Главная / Чамъият / Тартиби пардохти андоз аз даромадхо

Тартиби пардохти андоз аз даромадхо

Моддаи 133-и Кодекси Андоз. Тартиби пардохти андоз аз даромадхои гайрирезидентхо аз фаъолият дар Чумхурии Точикистон, ки боиси таъсиси муассисаи доими намешавад

  1. Тартиби пардохти андозе, ки хамин модда пешбини намудааст, нисбат ба даромади гайрирезидент аз фаъолияташ дар Чумхурии Точикистон, ки боиси таъсис додани муассисаи доими намегардад, тибки мукаррароти санади хукукии байналмилали татбик карда мешавад, ба истиснои даромадхое, ки дар моддахои 134-137 Кодекси мазкур зикр шудаанд.
  2. Гайрирезиденти дар кисми 1 хамин моддапешбинишуда, ки аз манбаъхои вокеъ дар Чумхурии Точикистон даромад мегирад, хукук дорад тартиби пардохти андози пешбининамудаи хамин моддаро амали намояд. Дар холати татбик накардани мукаррароти хамин модда агенти андоз ухдадор аст андозро аз манбаи пардохт нигох дорад ва тибки тартиби мукаррароти умуми ба бучети давлати пардохт намояд.
  3. Гайрирезиденте, ки аз манбаи вокеъ дар Чумхурии Точикистон даромад мегирад ва хохиш дорад мукаррароти санади хукукии байналмилалиро дар хусуси бартараф намудани андозбандии дукарата истифода барад, ки яке аз тарафхои он Чумхурии Точикистон мебошад, ухдадор аст ба макоми дахлдори андоз тибки тартиби мукарраргардида нусхаи аслии хуччати тасдиккунандаи резидентиашро барои соли дахлдори таквими ва ариза оид ба татбики санади хукукии байналмилали пешниход намояд.
  4. Агенти андоз дар лахзаи ба гайрирезидент пардохт намудани даромад ухдадор аст аз манбаи пардохт андозро тибки меъёри муайяннамудаи моддаи 128 Кодекси мазкур нигох дорад ва ба макомоти дахлдори андоз иттилоот пешниход намояд.
  5. Макомоти андоз дар давоми 15 рузи таквими аз лахзаи гирифтани иттилооти пешниходнамудаи агенти андоз хуччатхои зарурии гайрирезидентро омухта, ухдадоранд дар хамон мухлат карори худро ба агенти андоз хабар диханд. Дар холати зарурати гирифтани иттилооти иловаги дар бораи гайрирезидент аз макоми андози давлати дигар, мухлати кабули карори мусби ё манфии макомоти андоз метавонад дароз карда шавад.
  6. Хангоми гирифтани карори мусбии макомоти андоз барои баргардонидани андози нигохдошташуда, агенти андоз маблаги андози нигохдошташударо ба гайрирезидент месупорад (мепардозад).
  7. Дар холати рози набудан бо карори манфии макомоти андоз, гайрирезидент хукук дорад дар давоми 10 рузи таквими аз рузи гирифтани чунин карор ба макоми ваколатдори давлати (дар холати зарурат, бо чалб намудани макоми ваколатдори мамлакати резидентиаш) бо ариза дар хусуси такроран барраси кардани масъалаи вобаста ба конунан дуруст будани татбики мукаррароти санади хукукии байналмилали мурочиат ва хамзамон макомоти андоз ва агенти андозро дар хусуси шикояти карори онхо огох намояд.
  8. Хангоми аз чониби макомоти андоз кабул гардидани карори манфи аз руи ариза ва дар холатиаз чонибиагенти андоз дар мухлати 10 руз аз гайрирезидент нагирифтани огохии дар кисми 7 хамин модда мукарраршуда оид ба норози будан бо карори макомоти андоз, агенти андоз ухдадор аст маблаги нигохдошташудаи андозро ба бучет гузаронад.
  9. Дар холати аз чониби гайрирезидент ё агенти андоз ичро нагардидани талаботи хамин модда, ухдадори оид ба гузаронидани андози аз манбаи пардохт нигохдошташуда ба бучет ва мучозоти чаримави барои дар вакташ нагузаронидани андоз ба зиммаи агенти андоз гузошта мешавад.
  10. Макомоти андоз ухдадоранд бахисобгирии маблагхои зеринро баранд:

-маблагхои даромадхо аз манбаъхои вокеъ дар Чумхурии Точикистон, ки агентхои андоз ба гайрирезидентхо пардохт намудаанд (барои пардохт пешбини намудаанд), новобаста ба махалли пардохт ва маблаги андози нигохдошташуда;

-маблагхои андозхои ба гайрирезидентхои дорои хукук ба татбики мукаррароти санадхои хукукии байналмилали пардохткардашуда (баргардонидашуда);

-маблагхои андозхоеро, ки агентхои андоз аз даромадхои гайрирезидент дар Чумхурии Точикистон нигох доштаанд ва ба бучет гузаронидаанд.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …