Главная / Илм / Тархун

Тархун

estragon_tarhun-660x330Тархун — ин гиёхро ба забони точики тархони мегуянд. Тару тозаи онро мардуми сарзамини Эрон монанди кабудихои дигар чун: наъноъ, пудина, таратезак (индов) ва монанди инхо бо нон, чургот, панир ва гайра мехуранд. Ин растани навъхои бустони ва сахрои дорад. Онро бо усули киштани тухмаш ва каламчаи шохашро шинонидан месабзонанд. Ба забони русси онро инчунин «Тархун» ё «Эстрагон» меноманд.

Дар таъми он тези, гирандаги, тунчи ва камтар ширини хам мавчуд аст. Агар инро батанхои ба дили нахор бихоянд, дархол ба забон карахти меоварад. Бинобар хамин пеш аз оби давохои исхоловар чушонидашударо нушидан, тархунро бо чав якчо мехоянд, ки таъми он давохо дар дахан махсус нагардад. Решаи тархуни сахрои хамон окиркирхо мебошад. Тархунро ба руси эстрагон меноманд. Мардумони пешаи дехкони мегуянд, ки агар тухми испандро дар сиркои кухна тар намоянд, то он ки нам кашад, баъд бикоранд, тархун мегардад. Ва инчунин он тухмро дар миёни турб чо карда бикоранд, низ тархун меруяд. Бехтарини тархун тару тозаи он аст.

Мизочи тархуни сахрои дар дарачаи севум гарм ва хушк аст, вале бустониашро дар дарачаи якум гарм ва хушк гуфтаанд. Хислатхои шифобахши он: хусусиятхои умумии тархун: парокандакунандаи бодхо ва ахлоти часпак, кушояндаи гиреххои дохили бадан, кувватбахши меъда, барангезандаи иштихо, хушккунандаи рутубатхои зиёдати ва зарарнок.

Инро бихоянд, даханро хушбуй мекунад, хисси таъмро дар дахан тагйир медихад ва узвхои даруни даханро карахт мегардонад. Агар онро хоида, муддате дар дахан нигох доранд, барои дарди гулу фоида дорад, ба чихати ислохи хавои вабои ва тоун даво мешавад.

Оби гиёхи тару тозаи онро бо шароби коди, ки дарахти хушбуйи хиндист, хал карда бинушанд, баромадани обила (нагзак) ва сурхичаро манъ мекунад ва намегузорад, ки дигар иллати вабойи бирасад.

Тархунро хоида, баъд об бинушанд, он об лазиз мегардад. Вале тархун ба одамони гарммизоч зарар дорад. Агар онро бардавом бихуранд, хунро месузонад, хатто куввати бохро катъ мегардонад. Дар ин гуна маврид кабудихои сардмизоч бояд бихуранд, то он ки зарари он ислох ёбад. Инчунин узвхои даруни синаро шахшул мегардонад — дар ин холат асал бихуранд, ислохи хол менамояд. Тархун хамчун гизо дерхазм аст ва барои осон намудани хазми он карафс ё бо карафс бояд бихуранд. Агар ба тархун тухми арпабодиёнро хамрох карда бихуранд, куввати онро зиёда мегардонад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …