Главная / Чамъият / Тартиби огоз кардани парвандаи хукуквайронкунии маъмури

Тартиби огоз кардани парвандаи хукуквайронкунии маъмури

Моддаи 82-и Кодекси хукуквайронкунии маъмури. Тартиби огоз кардани парвандаи хукуквайронкунии маъмури

  1. Парвандаи хукуквайронкунии маъмури аз лахзаи кабули  таъинот ё карор дар бораи огоз кардани парвандаи хукуквайронкунии маъмури огозгардида хисоб мешавад.
  2. Дар карор ё таъинот дар бораи огоз кардани парвандаи хукуквайронкунии маъмури вакт ва махалли кабул кардани карор ё таъинот, вазифа, насаб, ном ва номи падари шахси карор ё таъинотро тартибдода, асос барои огози парвандаи хукуквайронкунии маъмури, маълумоте, ки аз мавчуд будани ходисаи хукуквайронкунии  маъмури  гувохи медихад, моддаи Кодекси хукуквайронкунии маъмурии Чумхурии Точикистон, ки чавобгариро барои ин хукуквайронкунии маъмури пешбини  менамояд, нишон дода мешаванд. Хангоми  кабули  карор ё таъинот дар бораи огоз кардани парвандаи хукуквайронкунии маъмури ба шахсони вокеи, мансабдор ё намояндаи  шахси хукуки, ки нисбати онхо карор ё таъинот кабул карда шудааст, инчунин ба дигар иштирокчиёни мурофиаи хукуквайронкунии маъмури хукуку ухдадорихои онхо, ки тибки Кодекси мазкур пешбини гардидаанд, фахмонида, дар ин бора дар карор ё таъинот сабт карда мешавад.
  3. Нусхаи карор ё таъинот дар бораи огоз кардани парвандаи хукуквайронкунии маъмури ба шахсони вокеи, мансабдор ё намояндаи шахси хукуки, ки нисбати онхо карор ё таъинот кабул карда шудааст, инчунин ба чабрдида дар давоми як шабонаруз бо гирифтани забонхат супорида ё фиристода мешавад.
Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

Ташкилёбии хизбхои сиёси дар ИМА

Хизбхои сиёси дар хаёти ИМА макоми хосса доранд. Дар ибтидои асри XIX дар мамлакат гуруххои …