Главная / Чамъият / Тархи маблагхои хиссачудокунихои истехлоки ва дигар тарххо аз руи воситахои асосии истехлокшаванда

Тархи маблагхои хиссачудокунихои истехлоки ва дигар тарххо аз руи воситахои асосии истехлокшаванда

Моддаи 118-и Кодекси Андоз. Тархи маблагхои хиссачудокунихои истехлоки ва дигар тарххо аз руи воситахои асосии истехлокшаванда

  1. Хиссачудокунии истехлоки доир ба воситахои асоси ва дороихои гайримоддие, ки дар фаъолияти сохибкори истифода мешаванд, бояд мувофики мукаррароти хамин модда тарх карда шавад. Хиссачудокунии истехлоки доир ба воситахои асоси ва дороихои гайримоддие, ки дар фаъолияти сохибкори истифода намешаванд (дар фаъолияти гайрисохибкори истифода мешаванд), хисоб ва тарх карда намешавад.
  2. Ба дороихое, ки бояд истехлок шаванд, инхо мансуб нестанд:

-замин, чорво, асархои санъат, захирахои молию модди, аз чумла объектхои сохтмонашон нотамом ва тачхизоти васлнашуда, инчунин молу мулке, ки арзишаш хангоми муайян намудани манбаи андозбандишавандаи соли равон пурра тарх карда мешавад ва дигар дороихое, ки истехлок намешаванд;

-воситахои асосие, ки ройгон гирифта шудаанд;

-воситахои асосие, ки арзишашон пештар пурра тарх шуда буд;

-воситахои асосии ташкилотхои гайритичорати, муассисахои давлати ва иттиходияхои чамъияти, аз чумла воситахои асосие, ки онхо барои гирифтани даромад истифода мебаранд.

  1. Воситахои асосии истехлокшаванда ба гуруххои дорои меъёрхои зерини истехлоки таксим мешаванд:

 

Гурух Намуди молу мулк Меъёри истехлок

(бо фоиз)

1. Техникаи автотрактории рохсози;асбобу анчом ва лавозимоти махсус; мошинахои электронии хисоббарор, дастгоххо ва воситахои махаллии коркарди маълумот 20
2. Автомобилхои боркаш, автобусхо,

автомобилхои махсус ва ядакхо;мошинахо ва тачхизот барои тамоми сохахои саноат, истехсолоти рехтагари; тачхизоти охангарию прессхо;тачхизоти сохтмон; мошинахо ва тачхизоти кишоварзи; автомобилхои сабукрав; мебели идора.

15
3. Мошинахо ва тачхизоти куввадиханда; тачхизоти техники, тачхизоти турбини, мухаррикхои электрики ва  генераторхои дизели;воситахои интиколи барк; тачхизоти электрони ва воситахои алока; хатхои кубур 8
4. Бинохо, иншоот ва иморатхо, воситахои наклиёти рохи охан, бахри, дарёи ва хавои 7
5. Дороихои истехлокшавандае, ки ба дигар гуруххо мансуб нестанд 10

 

  1. Хиссачудокунии истехлоки доир ба хар гурухи воситахои асоси (минбаъд – гурух) бо рохи татбики меъёри истехлоки дар кисми 3 хамин модда нишондодашуда, нисбат ба тавозуни арзиши гурух дар охири соли таквими хисоб карда мешавад.Хиссачудокунии истехлоки нисбат ба воситахои асоси ва дороихои гайримоддии дар давоми соли таквими воридшуда (хоричшуда) аз мохи таквимии пас аз истифодаи вокеии (аз истифода баровардани вокеии) онхо анчом дода (катъ карда) мешавад.
  2. Хиссачудокунии истехлоки доир ба воситахои асосии гурухи 4 на аз руи гурухбанди, балки барои хар як воситаи асоси дар алохидаги хисоб карда мешавад.
  3. Тавозуни арзиши гурух дар охири соли таквими ба маблаге баробар аст, ки бо тарики зайл муайян карда мешавад (вале бояд аз сифр кам (манфи) набошад):

-тавозуни арзиши гурух дар охири соли гузашта бо дарназардошти тархи маблагхои истехлоки барои соли гузашта, инчунин маблаге, ки дар кисмхои 8 ва 9 хамин модда пешбини шудааст;

-чамъи арзиши воситахои асоси мутобики кисми 1 хамин модда ва моддаи 153 Кодекси мазкур (бе дарназардошти зиёдшавии арзиши дороихо дар натичаи азнавнархгузори), ки дар давоми соли таквими ба гурух чамъ мешавад, бо дарназардошти маблаги дар кисми 4 хамин модда ва кисми 2 моддаи 119 Кодекси мазкур нишондодашуда (дар кисми харочот барои таъмире, ки барои тарх рох дода намешаванд);

-тархи маблаге, ки дар давоми соли таквими аз фуруши воситахои асоси гирифта шудааст, ки дар асоси нархи фуруш мукаррар карда мешавад, бо дарназардошти талаботи мукаррарнамудаи кисми 4 хамин модда.

  1. Агар тавозуни арзиши гурухи муайяни воситахои асоси дар охири соли таквими аз сифр кам бошад, андозсупоранда бояд бузургии мутлаки чунин тавозуни арзишро хамчун даромад ба даромади умуми хамрох намояд ва тавозуни арзиши чунин гурухи воситахои асосиро ба сифр баробар кунад.Бузургии манфии тавозуни арзиши гурухи муайяни воситахои асоси маънои онро дорад, ки дар давоми соли таквими маблаги аз фуруши воситахои асосии ин гурух бадастомада аз маблаги (бузургии) тавозуни арзиши ин гурухи воситахои асоси дар охири соли гузашта бо тархи истехлок барои соли гузашта бо дарназардошти (зам кардани) арзиши воситахои асосие, ки ба гурух дар давоми соли таквими илова карда шудаанд, зиёд мебошад.
  2. Агар тавозуни арзиши гурух дар охири сол камтар аз 50 нишондиханда барои хисобхоро ташкил намояд, маблаги тавозуни арзиши гурух бояд тарх карда шавад.
  3. Агар тамоми воситахои асосии гурух фурухта, дода ё бархам дода шуда бошанд, тавозуни арзиши гурух дар охири соли таквимибо дарназардошти мукаррароти кисми 4 хамин модда бояд тарх карда шавад.

10 Арзиши воситахои асосии барои ичораи молияви (лизинг) додашуда (аз руи ичораи молияви (лизинг) гирифташуда) дар тавозуни арзиши гурухи дахлдори ичорагир хисоб карда мешавад.

  1. Барои ичорадех маблаги асосие, ки барои воситахои асосии ба ичораи молияви (лизинг) додашуда ба у пардохт шудааст, хамчун маблаге барраси мегардад, ки хангоми фуруши чунин воситахои асоси барои максадхои сархати сеюми кисми 6 хамин модда гирифта шудааст, агар воситахои асоси ба тавозуни арзиши гурух то интиколи онхо ба ичораи молияви (лизинг) дохил карда шуда бошанд. Барои ичорагир маблаги асосие, ки он ба ичорадех мепардозад, хамчун нархи хариди воситахои асоси барраси мегардад.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …