Главная / Маданият ва санъат / Тарбияи фарзанд

Тарбияи фарзанд

Тарбияи фарзанд

Вакте ки фарзанд хафтруза мешавад, бояд ки уро номи неку  ниханд ва баъд аз он муи сарашро тарошанд, агар имкон дошта бошанд, барои писар ду гусфанд ва барои духтар як гусфанд бикушанд.

Дар хадиси Расул (с) омадааст, ки чун фарзанд аз шиками модар зода шавад, бо хар тораи муи у маразе (касал) меояд. Бояд, ки муи сари уро баргиранд ва ба вазни он муй садака диханд, то тифл аз мараз начот ёбад.

Бидон, ки фарзандро бар падару модар шаш хак аст.

Аввал он ки модари уро аз чое никох кунад, ки мардум

фарзанди уро аз чихати пастии насаб сарзаниш накунанд. Хакки дуюм он аст, ки уро номи неку нихад ва чахд кунад то номе аз номхои Расул (с)-ро ба у бинихад. Пайгамбар (с) фармудаанд: харкиро се писар ояд, яке аз онхоро ба номи ман ном нанихад, ба дурустй, ки бар ман чафо кардааст.

Накл аст, ки фардои киёмат бандаеро ба суи дузах кашанд фармон даррасад, ки эй малоикахо, ин бандаи маро нигох доред, ки уро ба назди мо як неки хаст. Фариштагон гуянд, ки он неки кадом аст? Фармон даррасад, ки у хамноми хабиби мост Мухаммад ё Ахмад ё Махмуд. Ман шарм дорам, ки хамноми хабиби худро азоб кунам.

Хакки сеюм он аст, ки уро Куръон биёмузанд, ки фазилати Куръон хондан бисёр аст ва ахли Куръон хосагони Худованданд.

Хакки чахорум, он ки уро бо таоми халол парваранд, агар бо таоми харом парвариш кунанд, лукмаи харом дар нафси у сироят кунад ва аз вай корхои ношоиста дар вучуд ояд.

Хакки панчум он аст, ки уро аз хафтсолаги ба намоз фармоянд, то бар намоз одат гирад, ки одати хурдсоли пойдор бувад. Дар хадис омадааст, ки агар кудак дар дахсолаги намоз нахонад, уро адаб кунанд, яьне бизананд, то у намозхон шавад.

Хакки шашум, он ки уро ба илм машгул кунанд ва аз нанги чахолат ва залолат бирахонанд, ки растагори дар дунё ва охират илм аст. Уро хунаре хам омузанд. Харчанд моли бисёр дори, фарзандро хунар омуз, ки рузе уро ба кор ояд, зеро ки моли днпё эътимодро нашояд.

Бидон, ки фарзанд амонатест дар дасти падару модар ва он дили пок чун гавхари нафис аст ва накшпазир ва аз хамаи накшхо холист; Ва чун замин аст, то хар тухме, ки дар вай афкани, бируяд. Агар тухми хайр афкани, ба саодати дин ва дунё бирасад ва падару модару муаллим дар он савоб шарик бошанд. Агар тухми бад афкани ва уро бад-у бозгузори, хар чи хохад кунад ва бо хар ки хохад нишинад ва аз у хайру салох хохи ва хизматгори ва хакгузори тамаъ дори, гояти аблахи ва хомтамаъи бошад. Дили у мисли когази сафед аст, ки дар у хар чи нависи, кабул кунад, хох руси бошад, хох точики. Барои хамин кушиш кунед, то чизе нависед, ки дар дунёву киёмат дармонда нашавед. Чунки пайгамбари Худо (с) фармудаанд, ки нигох доред худро ва ахлу фарзандони худро аз оташи дузах.

Имоми Аъзам рахматуллоху алайхи мегуяд, ки фарзандони кофирон ва чухудон хам таваллуд шаванд, то вакти балогат дар имони фитратанд, яъне дар имони азали. Дар вакте ки арвоххои мо дар рузи мисок ахду паймон карда буданд, ба хамон имон таваллуд мешаванд, лекин онхоро падару модарашон мачуси ё насрони мекунанд ё дар дигар динхои ботила мегардонанд. Инчунин фарзандони мусалмононро дар холати хурди падару модар кадом тарафе, ки баранд, мебаранд.

Дар амри тарбияти фарзанд писар ва духтар хар ду баробаранд. Тарзи фикре, ки баъзе падару модар дар бораи фарзандон доранд, чунончи писарро аз духтар болотар медонанд, ин фикри галат ва аз ахлоки инсони дур аст. Писарро хеч гуна имтиёзе бар духтар нест, падар ё модар наметавонанд ба хотири писар дили духтарро ранчонанд.

Ислом андешаи нодурустеро, ки писаронро бар духтарон бартари медоданд, аз байн бардошт ва барои химояти духтарон ва чонибдори аз онхо ба падарон супориш додааст.

Расули Худо (с) фармуд: бехтарин фарзандони шумо духтаронанд. Писарон неъматанд аз чониби Худованд бар падару модар ва духтарон бошанд, хасана, яъне неки.

Дар рузи киёмат Худованд падару модарро аз неъмат хисобот мегирад ва аз хасана бошад, хисобот намедиханд, балки савоб мегиранд. Ба Пайгамбар (с) хабар расониданд, ки Шумо духтар ёфтед. У бисёр хурсанд шуда гуфт, духтар гуле аст, ки уро мебуям ва рузии уро Худованд медихад. Ва фармуданд он касе, ки се духтар ё се хохарро сарпарасти кунад, бихишт бар у вочиб гардад. Ислом дастур медихад, ки агар падаре хадияе барои фарзандон биёрад, аввал бояд, ки духтаронро бидихад, баъд писаронро, чунки дили духтар бисёр нозук аст ва меранчад.  Бисёр нораво ва зишт аст рафтори он падаре, ки духтарашро шаллоке бизанад ва ё мушту лагат бизанад.

Лукмони Хаким мегуяд: фарзанди нохалаф монанди марди шашангушта аст, агар бибури, дард кунад ва агар набури, айб бувад.

Мавлоно Мухиддини Хони мегуяд: рузе дар шахре ваъз мегуфтам ва дар хакки падару модар сухан мерафт. Писаре бархост ва гирён шуда гуфт: ё Мавлоно, чи мефармоед дар хакки фарзанде, ки риши падарро бигирад ва чуб бар сари падар занад.

Гуфтам: аз падар чи кор омухтааст?

Гуфт: харбони..

Гуфтам: чурми аввал аз тарафи падар аст, ки уро дар хурди ба мактаб нафиристодааст, то илму адаб ва шариатро биёмузад ва бо солихон сухбат кунад ва бо падар бехурмати накунад ва таъзими падар ба вочиби адо намояд. Аммо чун аз кудаки ба харбони одат карда бошад, чуб бар сари падар зада, гумон мекунад, ки бар сари хар мезанад.

*  *

Надони, ки сухбат асар мекунад,

Ки бехурмати бо падар мекунад.

Пас фарзандро аз торикии нодони ба рушноии илм биовар, ки илм фахрасту чахл – op.

Фарзанд то ба балогат расиданаш агар тоату ибодат кунад, хам ба ибодат кардан одат мекунад ва хам ибодати уро дар номаи аъмоли падару модараш менависанд.

Агар уро ба назди олиме барад ва у Бисмиллохир- рахмонир-рахимро ёд гирад, Худои таоло падару модар ва  устоди уро аз оташи дузах начот медихад.

Овардаанд, ки як шахси бузург аз гуристоне мегузашт, ба илми хол дид, ки шахсе ба азоби кабр гирифтор аст. Баъди чанл муддате гузараш боз ба хамин гуристон афтод, дид, ки мард аз азоб халос шуда дар рохат аст. Дар тааччуб монда аз хазрати Худованд талаб кард, ки сабаби аз азоб халос шудани мардро ба ман маълум намо. Нидое шунид, ки ин шахс дар дунё амали неке надошт, аз хамин чихат ба азоб гирифтор буд, лекин баъд аз вафоташ аз у фарзанде ба дунё омад. Модараш уро ба назди олиме бурд ва у Бисмиллохир- рахмонир-рахимро ёд гирифт Худои таоло ба баракати хондани писараш уро аз азоби кабр халос кард.

Бародарон ва хохарони мухтарам, бубинед, ки ба сабаби аз оёти Куръон хондани фарзанде, ки у аз падар ятим монда буд. Худои таоло падари уро аз азоби кабр озод кард. Агар падару модар худашон дар холати хаётияшон фарзандро куръонхон кунанд ва аз кафои вай сарфу харч кунанд, пас чи кадар ачру савоб мегиранд, худатон фикр кунед.

Дар ин мавзуъ суханхо бисёр аст, лекин барои шахси бофахм хамин хам кифоя аст.

Худовандо, хамаи моро ба суи рохи рост хидоят намуда, ба гуфтахои китоб амал карданро насибу рузи гардони. Омин.

Эй зи  хокат офарида, хокиё, хушёр шав,

Хок буди, хок гарди, дар миён хушёр шав.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …