Главная / Чамъият / Тартиби бахисобгирии захирахои молию модди

Тартиби бахисобгирии захирахои молию модди

Моддаи 149-и Кодекси Андоз. Тартиби бахисобгирии захирахои молию модди

  1. Бахисобгирии захирахои молию модди бо максадхои андозбанди танхо тибки мукаррароти амалкунанда оид ба бахисобгирии мухосиби, ки дар асоси конунгузории Чумхурии Точикистон оид ба бахисобгирии мухосиботи тахия гардидааст, ба анчом расонида мешавад.
  2. Хангоми бахисобгирии захирахои молию модди андозсупоранда вазифадор аст, ки арзиши молхои истехсолнамуда ё харидаашро, ки мутаносибан дар асоси харочоти истехсоли (арзиши асли) ё нархи хариди онхо муайян карда мешавад, дар хисоботи андоз нишон дихад. Аз чумла, андозсупоранда вазифадор аст ба арзиши ин молхо харочоти нигохдори ва интиколи онхоро хамрох кунад.
  3. Хангоми ба хисоб гирифтани захирахои молию модди андозсупоранда хак дорад, ки арзиши мол ё махсулоти нуксондор, ботинан кухнашуда ё аз муд баромадаро, ки бо хамин сабаб ё бо сабабхои шабех бо нархи зиёдтар аз харочоти барои истехсоли (нархи хариди) онхо сарфшуда фурухтан мумкин нест, дар асоси нархе, ки онхоро фурухтан мумкин аст, бахо дихад.
  4. Нисбат ба молхое, ки андозсупоранда оид ба онхо бахисобгирии инфироди пеш намебарад, у метавонад барои бахисобгирии захирахои молию модди яке аз се усули зеринро истифода барад:

-усули ФИФО, ки мутобики он дар давраи хисоботи сараввал молхои дар аввали давраи хисоботи ба захирахои молию модди дохилгардида ва сипас молхое, ки дар давоми давраи хисоботи истехсол (харида) шудаанд, мувофики навбати истехсолашон (харидашон) фурухташуда (истифодашуда) хисоб карда мешаванд;

-усули ЛИФО, ки мутобики он дар давраи хисоботи сараввал молхое, ки охирин истехсол (харид) шудаанд, фурухташуда (истифодашуда) хисоб карда мешаванд;

– усули бахо додан тибки арзиши аслии миёна.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …