Главная / Чамъият / Тартиби мувофикасозии лоихаи санадхои корфармо бо намояндагони кормандон

Тартиби мувофикасозии лоихаи санадхои корфармо бо намояндагони кормандон

Моддаи 13-и Кодекси Мехнат. Тартиби мувофикасозии лоихаи санадхои корфармо бо намояндагони кормандон

  1. Дар холатхои бо Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, созишнома ва шартномахои коллективи мукарраршуда, корфармо бо мувофика ё машварати пешакии намояндагони кормандон санад кабул менамояд.
  2. Пеш аз кабули санад, корфармо лоихаи он ва асоснокиашро ба намояндагони кормандон пешниход менамояд.
  3. Лоихаи санади корфармо аз чониби намояндагони кормандон на зиёда аз 3 рузи кори аз лахзаи пешниходи он мухокима мегардад.
  4. Карори намояндагони кормандон бо протокол ба расмият дароварда мешавад, ки дар он розиги ё норозигии намояндагони кормандон ба лоихаи санади корфармо дарч мегардад.
  5. Дар холати норозигии намояндагони кормандон ба лоихаи санади корфармо ва ё чой доштани пешниходхо оид ба такмили лоиха, корфармо хукук дорад:

– хангоми розиги санадро оид ба тагйирот ё иловахо бо машварати пешакии намояндагони кормандон кабул намояд;

– хангоми норозиги машварати иловагиро бо намояндагони кормандон гузаронад.

  1. Хангоми ноил нагардидан ба созиш оид ба лоихаи санади корфармо, ки тибки Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон барои кабули он розигии намояндагони кормандон зарур аст, ихтилофоти бавучудомада бо протокол ба расмият дароварда шуда, баъд аз он корфармо хукук дорад санадро кабул намояд.
  2. Хангоми аз чониби корфармо кабул намудани санад бе назардошти пурра ва ё чузъии таклифхо, намояндагони кормандон хукук доранд расмиёти бахси мехнатии коллективиро тибки тартиби мукаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон огоз намоянд.
  3. Дар холати аз чониби корфармо кабул намудани кароре, ки хукук ва кафолатхои кормандонро нисбат ба Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, шартномаи мехнати, созишнома ва шартномахои коллективи поймол ва ё бад мекунад, намояндаи кормандон метавонад ба макомоти дахлдори назорати мехнат ва ё суд шикоят намояд.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …