Моддаи 142-и Кодекси Мехнат. Таркиби музди мехнат
- Музди мехнат аз хиссахои доими ва тагйирёбанда иборат мебошад.
- Хиссаи доимии музди мехнат аз хиссаи соатбайъ ва ё мохонаи меъёрхои тарифи (маош) иборат аст.
- Хиссаи тагйирёбандаи музди мехнат ба натичахои кор вобастаги дошта, иловапулихои гуногун, мукофотпулихо, чубронпулихо (барои дарачаи тахассус, собикаи кори, аз руи натичахои кори солона, унвони илми ва монанди онхо) ва мукофотпулиро (барои сифати баланди кор, барои аз микдор зиёд истехсол намудани махсулот) дар бар мегирад.