар даромадхои иловагии расми) ба инобат гирифта мешавад.
- Дар ин холат таъминнокии карзи дархостшуда, бояд бо замонати шахсони вокеи, ки кобилияти хуби пардохтпазири (сатхи даромад) доранд ё тахти гарави пасандози худи карзгиранда ва ё шахси сеюм, маснуоти тилловори дар мутобикати катъии тартиботи амалкунандаи карзгузори, таъмин карда шавад.
- Ин намуди карз пас аз дастгири ёфтани он дар Кумитаи карзии сатхи оли ва ба имзо расонидани шатрномаи карзи, аз тарафи Мудирияти амалиётии Саридора ба хисоби пасандозии корманд дар вохиди сохторие, ки у дар он фаъолият мекунад, гузаронда мешавад.
Эзох: Дар холати ба имзо расонидани шартномаи карзи бо кормандоне, ки дар вохидхои сохтории дурдаст кор мекунанд, нусхаи шартномаи карзи аз чониби корманд имзо карда шуда, тарики почтаи электрони ба сурогаи корманди карзии Мудирияти амалиёти фиристода мешавад. Нусхаи аслии шартнома аз чониби корманд имзо гардида, дар муддати на дертар аз 7 руз ба Мудирияти амалиёти расонида мешавад.
- Баъд аз пешниходи карзхои мазкур, аз чониби мутахассиси карзии сохтори амалиёти, ки дар он карз пешниход карда шудааст, санад оиди истифодабарии максадноки карз тартиб дода мешавад, ки дар он таъинот ва харочоти аслии маблаги карзи гирифташуда муфассал дарч карда мешавад.
КАРЗИ ИПОТЕКИ БАРОИ ХАРИДАН ВА Ё СОХТМОНИ МАНЗИЛИ ИСТИКОМАТИ
- Карзи ипотеки барои харидан ва ё сохтмони манзили истикомати (минбаъд-карз) ба кормандоне, ки зиёда аз 7 соли тачрибаи кории бонки ва на кам аз як соли кори дар ЧСП “Бонки Точикистон” доранд ва барои бехтар кардани шароити манзилии худ ниёз доранд, бо риояи катъии тартиботи мазкур, пешниход мегардад.
- 20. Карз ба мухлати то 5 бо назардошти тахлили даромади мохонаи корманд, чудо карда мешавад. Хангоми баррасии ариза оиди муайян намудани маблаги карзи чудошаванда, на зиёда аз 50%-и маблаги умумии даромадхои расмии корманд (музди мехнат ва дигар даромадхои иловагии расми) ба инобат гирифта мешавад.
- 21. Барои гирифтани карз корманд бо ариза ба номи Раиси Бонк мурочиат намуда, дар он максад ва хачми маблагро дарч менамояд.
- 22. Хангоми пешниход кардани ариза барои гирифтани карз, бо максади харидан ва ё сохтмони манзили истикомати, ба гайр аз хуччатхои омодашуда, ба таври хатми бояд мактуби дархости бо имзои рохбари филиале, ки корманд дар он фаъолият мекунад, замима гардад.
- 23. Мудирияти амалиёти аризаи воридшудаи кормандро ба Китоби кайди навбат барои гирифтани карз кайд намуда, хангоми расидани навбат онро барои баррасии минбаъда дар Кумитаи карзии сатхи оли ирсол менамояд.
- 24. Дар холате, ки аз чониби карзгиранда хуччатхои пешниходгашта ба тартибот ва меъёрхо мувофикат накунанд, ё дар шакли зарури ба тартиб оварда нашуда бошанд, Мудирияти амалиёти хуччатхоро ба аризадиханда бо сабаби ба тартибот мувофик набудан, бармегардонад.
- 25. Мудирияти амалиёти хангоми пешниходи карзхои имтиёзнок хатман ахамиятнокии мутахассисро дар самти фаъолияти кориаш ва натичахои чории фаъолияташро ба назар гирифта, дар асоси пешниходи хаттии Рохбари карзгиранда дар доираи талаботхои чойдошта пешниходи карзиро барраси менамояд.
- 26. Карз барои харидан ва ё сохтмони манзили истикомати чи барои кормандони Саридораи Бонк, ва чи ба кормандони дигар сохторхои амалиётии Бонк, новобаста аз мансубияти чойгиршавии минтакави, катъиян аз тарафи Мудирияти амалиёти дар асоси карори Кумитаи карзии сатхи олии Бонк (дар холатхои алохида, бо ичозати Шурои нозирон) пешниход карда мешавад.
- 27. Хангоми гирифтани карз барои сохтмони манзил, корманд бояд хуччатхои заруриро аз ташкилотхои марбута (карор дар бораи чудо намудани китъаи замин, ичозатнома барои сохтмони манзил ва г.), пешниход намояд.
- 28. Хангоми пешниходи карзи ипотеки барои харидан ва ё сохтмони манзили истикомати дар мутобикат ба моддаи 16 Конуни Чумхурии Точикистон тахти № 365 «Дар бораи ипотека», манзили бадастовардашуда ва ё сохташуда, манбаи таъминоти гарав ба хисоб меравад. Дар холатхои сохтмони манзил, хангоми анчом додани чараёни сохтмони хона ва истифодабарии хонаи истикомати, бояд гарави фосилавии (иловаги) пешниход карда шавад.
- 29. Нархи амволи ба гарав гузошташаванда аз тарафи комиссияи бахогузории Бонк муайян карда мешавад ва бояд ба хачми маблаги карз, фоизхои он ва маблаги харочоти барои амали кардани амволи дар гарав мондашуда, мувофикат кунад.
- 30. Бо назардошти аризахои аз чониби кормандон пешниходшуда, барои карзхои дар боло дарчгашта, хачми солонаи маблаги чудошаванда аз тарафи Раёсати Бонк муайян карда мешавад.
- 31. Назорати бевосита аз руи истифодабарии максадноки карз, пардохти он ва хама тартиботи мукарраршудаи карздихи, ба Мудирияти амалиёти вогузор карда мешавад.
ХОТИМА
Тартиботи мазкур бо максади хавасмандгардонии кормандони Бонк тахия гардида, дар он шартхои асосии карзгузори дарч карда шудааст. Тартиби барасмиятдарории хуччатхои зарури хангоми пешниходи карз дар Низомнома «Оид ба карзгузори дар ЧСП «Бонки Точикистон» оварда шудааст. Кайд кардан зарур аст, ки кормандони Бонк набояд аз имтиёзхои мукараргардида истифода бурда, бо максадхои аз тартиботи мазкур берун карз дастрас намоянд. Дар холати муайян шудани чунин холат, Бонк метавонад бо корманд карордоди мехнатиро бекор карда, пардохти пеш аз мухлати карзро талаб намояд.