Моддаи 117-и Кодекси оби Чумхурии Точикистон. Тартиби баррасии бахсхо дар хусуси истифодаи об
1.Бахсхо дар хусуси истифодаи об дар аризаи далелноки яке аз тарафхо, ки ба он хуччатхои лозими, аз чумла маводи дар якчояги аз тарафи макомоти ваколатдори давлати оид ба танзими истифода ва хифзи захирахои об, идораи системаи обтаъминкуни, истифодабарандагони об тахияшуда замима мегардад, барраси карда мешаванд.
2.Ичрои карорхо дар мавриди бахсхои вобаста ба истифодаи об, агар дар карор макоми дигари ичрокунанда зикр нагардида бошад, аз чониби макомоти ваколатдори давлати оид ба танзими истифода ва хифзи захирахои об таъмин карда мешавад. Даъво аз болои карор дар мавриди бахси вобаста ба истифодаи об ичрои онро мавкуф намегузорад. Макоми дар хусуси бахси вобаста ба истифодаи об карор кабулкарда хукук дорад, ичрои карорро то аз чониби макоми болои барраси гардидани даъво мавкуф гузорад. (КЧТ аз 16.04.2012с., №821)