Главная / Чамъият / Тарифхои давлатии пардохти музди мехнат

Тарифхои давлатии пардохти музди мехнат

Моддаи 146-и Кодекси Мехнат. Тарифхои давлатии пардохти музди мехнат

  1. Тарифхои давлатии пардохти музди мехнат дар Чумхурии Точикистон аз меъёрхои соатбайъ ва ё мохона ва маош аз руи вазифа (мансаб) иборат мебошанд, ки хадди акали музди мехнати гуруххои мушаххаси кормандони дорои дарачаи тахассусии касбии ташкилотхои бучетиро муайян мекунанд.
  2. Корфармоёни дигар бояд тарифхои мукарраршударо барои фаркияти музди мехнати кормандон хамчун кафолати хадди акали музди мехнат истифода баранд.
  3. Тарифхои давлатии пардохти музди мехнат дар асоси хадди акали музди мехнат аз руи коэффитсиентхои тарифии Чадвали ягонаи тарифии Чумхурии Точикистон ва тарифхои маоши дарачаи аввал аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон бо иштироки иттифокхои касаба ва дигар намояндагони кормандон барои фаркияти хадди акали музди мехнати гуруххои кормандони касбию тахассуси мукарраршуда муайян карда мешаванд.
  4. Тарифхои давлатии пардохти музди мехнат, инчунин меъёрхои маоши соатбайъ, рузбайъ ва дигар тарифхо, ки бо назардошти ин меъёрхо хисоб карда мешаванд, кам карда намешаванд ва онхо барои мукаррар намудани андозаи мушаххаси маош дар шартномаи мехнати, созишнома ва шартномахои коллективи, инчунин дар сметахои дахлдори харочоти воситахо барои нигохдории ташкилотхои аз бучети давлати маблаггузоришаванда хамчун асос ба хисоб мераванд.
  5. Тарифхои давлатии пардохти музди мехнат дар сурати зиёд шудани андозаи хадди акали музди мехнат тагйир меёбанд.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …