Главная / Чамъият / Танзими махсуси фаъолияти шахрсози

Танзими махсуси фаъолияти шахрсози

Моддаи 20-и  Карори шахрсози. Танзими махсуси фаъолияти шахрсози

  1. Фаъолияти шахрсози дар холатхое тахти танзими махсус карор мегирад, агар ин фаъолият бе чори намудани коидахои махсуси истифодаи худудхо дар сохаи шахрсози имконнопазир ё мушкил бошад.
    2. Объектхои фаъолияти шахрсози, ки тахти танзими махсус (минбаъд – объектхои фаъолияти шахрсозии танзими махсус) карор мегиранд, метавонанд ахамияти умумидавлати ва махалли дошта бошанд. Мансуб донистани объектхои мазкур ба объектхои ахамияти умумидавлати ва махаллидошта мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон амали карда мешавад.
    3. Фаъолияти шахрсози дар холатхои зерин тахти танзими махсус карор мегирад, агар:
    – худуд ва махалхои ахолинишин гирифтори таъсири холатхои фавкулоддаи дорои хусусияти табии ва техногени бошанд;
    – худудхо бо моддахои кимиёви ва биологи, микроорганизмхои захрноки зичияшон беш аз хадди имконпазир, маводи радиоактивии дар хачми беш аз хадди сатхи имконпазир олуда шуда бошанд;
    – дар худудхои табиии махсус мухофизатшаванда амали карда шавад.
    4. Ба объектхои фаъолияти шахрсозии танзими махсус метавонанд инхо дохил шаванд:
    – худудхое, ки дар онхо объектхои мероси фарханги мавчуданд;
    – минтакахои истирохати;
    – худуди мамнуъгоххо;
    – худудхои рушди дурнамои инфрасохтори наклиёти, мухандиси, сархади ва гумрукие, ки дорои ахамияти чумхуриявию байнидавлати мебошанд;
    – махалхои ахолинишини речаи махсуси фаъолияти хаётидошта (шахракхои харби ва дигар худудхои речави, минтакахои озоди иктисоди, махалхои ахолинишин дар мамнуъгоххои давлати, богхои милли ва дигар худудхои табиии махсус мухофизатшаванда).
    5. Сархадхои объектхои фаъолияти шахрсозии танзими махсус метавонанд бо сархадхои вохидхои марзию маъмури мувофикат накунанд ва мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон муайян карда мешаванд.
    6. Танзими махсуси фаъолияти шахрсози дар худудхо ва махалхои ахолинишин бо рохи чори намудани коидахои махсуси истифодаи худуд амали карда мешавад, ки инхоро дар бар мегирад:
    – меъёру коидахои махсуси шахрсози;
    – тартиби махсуси тахия ва тасдики хуччатхои шахрсози;
    – додани ичозати махсус барои сохтмони объектхо.
    7. Танзими махсуси фаъолияти шахрсози дар худудхо ва дар махалхои ахолинишини гирифтори холатхои фавкулоддаи хусусияти табии ва техногенидошта бо роххои зерин амали карда мешавад:
    – тахияи тарх ва лоихахои махсуси хифзи худуд ва махалхои ахолинишин аз таъсири мазкур;
    – манъи тахия, тасдик ва амали намудани хуччатхои шахрсози бе бахисобгирии натичахои чустучухои мачмуии мухандиси.
    8. Худудхои бо моддахои кимиёви ва биологи, микроорганизмхои захрноки беш аз хадди зичии мавчуда, моддахои радиоактивии ба микдори беш аз хадди зарури олудашуда дар холатхое, ки агар зисти ахоли ва амалисозии фаъолияти хочаги ва фаъолияти дигар дар чунин худудхо ба хаёт ва саломатии инсон тахдид намояд, боиси мавкуф гузоштан ва коркарди махсус бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон мегардад. Вобаста ба дарачаи олудашави ва усулхои солимгардонии худудхои мазкур Хукумати Чумхурии Точикистон метавонад речаи махсуси истифодабарии онхоро чори ё таъиноти дигари вазифавии онхоро мукаррар намояд.
    9. Дар худуду махалхои ахолинишин, ки объектхои мероси фарханги, худудхои табиии махсус мухофизатшаванда мавчуданд, сархадхои минтакахои мухофизати мукаррар карда мешаванд, ки дар доираи онхо фаъолияти хочаги ва дигар фаъолияте, ки ба объектхои мероси фарханги, худудхои табиии махсус мухофизатшаванда таъсири бад мерасонад ё вазъи онхоро бад мекунад, мукаммал ва беосеб нигох доштани онхоро риоя намекунад, манъ карда мешаванд.
    10. Сархадхои минтакахои мухофизати объектхои мероси фарханги, худудхои табиии махсус мухофизатшаванда бо хуччатхои шахрсози мукаррар гардида, мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон тасдик карда мешаванд.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …