Главная / Биология / Таркиб ва вазифахои хун ва плазмаи он

Таркиб ва вазифахои хун ва плазмаи он

Ахамият ва вазифахои хун. Хун хамчун моеъи дохилии организм дар системаи махсуси худ харакат карда, вазифахои зеринро ичро мекунад: наклиёти, нафаскаши, кимиёви, хуморали, ва гайрахо.

Таркиби хун. Дар организми одами калонсол кариб 5 литр хун мавчуд аст. Хун хамчун бофтаи пайвасткунанда аз ду кисм иборат мебошад. Хангоми хунро ба пробирка гирифта ба асбоби чархзананда (сентрифуга) давр занондан, ба ду кисм чудо шудани хунро дидан мумкин аст. Кисми болоии онро плазма ва кисми поёнашро хучайрахои хун:эритроситхо, лейкоситхо

ва тромбоситхо ташкил мекунанд. Таркиби плазмаи хунро кариб 90-92% об ва 8-10% моддахои узви, сафедахо, чарбхо, глюкоза, ташкил мекунанд. Аз моддахои гайриузви намакхои минерали, ба монанди натрий, калий, калсий, магний ва гайрахо ба таркиби хун дохил мешаванд. Таркиби плазмаи хун доими буда, дар холати тагйирёбии он организм ба халокат дучор мешавад. Моддахои зиёдатие, ки дар организм хосил мешаванд, тавассути узвхои ихроч аз организм дур карда мешавад: хун дар шуш аз гази карбонат ва дар гурда аз оби зиёдати ва намаки минералии дар он халшуда озод мешавад.

tarkibi-xun-768x298

Лахташавии хун. Дар вакти осеб дидани рагхо хун лахта шуда, организмро аз хунравии зиёд эмин медорад. Хун охиста-охиста лахта шуда, чои зарардидаи рагро мебандад ва бо хамин хунравиро боз медорад. Бо гузаштани вакт девори раги хун сихат шуда, лахтахои хун нест мешаванд.

Сафедаи халнашавандаи наххои фибрин асоси лахташавии хунро ташкил медихад, ки вай аз сафедаи дар плазма халшудаи фибриноген таркиб ёфтааст. Барои хосилшавии наххои фибрини омилхои узви, сафедахо ва моддахои гайриузви, хусусан ионхои калий роли муайянро ичро мекунанд. Мухлати лахташавии хун аз харорати мухит вобаста аст. Масалан, дар харорати гарми хун дар давоми 3-5 дакика лахта мешавад. Дар таркиби лимфа фибриноген низ хаст.

Баъзе одамон бемории модарзоди доранд, ки хунашон умуман кобилияти лахташави надорад, ки онро гемофилия меноманд. Чунин одамон хангоми каме захмдор шудан аз сабаби хунравии зиёд ба халокат гирифтор мешаванд. Барои баркарор кардани холати мукаррари махлулхои физиологи – NaCl, CaCl ва гайра интикол карда мешаванд.

Саволхо:

  1. Хун кадом вазифаро ичро мекунад?
  2. Вазифаи наклиётии хун дар чист?
  3. Таркиби хун аз кадом кисмхо иборат аст?
  4. Дар таркиби плазмаи хун кадом моддахо мавчуданд?
  5. Кадом хучайрахои хунро медонед?
  6. Лахташавии хун чист ва кадом омилхо онро ба амал меоранд?
  7. Оё лахташавии хунро пешгири кардан мумкин аст?
  8. Гемофилия чист?

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …