Главная / Чамъият / Тарххо нисбат ба карзхои беэътимод (шубханок)

Тарххо нисбат ба карзхои беэътимод (шубханок)

Моддаи 115-и Кодекси Андоз. Тарххо нисбат ба карзхои беэътимод (шубханок)

  1. Андозсупорандагон нисбат ба карзхои беэътимоди (шубханоки) вобаста ба тахвили молхо, ичрои корхо ва хизматрасонихо ба тарх хукук доранд, агар даромади марбут ба онхо каблан ба даромади умумие, ки аз фаъолияти сохибкори гирифта шудааст, дохил карда шуда бошад.
  2. Тарх нисбат ба карзи беэътимод (шубханок) хангоми аз дафтархои мухосибавии андозсупоранда чун карзи беарзиш аз хисоб баровардани он ичозат дода мешавад.
  3. Бонкхо, ширкатхои карзи ва ташкилотхои амонатии карзии хурд ба тархи 90 фоизи хиссачудокунихо ба захира барои пушонидани талафхои эхтимоли доир ба карзхо (минбаъд – захира) мувофики коидахои ташаккули ин захира ва таснифи карзхои мукаррарнамудаи Бонки миллии Точикистон хукук доранд, ба истиснои карзхои стандарти, карзхое, ки барои максадхои лизинг ё таъминоти бегарав, карзхои ба фоидаи тарафхои бо хам алокаманд ё ин ки тибки ухдадорихои тарафхои бо хам алокаманд ба шахсони сеюм дода шудаанд.
  4. Хиссачудокунихо аз руи карзхое, ки дар захира зиёда аз 2 сол пас аз анчом ёфтани мухлати пешбининамудаи шартномаи карзи нигох дошта шудаанд, ба даромади бонкхо, ширкатхои карзи ва ташкилотхои амонатии карзии хурди зикршуда дохил карда мешаванд. (Амали кисми 4 моддаи мазкур то 31 декабри соли 2018 бо КЧТ аз 14.11.16 с., №1367 боз дошта шудааст)
  5. Захирахои ташкилшаванда доир ба карзхои беэътимод (шубханок) наметавонанд, ки аз 10 фоизи даромади дар давраи хисоботи бадастовардашуда зиёд бошанд.
  6. Дастурамал оид ба муайян намудани маблаги тархи ичозатшударо аз даромади умуми барои максадхои кисмхои 3, 4 ва 5 хамин модда макоми ваколатдори давлати дар мувофика бо Бонки миллии Точикистон ва Вазорати молияи Чумхурии Точикистон тасдик менамояд.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …