Главная / Чамъият / Тартиб додани протоколи хукуквайронкунии маъмури

Тартиб додани протоколи хукуквайронкунии маъмури

Моддаи 80-и Кодекси хукуквайронкунии маъмури. Тартиб додани протоколи хукуквайронкунии маъмури 

  1. Протоколи хукуквайронкунии маъмури тибки талаботи Кодекси мазкур аз чониби шахсони  мансабдоре, ки мутобики боби 10 Кодекси мазкур барои пешбурд ва ё баррасии парвандахои хукуквайронкунии маъмури ваколатдоранд, дар доираи ваколатхои худ тартиб дода мешавад.
  2. Ба  гайр  аз  холатхои  пешбининамудаи кисми 1 хамин модда шахсони мансабдори макомоти ичроияи маркази ва махаллии хокимияти давлати, ташкилотхо, вохидхои сохтори ва сохторхои худудии онхо, инчунин дигар макомоти давлати мутобики вазифаю  ухдадорихои назоратии худ, ки бо санадхои меъёрии хукукии  Чумхурии Точикистон ба зиммаи онхо вогузор шудааст хукук доранд, протоколи хукуквайронкунии маъмури тартиб диханд. Дар ин холат шахсони мансабдори ваколатдори зикргардида протоколи хукуквайронкунии маъмури ва дигар маводи замимагардидаи  парвандаро дар мухлати на дертар аз се шабонарузи баъди тартиб додани он ба судя, макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор), ки хукук доранд парвандахои хукуквайронкунии маъмуриро барраси намоянд, ирсол мекунанд.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …