Главная / Чамъият / Тартиби баррасии парвандаи хукуквайронкунии маъмури ва мавкуф гузоштани онхо

Тартиби баррасии парвандаи хукуквайронкунии маъмури ва мавкуф гузоштани онхо

Моддаи 137-и Кодекси хукуквайронкунии маъмури. Тартиби баррасии парвандаи хукуквайронкунии маъмури ва мавкуф гузоштани онхо 

  1. Хангоми баррасии парвандаи хукуквайронкунии маъмури:

– эълон карда мешавад, ки парвандаро ки барраси менамояд, кадом парванда барраси мегардад, ки ва барои содир кардани кадом хукуквайронкунии маъмури ба чавобгарии маъмури кашида мешавад;

– мукаррар карда мешавад, ки оё шахси вокеи ё намояндаи конунии у ё намояндаи шахси хукукие, ки нисбати онхо парвандаи хукуквайронкунии маъмури барраси карда мешавад, инчунин дигар иштирокчиёни баррасии парванда ба мурофиа хозир шудаанд ё не;

– санчида мешавад, ки оё намояндаи конунии шахси вокеи ё намояндаи шахси хукуки, химоятгар ва намоянда барои иштирок дар баррасии ин парванда ваколат доранд ё не;

– муайян карда мешавад, ки оё иштирокчиёни баррасии парванда бо тартиби мукарраргардида дар бораи вакт ва махалли баргузории мухокима огох карда шудаанд ё не, инчунин сабабхои хозир нашудани иштирокчиёни баррасии парванда муайян карда, аз руйи он дар бораи баррасии парванда дар гоибии ин шахсон  ё мавкуф гузоштани баррасии парванда карор кабул карда мешавад;

– ба шахсони иштирокчии баррасии парванда хукуку ухдадорихои онхо фахмонида мешавад;

– дархост ва раддияхои изхоршуда барраси карда мешаванд.

  1. Таъинот дар бораи мавкуф гузоштани баррасии парванда дар холатхои зерин бароварда мешавад:

– хангоми ворид шудани аризаи худрадкуни ё радкунии судя, узви макоми коллегиали ё шахси мансабдори ваколатдори баррасикунандаи парванда;

– радкунии мутахассис, коршинос ё тарчумон, агар радкунии зикршуда барои мохиятан барраси кардани парванда мамониат намояд;

– хангоми зарурати хозиршавии шахсони иштирокчии баррасии парванда ё талаб кардани маводи иловаги барои баррасии парванда ё таъини экспертиза;

– мачбуран овардани шахсе, ки иштироки у зимни баррасии парванда мутобики кисми 3 моддаи 134 Кодекси мазкур хатми дониста шудааст;

– дар дигар махал барраси кардани  парванда мутобики моддаи 135 Кодекси мазкур.

  1. Дар сурати идома ёфтани баррасии парвандаи хукуквайронкунии маъмури тартиби тадкики далелхо муайян карда мешавад, протоколи хукуквайронкунии маъмури ва хангоми зарурат дигар маводи парванда низ эълон карда мешаванд. Баёноти шахси вокеи ё намояндаи шахси хукукие, ки нисбати онхо парвандаи хукуквайронкунии маъмури барраси карда мешавад ва шахсони дигари иштирокчии баррасии парванда, шархи мутахассис ва хулосаи коршинос шунида мешаванд, далелхои дигар тадкик гардида, хангоми иштироки прокурор дар баррасии парванда хулосаи у шунида мешавад.
  2. Хангоми зарурат мутобики Кодекси мазкур амалхои дигари мурофиави низ анчом дода мешаванд.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …