Главная / Чамъият / Тамгахои моли ва тамгахои хизматрасони

Тамгахои моли ва тамгахои хизматрасони

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

  Дар бораи тамгахои моли ва тамгахои хизматрасони 

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон соли 2007, №3, мод. 167; Конуни ЧТ аз 03.07.2012с., №858)

Конуни мазкур муносибатхоеро, ки вобаста  ба хифзи хукуки ва истифодабарии тамгахои моли ва тамгахои хизматрасони ба вучуд меоянд, танзим менамояд.

Боби 1. МУКАРРАРОТИ УМУМИ

traktor

Моддаи 1. Мафхумхои асоси

Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода бурда мешаванд:

– Конвенсияи Париж – Конвенсияи Париж оид ба хифзи моликияти саноати аз 20 марти соли 1883  бо    тагйиру иловахои минбаъда;

– таснифи байналмилалии молхо ва хизматрасонихо (минбаъд ТБМХ) –  гурухбандие, ки бо Созишномаи Нитса оид ба таснифи байналмилалии молхо ва хизматрасонихо чихати бакайдгирии тамгахо (аз 15 июни соли 1957 бо тагйиру иловахои минбаъда) кабул шудааст;

– дархост дар бораи бакайдгирии тамгаи моли – мачмуи хуччатхое, ки онро  аризадиханда ё намояндаи ваколатдори у пешниход  менамоянд ва  хохишро дар бораи додани хуччатхои мухофизати дар бар мегирад;

– аввалияти тамгаи моли – аввалият дар мухлатхои ба вучуд омадани хукук ба тамгаи моли;

– намояндаи патенти – шахрванди Чумхурии Точикистон, ки тибки конунгузории Чумхурии Точикистон хукуки дар назди макомоти салохиятдор намояндаги намудани шахсони вокеи ва хукукиро дорад;

-тамгаи моли ва тамгаи хизматрасони (минбаъд – тамгаи моли) – нишонахое, ки барои фардикунонии молхо, корхои ичрошаванда ё хизматрасонихои (минбаъд – молхо) шахсони вокеи ё шахси  хукуки истифода бурда мешаванд. (КЧТ аз 03.07.2012с., №858)

 

Моддаи 2. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи  тамгахои моли ва тамгахои хизматрасони

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи тамгахои моли ва тамгахои хизматрасони ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Кодекси граждании Чумхурии Точикистон, Конуни мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки  онхоро Чумхурии Точикистон   эътироф намудааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 3. Макомоти ваколатдори  давлати

Амалисозии сиёсати давлати ва вазифахои бо Конуни мазкур  пешбинишуда дар сохаи хифзи хукукии тамгахои моли ба ухдаи макомоти ваколатдори давлати (минбаъд Идораи патенти), ки аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон ваколатдор карда шудааст,   гузошта мешавад.

Идораи патенти дар холатхое, ки  Конуни мазкур пешбини намудааст, мутобики салохияти худ санадхои меъёрии хукукиро  оид ба татбики Конуни мазкур мебарорад.

Дар назди Идораи патенти Шурои шикояти амал мекунад, ки он масъалахои бо  Конуни мазкур  ба салохияташ вогузоршударо барраси менамояд. Шурои шикояти ваколатхои худро дар асоси конунгузории чори ва Низомномаи Шурои шикояти, ки онро макомоти  Идораи патенти тасдик мекунад, ба амал мебарорад.

 

Боби 2. ХИФЗИ ХУКУКИИ ТАМГАИ МОЛИ

 

Моддаи 4. Хифзи хукукии тамгаи моли

Хифзи хукукии тамгаи моли дар Чумхурии Точикистон дар асоси бакайдгирии давлатии он (минбаъд – бакайдгири) тибки тартиби мукаррарнамудаи Конуни мазкур ё дар асоси санадхои хукукии байналмилалие, ки аз чониби Точикистон эътироф гардидаанд, дода мешавад.

Хукук ба тамгаи моли бо конун хифз карда мешавад.

 

Моддаи 5. Шаходатномаи тамгаи моли

Барои тамгаи молии бакайдгирифташуда шаходатномаи тамгаи моли дода мешавад.

Шаходатнома аввалияти тамгаи моли ва хукуки истисноиро ба тамгаи моли нисбат ба молхои дар шаходатнома зикргардида тасдик менамояд.

 

Моддаи 6. Хукуки истиснои ба тамгаи моли

Сохибхукук хукук дорад тамгаи молиро истифода барад ва истифодабарии онро аз чониби шахсони дигар манъ намояд.

Ягон шахси вокеи ё хукуки хукук надорад, ки тамгаи молии дар Чумхурии  Точикистон хифзшавандаро бе ичозати сохибхукук истифода барад.

Бе ичозати   сохибхукук дар муомилоти  граждани дар Чумхурии Точикистон  истифода бурдани  тамгаи  моли (ё нишонае, ки  он то дарачаи  иштибохангез монанд аст) нисбат ба молхое, ки  барои  фардикунонии  онхо тамгаи  моли ба кайд гирифта  шудааст (ё нисбат ба  молхои  бо ин молхо якхела), хамчун  вайронкунии  хукуки  истисноии  сохибхукук (истифодаи  гайриконунии  тамгаи  моли) эътироф  карда мешавад. Тамгаи  моли ё нишонае, ки  ба он то  дарачаи  иштибохангез   монанд аст,  истифодашуда махсуб  меёбад,  аз  чумла:

– дар молхо, тамгакогазхо, борпечхои молхое, ки дар Чумхурии Точикистон истехсол мешаванд, барои фуруш пешниход мешаванд, фурухта мешаванд, дар намоишгоху ярмаркахо намоиш дода  мешаванд ё ба тарзи дигар ба муомилоти граждани ворид мегарданд ё бо хамин максадхо нигох дошта ё интикол дода шуда ва ё ба каламрави Чумхурии Точикистон ворид карда мешаванд,

– хангоми  ичрои корхо, расонидани хизматхо;

– дар хуччатхои марбут ба баровардани молхо ба муомилоти граждани;

– хангоми пешниходи молхо ба фуруш;

– дар шабакаи Интернет, хусусан дар номи доменхо ё шаклхои дигари нишони додан истифода бурда шавад.

Молхо, тамгакогазхо, борпечхои молхое, ки дар онхо тамгаи моли ё нишонае, ки ба он то дарачаи иштибохангез монанд аст, гайриконуни истифода бурда мешаванд,  молхои  калбаки хисоб меёбанд.

 

Боби 3. КОБИЛИЯТИ ХифзПАЗИРИи Тамгаи моли

 

Моддаи 7. Намудхои тамгахои моли

Ба сифати тамгахои моли нишонахои вожави, тасвири, хачмдор ва дигар нишонахо ё  омехтаи (комбинатсияи) ин намуди нишонахо  метавонанд ба кайд гирифта шаванд.

Тамгаи молиро дар хар гуна ранг ё омезиши рангхо ба кайд гирифтан мумкин аст.

 

Моддаи 8. Асосхои мутлак барои рад кардани бакайдгири

Ба сифати тамгаи моли нишонахое ба кайд гирифта намешаванд, ки кобилияти  фарккунони  надоранд ва ё танхо аз унсурхое иборатанд, ки онхо:

– барои  ишораи молхои намуди муайян мавриди истифодаи оммави карор доранд;

– рамзхо ё истилохоти маъмул мебошанд;

– молхоро тавсиф медиханд, аз чумла, ба намуд, сифат, микдор, хосият, таъинот, арзишноки ва инчунин вакт, чой, тарзи истехсол ё фуруши онхо ишора мекунанд;

– хамон шакли молро доранд, ки танхо ё асосан бо хусусият ё таъиноти мол муайян карда мешаванд.

Унсурхое, ки  дар сархатхои якум-чоруми кисми якуми хамин модда  зикр ёфтаанд, метавонанд чун унсурхои хифзнашаванда ба тамгаи моли ворид карда шаванд, ба шарте, ки дар он мавкеи назаррасро ишгол накунанд.

Мукаррароти бо кисмхои якум ва дуюми  моддаи  мазкур пешбинишуда нисбат ба нишонахое, ки дар натичаи истифодабариашон кобилияти  фарккунониро  сохиб гардидаанд,  татбик карда намешаванд.

Мувофики санадхои хукукии байналмилалии эътирофнамудаи Точикистон ба сифати тамгаи моли ба кайд гирифтани нишонахое, ки танхо аз унсурхои зерин иборатанд ё ба онхо то дарачаи иштибохангез шабохат доранд, манъ карда шудааст: номхои расмии давлатхо, рамзхои давлати, парчамхо ва аломатхои дигари давлати, номхои ихтисоршуда ё пурраи созмонхои байналмилалии байнихукумати, нишонхо, парчамхо ва аломатхои дигари онхо, тамгахои расмии назорати, замонати ва тамгахои махак, мухрхо, нишонхо ва аломатхои дигари фарккунанда ё аломатхое,ки  то дарачаи омехташави ба онхо монанд мебошанд. Унсурхои номбаршуда метавонанд хамчун унсурхои хифзнашаванда ба тамгаи моли ворид карда шаванд, агар ба ин ичозати макоми салохиятдор мавчуд бошад.

Ба сифати тамгаи моли ба кайд гирифтани аломатхое манъ карда мешавад, ки онхо ё унсурхои онхо:

– бардуруг мебошанд ё метавонанд истеъмолкунандаро оид ба мол ё истехсолкунандаи он ба иштибох андозанд;

– хилофи манфиатхои чамъияти ё принсипхои инсондусти ва ахлоки мебошанд.

Мувофики санадхои хукукии  байналмилалии эътирофнамудаи Точикистон ба сифати тамгаи моли ба кайд гирифтани нишонахое манъ карда мешавад, ки онхо ё унсурхои онхо дар яке аз давлатхои аъзои санади зикргардидаи байналмилали ба сифати нишонае хифз карда мешаванд, ки  май ё нушокихои спиртдорро чун моли дар каламрави хамон давлат (дар худудхои объекти чугрофии хамон давлат) истехсолшаванда мушаххас мегардонад ва сифати махсус, обру ва хусусиятхои дигари  ин молхо голибан  бо махали  баромади онхо  муайян карда мешавад, агар тамгаи моли барои ишора намудани  май ва нушокихои  спиртдоре пешбини шуда бошад, ки дар каламрави хамон объекти чугрофи бароварда намешаванд.

 

Моддаи 9. Асосхои дигар барои рад кардани бакайдгири

Ба сифати тамгаи моли нишонахое ба кайд гирифта намешаванд, ки ба нишонахои зерин айнан ё то дарачаи иштибохангез шабохат доранд:

– тамгахои молии шахсони дигар, ки барои бакайдгири нисбат ба молхои якхела арз шудаанд (агар дархостхои дахлдор бозхонд нашуда бошанд) ё дар Точикистон хифз карда мешаванд ва аввалияти пештар доранд (аз чумла мутобики санади байналмилалии эътирофнамудаи Чумхурии Точикистон);

– тамгахои молии шахсони дигар, ки тибки тартиби бо  Конуни мазкур мукарраршуда нисбат ба молхои якхела хамчун тамгахои молии маъруфи Чумхурии Точикистон эътироф шудаанд.

Ба сифати тамгаи моли нисбат ба молхои якхела ба кайд гирифтани нишонахое, ки ба тамгаи молии дар сархатхои якум ва дуюми кисми якуми  моддаи мазкур ишорашуда то дарачаи иштибохангез шабохат доранд, танхо бо ризоияти сохибхукук сурат гирифта метавонад.

Ба сифати тамгаи моли нисбат ба хама гуна молхо ба кайд гирифтани нишонае, ки айнан ё то дарачаи иштибохангез ба номи дар Чумхурии Точикистон хифзшавандаи махали баромади мол монанд мебошад, номумкин аст, ба истиснои холате, ки чунин нишона хамчун унсури хифзнашаванда ба тамгаи молие ворид гардида бошад, ки он ба номи шахси дорои хукуки истифодаи номи махали баромади мол ба кайд гирифта мешавад.

Ба сифати тамгахои моли аломатхое ба кайд гирифта намешаванд, ки айнан объектхои зерин мебошанд:

– номи фирмавии дар Чумхурии Точикистон нисбат ба молхои якхела хифзшаванда (ё кисми номи фирмави) ва намунаи саноатие, ки хукуки шахсони дигар дар Чумхурии Точикистон ба онхо то санаи аввалияти тамгаи молии бакайдгирифташаванда ба вучуд омадааст;

– номи асари дар Чумхурии Точикистон маъруфи илми, адаби ё санъат, персонаж ё иктибос аз чунин асар ва ё кисмате аз чунин асар бе ичозати сохиби хукуки муаллиф ё вориси у, агар хукук ба чунин асар то санаи аввалияти тамгаи молии бакайдгирифташаванда ба вучуд омада бошад ва он то санаи пешниходи ариза маъруф гашта бошад;

– ном, номи падар, тахаллус ё нишонаи аз онхо хосилшуда, портрет ё факсимилеи шахси маъруф, ки  то санаи пешниходи дархост маъруф гаштааст, бе ичозати ин шахс ё вориси у.

 

Боби 4. АВВАЛИЯТИ ТАМГАИ МОЛИ

 

Моддаи 10. Аввалияти тамгаи моли

Аввалияти тамгаи моли аз руи санаи пешниходи дархост ба Идораи патенти мукаррар карда мешавад.

Аввалияти тамгаи молиро аз руи санаи пешниход шудани дархост якум дар давлати иштирокчии Конвенсияи Париж мукаррар кардан мумкин аст (аввалияти конвенсиони), агар дархост ба Идораи патенти дар давоми шаш мохи баъд аз санаи зикргардида ворид шуда бошад.

Аввалияти тамгаи молиеро, ки дар нигорахои (экспонатхои) ба маърази намоиш гузошташудаи намоишгоххои расми ё расман эътирофгардидаи байналмилали, ки дар каламрави яке аз давлатхои иштирокчии Конвенсияи Париж ташкил гардидаанд, истифода шудааст, аз руи санаи огози намоиши кушоди ин экспонат дар намоишгох мукаррар кардан мумкин аст (аввалияти намоишгохи), агар пешниходи дархост дар давоми шаш мохи пас аз санаи зикргардида сурат гирифта бошад.

Аризадихандае, ки хохиши истифода намудани хукуки аввалияти конвенсиони ё аввалияти намоишгохиро дорад, бояд тавассути пешниходи дархост ва ё дар давоми ду мохи баъд аз санаи пешниходи дархост  хуччатхои тасдиккунандаи чунин хукукро ба дархост замима намояд ва ё ин хуччатхоро на дертар аз се мохи баъд аз санаи ба Идораи патенти ворид гардидани дархост пешниход кунад.

Аввалияти тамгаи моли аз руи дархосте, ки аризадиханда тибки кисми нухуми моддаи 12  Конуни мазкур дар асоси дархости дигари аризадиханда ба худи хамон нишона (минбаъд – дархости ибтидои) пешниход намудааст (минбаъд – дархости чудокардашуда), аз руи санаи пешниходи дархости ибтидои ба Идораи патенти ва дар сурати аз руи дархости  ибтидои мавчуд будани хукуки мукаррар намудани аввалияти пештар – аз руи санаи хамин аввалият мукаррар карда мешавад, ба шарте, ки то санаи пешниходи дархости чудокардашуда дархости ибтидои бозхонд нашуда бошад ё бозхондашуда махсуб нагардад ва пешниходи дархости чудокардашуда то кабули карор оид ба дархости ибтидои сурат гирифта бошад.

Агар ба тамгахои молии айнан монанд аз чониби аризадихандагони гуногун дархостхое пешниход шуда бошанд, ки хамон як санаи аввалиятро доранд ва бакайдгирии тамгаи молиро нисбат ба номгуи пурра ё кисман якхелаи молхо дархост намоянд, он гох дар асоси созишномаи байни аризадихандагон бакайдгирии тамгаи молиро нисбат ба молхои якхелаи хар номгуй ба унвони яке аз аризадихандагон анчом додан мумкин аст.

Агар ба тамгахои молии айнан монанд, ки хамон як санаи аввалиятро доранд, нисбат ба номгуи пурра ё кисман якхелаи молхо аз чониби хамон як аризадиханда дархостхо пешниход шуда бошанд, бакайдгирии тамгаи молиро нисбат ба ин гуна молхо аз руи яке аз дархостхои интихобнамудаи аризадиханда анчом додан мумкин аст.

Дар давоми шаш мохи пас аз санаи гирифтани огохинома аризадихандагон (аризадиханда) бояд оид ба созиши дар байни онхо бадастомада (интихоби худ) дар мавриди он, ки бакайдгирии тамгаи моли аз руи кадом ариза дархост мешавад, хабар диханд.

Агар дар мухлати мукарраршуда ба Идораи патенти хабари зикргардида ё дархост оид ба дароз кардани мухлати мукарраршуда ворид нагардад, дархостхо бозхондашуда махсуб меёбанд.

Аввалияти тамгаи моли аз руи санаи бакайдгирии байналмилалии тамгаи моли тибки санадхои хукукии байналмилалии эътирофнамудаи  Точикистон мукаррар шуда метавонад.

 

Боби 5. БАКАЙДГИРИИ ТАМГАИ МОЛИ

 

Моддаи 11. Дархост дар бораи бакайдгирии тамгаи моли

Дархост дар бораи бакайдгирии тамгаи моли (минбаъд – дархост) ба Идораи патенти аз чониби шахси   хукуки ё  шахси вокеи (минбаъд-аризадиханда), пешниход карда мешавад. (КЧТ аз 03.07.2012с., №858)

Бурдани кор бо Идораи патенти метавонад аз чониби худи аризадиханда, сохибхукук, шахси дигари манфиатдор мустакилона  ё ба воситаи намояндаи патентии аз тарафи Идораи патенти  ба кайд гирифташуда амали гардад .

Шахсони вокеие, ки ба таври доими берун аз каламрави Чумхурии Точикистон истикомат мекунанд ва шахсони хукукии хоричи ё намояндагони онхо фаъолияташонро бо Идораи патенти ба воситаи намояндагони бо боваринома  ваколатдоршудаи патенти, ки хукуки ба амал баровардани фаъолияти намояндаи патентиро тибки конунгузории Чумхурии Точикистон сохиб шудаанд, пеш мебаранд.

Дархост барои як тамгаи моли пешниход карда мешавад.

Дархост бояд инхоро дар бар гирад:

– арзнома дар бораи бакайдгирии нишона ба сифати тамгаи моли бо нишон додани номи аризадиханда ва инчунин нишонии макони чойгиршави ё   зисти у;

– нишонаи арзшаванда;

– номгуи молхое, ки тибки ТБМХ гурухбанди шудаанд ва бакайдгирии тамгаи моли нисбат ба онхо дархост мешавад;

– шарху тавсифи нишонаи арзшаванда.

Дархост ба забони давлати ё забони руси пешниход карда мешавад.

Дархостро аризадиханда имзо мекунад ва дар сурати ба воситаи намояндаи патенти пешниход шудани он – аризадиханда ё намояндаи патенти имзо менамоянд.

Ба дархост бояд хуччатхои зерин илова карда шаванд:

– хуччате, ки бо андозаи мукарраргардида ворид  шудани пардохти хатмиро  барои пешниходи дархост тасдик мекунад;

– оинномаи тамгаи коллективи, агар дархост барои бакайдгирии тамгаи молии коллективи пешниход шавад;

– хуччате, ки хукуку салохияти намояндаи патентиро тасдик мекунад, агар дархост ба воситаи  намояндаи патенти дода шавад.

Хуччатхои ба дархост замимашаванда бо забони давлати ё забони дигар пешниход мегарданд. Агар ин хуччатхо бо забони дигар пешниход шуда бошанд, ба дархост тарчумаи онхо ба забони давлати замима карда мешавад. Тарчумаро ба забони давлати на дертар аз ду мохи пас аз санаи ба аризадиханда фиристодани огохиномаи Идораи патенти оид ба зарурати ичрои ин шарт пешниход намудан мумкин аст.

Ба сифати санаи пешниходи дархост санаи ба Идораи патенти ворид гардидани хуччатхои дар сархатхои  якум–сеюми кисми панчуми  моддаи мазкур пешбинишуда ва агар ин хуччатхо дар як руз ворид нагардида бошанд, санаи ворид шудани хуччати охирин  кабул карда мешавад.

Баъди  ба Идораи патенти пешниход шудани дархост хар шахс хукук дорад бо хуччатхои дархост, ки ба таркиби дархост то санаи пешниходи он дохил гардидаанд, шинос шавад. Тартиби шиносшавиро бо хуччатхои дархост Идораи патенти мукаррар менамояд.

Талабот ба хуччатхои дархост аз чониби Идораи патенти мукаррар карда мешавад.

 

Моддаи 12. Экспертизаи  дархост ба тамгаи моли.

Экспертизаи дархост аз чониби Идораи патенти гузаронида шуда, экспертизаи расми ва экспертизаи  нишонаи арзшударо дар бар мегирад.

Дар рафти гузаронидани экспертизаи дархост то аз руи он кабул гардидани карор аризадиханда хукук дорад ба хуччатхои дархост иловахо, тасхехот ва ислохот ворид намояд.

Агар маводи иловашаванда номгуи молхоеро дар бар гирад, ки дар дархост то санаи пешниходи он зикр нашуда буданд ё агар нишонаи арзшуда мохиятан тагйир дода шавад, ин гуна маводи иловаги барраси карда намешавад ва бояд ба сифати дархости мустакил ба расмият дароварда шавад.

Тагйир ёфтани аризадиханда дар сурати гузашт намудани хукук ба дархост ё дар натичаи тагйир додани номи аризадиханда, инчунин ислох намудани хатохои намоёну техникиро дар хуччатхои дархост то санаи бакайдгирии тамгаи моли анчом додан мумкин аст.

Дар рафти гузаронидани экспертиза Идораи патенти хукук дорад аз аризадиханда маводи иловагиеро, ки бе онхо гузаронидани экспертиза имконнопазир аст, дархост намояд.

Нисбат ба хуччатхои иловаги, агар онхо номгуи молхоеро дар бар гиранд, ки дар дархост то санаи пешниходи он зикр нагардидаанд ё нишонаи арзшударо мохиятан тагйир диханд, тартиби бо кисми сеюми хамин модда мукарраргардида татбик карда мешавад.

Маводи иловагии марбут ба талаботи экспертиза  бояд дар давоми ду мохи пас аз санаи гирифтани ин дархост ё гирифтани нусхахои маводи дар талаботи экспертиза зикргардида пешниход шавад, агар ин нусхахоро аризадиханда дар давоми як мохи пас аз санаи гирифтани талаботи экспертиза талаб карда бошад. Агар аризадиханда маводи иловагии дархостшударо дар мухлати зикргардида пешниход накунад ё оид ба дароз кардани мухлати мукарраргардида дархост надихад, дархост бозхондашуда дониста мешавад. Бо дархости аризадиханда Идораи патенти метавонад мухлати мукарраршудаи пешниходи чавобро ба талаботи экспертиза  ба муддати на зиёдтар аз шаш мох дароз кунад. Дар сурати тасдик гардидани сабабхои узрноки риоя нагардидани мухлати мукарраршуда Идораи патенти метавонад онро ба муддати бештар аз шаш мох дароз кунад.

Бо хохиши аризадиханда дархостро дар мархилаи дилхохи баррасии он, вале на дертар аз санаи бакайдгирии тамгаи моли бозхонд намудан мумкин аст.

Дар рафти гузаронидани экспертизаи  дархост то аз руи он кабул гардидани карор аризадиханда хукук дорад барои бакайдгирии худи хамон нишона дархости чудокардашудаеро пешниход намояд, ки он молхои ба руйхати  дархости ибтидоии дар санаи пешниходи он ба Идораи патенти воридшуда, вале бо онхо якхела набударо дар бар мегирад.

 

Моддаи 13. Экспертизаи  расми

Экспертизаи расмии дархост дар муддати як мохи пас аз санаи пешниходи он ба Идораи патенти гузаронида мешавад.

Дар рафти гузаронидани экспертизаи  расми мавчуд будани хуччатхои зарурии дархост ва мувофикати онхо ба талаботи мукарраргардида санчида  мешавад. Аз руи натичахои экспертизаи расмии дархост карор дар бораи барраси шудан ё нашудани он бароварда мешавад ва аризадиханда оид ба карори кабулгардида хабардор карда мешавад.

Хамзамон бо хабарнома оид ба натичаи мусбати экспертизаи  расми, инчунин дар бораи санаи пешниходи дархост, ки тибки кисми дахуми моддаи 11  Конуни мазкур мукаррар гардидааст, ба аризадиханда маълумот дода мешавад.

 

Моддаи 14. Экспертизаи нишонаи арзшуда

Экспертизаи нишонаи арзшуда пас аз анчом ёфтани экспертизаи расми гузаронида мешавад.

Дар рафти экспертиза  мувофикати нишонаи арзшуда ба талаботе, ки дар моддаи 8, кисмхои  якум  ва сеюми моддаи 9 Конуни мазкур зикр гардидаанд, экспертиза шуда, аввалияти тамгаи моли мукаррар карда мешавад.

Аз руи натичахои экспертиза карор дар бораи бакайдгирии тамгаи моли ё рад гардидани бакайдгирии он кабул карда мешавад.

Нусхахои маводеро, ки ба нишонаи арзшуда мукобил гузошта шудаанд, аризадиханда метавонад дар давоми як мохи пас аз санаи гирифтани карор оид ба ариза талаб кунад.

Карори экспертиза  дар бораи бакайдгирии тамгаи моли бо сабаби ворид гардидани дархосте, ки тибки моддаи 10 Конуни мазкур, аввалияти пештарро дорад, ё бинобар ба кайд гирифта шудани номи махали баромади мол метавонад аз нав барраси карда шавад.

Дар сурати бо карори  экспертиза рози набудани аризадиханда у хукук дорад дар давоми ду мохи пас аз санаи гирифтани карор ба Идораи патенти оид ба гузаронидани экспертизаи такрори дархости асоснок пешниход намояд.

Экспертизаи  такрори дар муддати ду мохи пас аз санаи ба Идораи патенти ворид гардидани дархостномаи аризадиханда гузаронида мешавад.

 

Моддаи 15. Шикоят нисбати карор оид ба ариза ва баркароркунии мухлатхои гузаронидашуда

Аризадиханда дар давоми се мохи пас аз санаи гирифтани карори дахлдор ё нусхахои маводи ба дархост мукобил гузошташуда, агар аризадиханда фиристодани ин маводро дар давоми як мохи пас аз гирифтани карори дахлдор дархост карда бошад, метавонад ба Шурои шикояти эътирознома пешниход намояд. Аз чумла, дар сурати рози набудан бо:

– карори экспертизаи  расми оид ба рад гардидани кабули дархост барои барраси;

– карори аз руи натичаи экспертизаи  нишона кабулгардида;

– карор оид ба бозхондашуда эътироф гардидани дархост.

Мухлатхои бо кисми  хафтуми  моддаи 12  Конуни мазкур ва кисми якуми моддаи мазкур пешбинишуда, ки аризадиханда онхоро гузаронидааст, метавонанд аз чониби Идораи патенти тибки дархостномаи аризадиханда, ки на дертар аз ду мохи пас аз анчоми ин мухлат пешниход гардидааст, дар сурати тасдик гардидани сабабхои узрнок ва супурдани пардохти хатмии дахлдор баркарор карда шаванд.

Чунин дархост ба Идораи патенти хамзамон бо маводи иловагии аз чониби экспертиза  талабшуда ё бо дархостнома оид ба дароз кардани мухлати пешниходи ин мавод ва ё хамзамон бо пешниходи эътирознома ба Шурои шикояти пешниход карда мешавад.

 

Моддаи 16. Бакайдгирии тамгаи моли

Дар асоси карор оид ба бакайдгирии тамгаи моли Идораи патенти дар давоми як мохи пас аз санаи гирифтани хуччат оид ба ворид гардидани пардохти хатмии  мукарраршуда бакайдгирии тамгаи молиро дар Фехристи давлатии  тамгахои  молии Чумхурии Точикистон (минбаъд Фехрист)  анчом медихад. Ба Фехрист тамгаи моли, маълумот оид ба сохибхукуки он, санаи аввалияти тамгаи моли, санаи бакайдгирии он, номгуи молхо ва хизматрасонихое, ки нисбат  ба онхо тамгаи моли ба кайд гирифта шудааст, дигар маълумоти марбут ба бакайдгирии тамгаи моли ва инчунин тагйироти минбаъдаи ин маълумот дохил карда мешавад.

Дар сурати бо тартиби мукарраргардида пешниход накардани хуччате, ки ворид шудани пардохти хатмиро  барои бакайдгирии тамгаи моли ва додани шаходатнома тасдик менамояд, бакайдгирии тамгаи моли ба амал бароварда намешавад ва дархости дахлдор бозхондашуда дониста мешавад.

 

Моддаи 17. Додани шаходатномаи тамгаи моли

Додани шаходатномаи тамгаи моли аз чониби Идораи патенти дар давоми як мохи пас аз санаи бакайдгирии тамгаи моли  дар Фехрист сурат мегирад.

Шакли шаходатнома ва таркиби маълумотеро, ки ба он ворид мегардад, Идораи патенти мукаррар менамояд.

 

Моддаи 18. Мухлати эътибори бакайдгири

Бакайдгирии тамгаи моли дар давоми дах соли пас аз санаи пешниходи дархост ба Идораи патенти эътибор дорад.

Мухлати эътибори бакайдгириро тибки аризаи сохибхукук, ки дар давоми соли охирини эътибори бакайдгири пешниход гардидааст, хар дафъа ба муддати дах сол дароз кардан мумкин аст.

Агар пардохти иловагии хатми супурда шавад, аз руи дархости сохибхукук ба у барои дароз кардани мухлати амали бакайдгирии тамгаи моли мухлати шашмохаи пас аз анчоми мухлати амали бакайдгириро додан мумкин аст.

Маълумот дар бораи дароз шудани мухлати амали бакайдгирии тамгаи молиро Идораи патенти ба Фехрист ва шаходатномаи тамгаи моли ворид менамояд.

 

Моддаи 19. Ворид намудани тагйирот ба бакайдгири

Сохибхукук Идораи патентиро дар бораи тагйир ёфтани ном, номи падар ва фамилия дар бораи ихтисор кардани номгуи молхое, ки тамгаи моли нисбат ба онхо ба кайд гирифта шудааст, оид ба тагйир ёфтани унсурхои алохидаи тамгаи моли, ки мохияти онро тагйир намедиханд ва инчунин оид ба тагйироти дигари марбут ба бакайдгирии тамгаи моли огох менамояд.

Агар масъалаи додани хифзи хукуки ба тамгаи моли тибки асосхо ва тартиби бо моддаи 33  Конуни мазкур мукарраргардида мавриди бахс карор гирифта бошад, бо аризаи сохибхукук аз бакайдгирии тамгаи моли, ки нисбат ба якчанд мол эътибор дорад, бакайдгирии алохидаи ин тамгаи молиро барои як намуди мол ё кисми молхое, ки бо молхои дар бакайдгирии ибтидои бокимонда якхела нестанд, чудо кардан мумкин аст. Аризаи зикргардида бояд аз чониби сохибхукук то кабули карор аз руи натичахои бахс оид ба бакайдгирии тамгаи моли пешниход карда шавад.

Тагйироти марбут ба бакайдгирии тамгаи моли ба Фехрист ва шаходатномаи тамгаи моли дар сурати ворид гардидани  пардохти хатмии  дахлдор дохил карда мешавад.

Идораи патенти бо максади ислох намудани хатохои бебахсу техники метавонад ба Фехрист ва шаходатномаи тамгаи моли тасхехоти дахлдорро ворид намояд.

 

Моддаи 20 . Интишори маълумот дар бораи бакайдгири

Маълумот дар бораи бакайдгирии тамгаи молие, ки ба Фехрист мувофики моддаи 16  Конуни мазкур ворид карда шудааст, аз чониби Идораи патенти бе таъхир пас аз дар Фехрист кайд гардидани тамгаи моли ё баъди  ба Фехрист ворид гардидани тагйироти марбути бакайдгири дар хабарномаи расми интишор карда мешавад.

 

Моддаи 21. Бакайдгирии тамгаи моли дар мамлакатхои хоричи

Шахсони вокеи ё хукукии Чумхурии Точикистон хукук доранд тамгаи молиро дар мамлакатхои хоричи ба кайд гиранд ё бакайдгирии байналмилалии онро анчом диханд.

Дархост барои бакайдгирии байналмилалии тамгаи моли тавассути Идораи патенти пешниход карда мешавад.

 

Моддаи  22. Шартхои бакайдгирии такрори

Тамгаи моли, тамгаи ба он айнан ё то дарачаи иштибохангез  монандро, ки мухлати эътиборашон гузаштааст  ва оид ба дароз кардани мухлаташон тибки кисми  дуюми моддаи 18  Конуни мазкур дархостнома пешниход нашудааст, дар давоми се соли пас аз катъ гардидани эътибори бакайдгири ба номи шахси дигар, гайр аз сохибхукуки кабли ё вориси хукукии у, дубора ба кайд гирифтан номумкин аст.

Ин коида дар мавриде низ татбик мегардад, ки сохибхукук кабл аз  гузаштани мухлати эътибори бакайдгири аз тамгаи моли даст кашида бошад.

 

Боби 6. ТАМГАИ МОЛИИ МАЪРУФ ВА ХИФЗИ ХУКУКИИ ОН

 

Моддаи 23. Тамгаи молии маъруф

Аз руи аризаи шахси вокеи ё хукуки ба сифати тамгаи молии маъруф тамгаи молие, ки дар асоси бакайдгирии он дар Чумхурии Точикистон хифз карда мешавад, тамгаи молие, ки бе бакайдгири, тибки санади хукукии байналмилалии эътирофнамудаи Чумхурии Точикистон хифз карда мешавад, инчунин нишонае, ки хамчун тамгаи моли истифода мешавад, вале хифзи хукуки надорад, эътироф шуда метавонад, агар ин гуна тамгахои моли ё нишона дар натичаи истифодабарии муттасил то санаи дар ариза зикршуда дар Чумхурии Точикистон, дар байни истеъмолкунандагони муайян нисбат ба молхои аризадиханда маъруф шуда бошанд.

Тамгаи моли ё нишона хамчун тамгаи молии маъруф эътироф шуда наметавонанд, агар онхо пас аз санаи аввалияти тамгаи молии шахси дигар, ки айнан ё то дарачаи иштибохангез ба онхо монанд аст ва барои истифодабари барои молхои якхела пешбини шудааст, маъруф гардида бошанд.

Ба тамгаи молии маъруф хифзи хукукие дода мешавад, ки бо Конуни мазкур пешбини шудааст.

Дар сурати тамгаи молии маъруф эътироф гардидани тамгаи молии каблан бакайдгирифташуда хифзи хукукии чунин тамгаи молии маъруф, инчунин ба молхои тавофутдошта бо молхое, ки нисбат ба онхо тамгаи моли чун тамгаи маъруф эътироф гардидааст, пахн мешавад, агар истифода шудани ин тамгаи моли аз чониби шахси дигар нисбат ба молхои зикргардида дар шуури истеъмолкунандагон тасаввуроти алокамандиро бо сохибхукук ба вучуд оварад ва манфиатхои конунии сохибхукукро халалдор карда тавонад.

 

Моддаи 24. Додани хифзи хукуки ба тамгаи молии маъруф

Хифзи хукуки ба тамгаи молии маъруф дар асоси карори Шурои шикояти, ки аз руи аризаи тибки кисми якуми моддаи 23  Конуни мазкур пешниходшуда кабул гардидааст, дода мешавад.

Тамгаи молие, ки тамгаи маъруф эътироф гардидааст, аз чониби Идораи патенти ба Номгуи тамгахои молии маъруфи Чумхурии Точикистон (минбаъд – Номгуй) дар муддати як мохи пас аз санаи гирифтани хуччате, ки ворид шудани  пардохти хатмии мукарраршуда ва пардохти коргузориро тасдик менамояд, дохил карда мешавад.

Додани шаходатномаи тамгаи молии маъруф аз чониби Идораи патенти дар муддати як мохи пас аз санаи ворид гардидани тамгаи моли ба Номгуй ба амал бароварда мешавад. Шакли шаходатнома ва таркиби маълумоти дар он дарчшавандаро Идораи патенти мукаррар менамояд.

Маълумоти марбут ба тамгаи молии маъруфро Идораи патенти дар хабарномаи расми пас аз ба Номгуй ворид гардидани он бе таъхир нашр мекунад.

Хифзи хукукии тамгаи молии маъруф бемухлат эътибор дорад.

 

Боби 7. ТАМГАИ МОЛИИ  КОЛЛЕКТИВИ

 

Моддаи 25. Хукук ба тамгаи молии коллективи

Мутобики санади хукукии байналмилалии эътирофнамудаи Чумхурии Точикистон иттиходияи шахсон, ки таъсис ва фаъолияти он бо конунунгузории давлате, ки дар он чо ин иттиходия таъсис дода шудааст, ихтилоф надорад, хукук дорад дар Чумхурии Точикистон тамгаи молии коллективиро ба кайд гирад. Тамгаи  молии коллективи тамгаи молиест, ки аз чониби шахсони ба иттиходия дохилшаванда барои ишора намудани молхои истехсолнамуда ё ба фуруш баровардаашон, ки дорои сифати ягона ё дигар хусусиятхои умуми мебошанд, истифода бурда мешавад

Тамгаи молии  коллективи ва хукуки  истифодаи онро ба шахсони дигар додан мумкин нест. (

 

Моддаи 26. Бакайдгирии тамгаи молии  коллективи

Ба дархост дар бораи бакайдгирии тамгаи молии коллективи оинномаи тамгаи  молии коллективи замима карда мешавад, ки он бояд маълумоти зеринро дар бар гирад: номи иттиходияе, ки ваколати ба номи худ ба кайд гирифтани тамгаи  молии коллективиро дорад, номгуи шахсоне, ки хукуки истифодаи ин тамгаро доранд, максади бакайдгирии тамгаи молии  коллективи, номгуи молхо ва нишондихандахои умумии сифати ва хусусиятхои дигари умумии молхое, ки бо тамгаи молии коллективи ишора карда мешаванд, шартхои истифодаи тамга ва тартиби назорат намудани истифодаи он, масъулият барои вайрон намудани оинномаи тамгаи  молии коллективи.

Ба Фехрист ва шаходатномаи тамгаи молии коллективи, илова ба маълумоти бо моддаи 16  Конуни мазкур пешбинишуда, маълумот дар бораи шахсоне, ки хукуки истифодаи тамгаи  молии коллективиро доранд, ворид карда мешавад. Ин маълумот ва инчунин иктибос аз оинномаи тамгаи молии коллективи оид ба нишондихандахои умумии сифати ва хусусиятхои дигари умумии молхое, ки бо тамгаи молии коллективи ишора карда мешаванд, аз чониби Идораи патенти дар хабарномаи расми интишор мешаванд.

Дар сурати истифода бурдани тамгаи  молии коллективи дар молхое, ки нишондихандахои умумии сифати ва хусусиятхои дигари умумиро надоранд, хифзи хукукии тамгаи  молии коллективи метавонад дар асоси халномаи  суд, ки аз руи аризаи хар як шахси манфиатдор кабул шудааст, пурра ё кисман катъ карда шавад.

Тамгаи  молии коллективи ё дархост оид ба бакайдгирии он метавонанд мувофикан ба тамгаи молии колективи ё дархост барои бакайдгирии он табдил дода шаванд, хамчунин табдили баръакс низ мумкин аст. Тартиби ин гуна табдилдихиро Идораи патенти мукаррар менамояд.

 

Боби 8. ИСТИФОДАБАРИИ ТАМГАИ МОЛИ

 

Моддаи 27. Истифодабарии тамгаи моли ва окибатхои истифода набурдани он

Ба кор бурдани тамгаи моли аз чониби сохибхукук ва ё шахсе, ки чунин хукукро дар асоси шартнома тибки моддаи 31  Конуни мазкур дорад, дар молхо ва ё борпечхои молхое, ки нисбат ба онхо тамгаи моли ба кайд гирифта шудааст, истифодабарии тамгаи моли хисобида мешавад.

Дар сурати мавчуд будани сабабхои узрноки истифода набурдани тамгаи моли дар молхо ва ё борпечхои онхо ба кор бурдани тамгаи моли дар реклама, нашрияхои чопи, бланкхои расми, дар лавхахо, хангоми намоиши экспонатхо дар намоишгоххо ва ярмаркахои дар Чумхурии Точикистон гузаронидашаванда хамчун истифодаи тамгаи моли эътироф шуда метавонад.

Шахсони вокеи ё хукуки, ки фаъолияти миёнарави мебаранд, дар асоси шартнома метавонанд якчоя бо тамгаи молии истехсолкунандаи мол ё бар ивази он тамгаи молии худро истифода баранд.

Хифзи хукукии тамгаи моли нисбат ба хамаи ё кисми молхо бо далели он, ки тамгаи моли дар давоми се соли дилхохи муттасили пас аз бакайдгири истифода нагардидааст, метавонад пеш аз мухлат катъ карда шавад. Ариза дар бораи пеш аз мухлат, бинобар истифода нашудани тамгаи моли катъ намудани хифзи хукукии тамгаи моли метавонад аз чониби хар як шахс ба Шурои шикояти  пас аз гузаштани се соли зикргардида пешниход карда шавад, ба шарте ки ин тамгаи моли то пешниходи чунин ариза истифода нашуда бошад.

Далелхо барои исботи истифода шудани тамгаи моли аз тарафи сохибхукук пешниход карда мешаванд.

Истифодабарии тамгаи моли бо тагйироти чузъие, ки тамгаи молиро мохиятан тагйир намедиханд, низ истифодабарии тамгаи моли эътироф карда мешавад.

Хангоми халли масъалаи пеш аз мухлат катъ намудани хифзи хукукии тамгаи моли бинобар истифода набурдани он далелхои сохибхукук барои исботи он, ки тамгаи моли бо сабабхои новобаста ба у истифода нашудааст, метавонанд ба инобат гирифта шаванд.

 

Моддаи 28. Ба охир расидани хукукхое, ки дар бакайдгирии тамгаи моли асос ёфтаанд

Бакайдгирии тамгаи моли хукук намедихад, ки сохибхукук истифодаи ин тамгаи молиро аз чониби шахсони дигар нисбат ба молхое, ки ба муомилоти граждани дар Чумхурии Точикистон бевосита аз чониби худи сохибхукук ё бо розигии у ворид гардидаанд, манъ намояд.

 

Моддаи 29. Аломати огохкунанда

Сохибхукук аз пахлуи тамгаи моли аломати огохкунандаро дар шакли харфи лотинии “К” ё К дар дохили давра (®) ва ё ифодаи вожавиеро, ки ба тамгаи моли будани нишонаи истифодашаванда ва ба кайд гирифта шудани он дар Чумхурии Точикистон ишора мекунад, истифода бурда метавонад.

 

Боби 9. ИХТИЁРДОРИ КАРДАНИ

ХУКУКИ ИСТИСНОИ БА ТАМГАИ МОЛИ

 

Моддаи 30. Вогузоркунии хукуки истиснои ба тамгаи моли (гузашт кардани тамгаи моли)

Хукуки истиснои ба тамгаи моли нисбат ба хамаи ё кисми молхое, ки тамгаи моли барои онхо ба кайд гирифта шудааст, метавонад аз чониби сохибхукук ба  дигар шахси вокеи ё хукуки тибки шартнома оид ба вогузоркунии хукуки истиснои ба тамгаи моли (шартнома оид ба гузашт кардани тамгаи моли) вогузор карда шавад. (КЧТ аз 03.07.2012с., №858)

Гузашт кардани тамгаи моли, агар он сабаби ба иштибох андохтани истеъмолкунанда нисбат ба мол ё истехсолкунандаи он шуда тавонад, номумкин аст.

 

Моддаи 31. Додани хукук барои истифодабарии тамгаи моли

Хукук ба истифодаи тамгаи моли нисбат ба хамаи ё кисми молхое, ки барои онхо тамгаи моли ба кайд гирифта шудааст, метавонад аз чониби сохибхукук (ичозатномадиханда) дар асоси шартнома ба шахси дигари вокеи  ё хукуки (ичозатномагиранда) пешниход карда шавад. (КЧТ аз 03.07.2012с., №858)

Шартномаи зикргардида бояд талаботро дар бораи он, ки сифати молхои ичозатномагиранда аз сифати молхои ичозатномадиханда пасттар намешавад ва ичозатномадиханда ичрои ин талаботро назорат мекунад, дар бар гирад.

 

Моддаи 32. Бакайдгирии шартномахо

Шартнома дар бораи вогузоркунии хукуки истиснои ба тамгаи моли (шартнома оид ба гузашт кардани тамгаи моли) ва шартнома дар бораи додани хукуки истифодаи тамгаи моли дар Идораи патенти ба кайд гирифта мешаванд. Бе чунин бакайдгири шартномахои зикргардида беэътибор дониста мешаванд.

Тартиби бакайдгирии шартномахои зикргардидаро Идораи патенти мукаррар менамояд.

 

Боби 10. КАТЪ ГАРДИДАНИ ХИФЗИ ХУКУКИИ ТАМГАИ МОЛИ

 

Моддаи 33. Мавриди бахс карор додан ва беэътибор донистани   хифзи хукукии тамгаи моли

Додани хифзи хукуки ба тамгаи моли дар холатхо ва мухлатхои зерин метавонад мавриди бахс карор гирад ва беэътибор дониста шавад:

– пурра ё кисман, агар он бо вайронкунии талаботи моддаи 8 ва кисми чоруми моддаи 9  Конуни мазкур дода шуда бошад – дар давоми тамоми мухлати амали хифзи хукуки ва агар бо вайронкунии талаботи кисмхои якум ва сеюми моддаи 9  Конуни мазкур пешниход шуда бошад – дар давоми панч соли пас аз нашри маълумот оид ба бакайдгирии тамгаи моли дар хабарномаи расми;

– пурра дар давоми тамоми мухлати амали хифзи хукуки, агар он ба номи агент ё намояндаи шахсе, ки дар яке аз давлатхои узви Конвенсияи Париж сохиби хукуки истиснои ба ин тамгаи моли бошад, ба кайд гирифта шуда ва ин бакайдгири бо вайронкунии мукаррароти Конвенсияи зикргардида сурат гирифта бошад;

– пурра ё кисман, агар амалхои сохибхукук, ки ба бакайдгирии тамгаи моли марбутанд, тибки тартиби бо конун мукарраршуда хамчун ракобати беинсофона эътироф гардида бошанд – дар давоми тамоми мухлати амали хифзи хукуки.

Додани хифзи хукуки ба тамгаи молии дар Чумхурии Точикистон маъруф дар давоми тамоми мухлати амали хифзи хукуки метавонад мавриди бахс карор гирад ва пурра ё кисман беэътибор дониста шавад, агар он бо вайронкунии мукаррароти кисми дуюми моддаи 23 Конуни мазкур сурат гирифта бошад.

Хар шахс метавонад ба Шурои шикояти дар мухлатхо ва бо асосхои дар сархати якуми кисми якуми моддаи мазкур пешбинишуда ба мукобили додани хифзи хукуки ба тамгаи моли эътирознома пешниход намояд.

Эътирознома ба мукобили додани хифзи хукуки ба тамгаи моли дар асоси далели бо сархати дуюми кисми якуми моддаи мазкур пешбинишуда ба Шурои шикояти  аз чониби шахси манфиатдоре пешниход карда мешавад, ки дар яке аз давлатхои иштирокчии Конвенсияи Париж сохиби хукуки истиснои ба тамгаи моли мебошад.

Эътирознома ба мукобили додани хифзи хукуки ба тамгаи молии дар Чумхурии Точикистон маъруф дар асоси далели бо кисми дуюми моддаи мазкур пешбинишуда ба Шурои шикояти аз чониби хар шахс пешниход шуда метавонад.

Ариза дар бораи беэътибор донистани додани хифзи хукуки ба тамгаи моли дар асоси кароре, ки бо тартиби дар сархати сеюми кисми якуми моддаи мазкур пешбинишуда кабул гардидааст, аз чониби хар шахс ба Идораи патенти пешниход карда мешавад. (КЧТ аз 03.07.2012с., №858)

Додани хифзи хукуки ба тамгаи моли дар асоси кароре, ки аз руи эътирознома ё аризаи тибки кисми сеюми моддаи мазкур пешниходшуда кабул шудааст, пурра ё кисман беэътибор дониста мешавад.

 

Моддаи 34. Катъ гардидани хифзи хукукии тамгаи моли

Хифзи хукукии тамгаи моли дар холатхои зерин катъ мегардад:

– бо сабаби анчом ёфтани мухлати эътибори бакайдгирии тамгаи моли;

– дар асоси халномаи ба кувваи конуни даромадаи суд оид ба пеш аз мухлат дар асоси кисми сеюми моддаи 26  Конуни мазкур катъ гардидани хифзи хукукии тамгаи молии  коллективи бо сабаби истифода бурдани ин тамга дар молхое, ки нишондихандахои ягонаи сифат ё хусусиятхои дигари умумиро надоранд;

– дар асоси карори бо тартиби мукарраршуда кабулгардида оид ба пеш аз мухлат дар асоси кисми чоруми моддаи 27 Конуни мазкур катъ ёфтани хифзи хукукии тамгаи моли бинобар истифода нашудани он;

– дар асоси карори Идораи патенти оид ба пеш аз мухлат катъ гардидани хифзи хукукии тамгаи моли дар сурати бархам хурдани шахси хукуки – сохибхукук;

– дар сурати аз он даст кашидани сохибхукук;

– дар асоси кароре, ки онро Шурои шикояти аз руи аризаи хар шахс оид ба катъи пеш аз мухлати тамгаи моли кабул кардааст, агар тамгаи моли ба нишонаи маъмули ишоракунии молхои навъи муайян табдил ёфта бошад.

Хифзи хукукии тамгаи молии маъруф дар асоси далелхои дар сархатхои сеюм–шашуми кисми якуми моддаи мазкур мукарраргардида ва хамчунин дар асоси карори Шурои шикояти, агар тамгаи молии маъруф аломатхои дар кисми якуми моддаи 23 Конуни мазкур мукарраргардидаро аз даст дода бошад, катъ мегардад.

 

Боби 11. ХИМОЯИ ХУКУКХОИ СОХИБХУКУКИ ТАМГАИ МОЛИ

 

Моддаи 35. Бахсхое, ки бо тартиби суди барраси мешаванд

Бахсхои марбут ба татбики  Конуни мазкурро судхо тибки салохияташон бо тартибе, ки конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар намудааст, барраси менамоянд. Аз чумла бахсхоро:

– оид ба вайрон намудани хукуки истиснои ба тамгаи моли;

– оид ба пеш аз мухлат катъ гардидани хифзи хукукии тамгаи молии коллективи бинобар истифода шудани он дар молхое, ки нишондихандахои ягонаисифати ё дигар аломатхои ягонаро  надоранд;

– оид ба бастан ё ичрои шартнома дар бораи додани хукуки истифодаи тамгаи моли ва шартнома дар бораи вогузоркунии хукуки истиснои ба тамгаи моли (шартнома оид ба гузашт кардани тамгаи моли).

 

Боби 12. МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ

 

Моддаи 36. Карорхои Шурои шикояти

Тартиби пешниходи эътирозномахо ва аризахо ба Шурои шикояти ва тартиби баррасии онхоро Идораи патенти мукаррар менамояд.

Карорхои Шурои шикояти, ки аз руи эътирозномаю аризахои тибки тартиби бо моддахои 15, 24, 27, 33 ва 34  Конуни мазкур пешбининамуда кабул шудаанд, аз чониби рохбари Идораи патенти тасдик карда мешаванд, аз санаи тасдикшавиашон мавриди амал карор мегиранд ва метавонанд дар суд тибки конунгузории Чумхурии Точикистон  мавриди барраси карор гиранд.

 

Моддаи 37. Пардохтхои хатми ва пардохтхои коргузори

Барои пешниходи дархост, бакайдгири ва додани шаходатномаи тамгаи моли, барои дароз кардани мухлати эътибори бакайдгири ва баркарор намудани мухлатхои гузаронидашуда, инчунин барои ичрои дигар амалхои ахамияти хукуки дошта, ки бо бакайдгири ва дароз кардани мухлати эътибори бакайдгирии тамгахои моли алокаманданд, пардохтхои хатми ситонида мешаванд.

Барои  гузаронидани экспертиза, барои ба маводи дархост дохил намудани тасхеху ислохот, барои нашри маълумот оид ба бакайдгирии тамгаи моли,  хамчунин барои ичро намудани амалхои дигари марбут ба экспертизаи тамгахои моли аз чониби Идораи патенти пардохтхои коргузори ситонида мешаванд.

Пардохтхои хатми ва пардохтхои коргузориро аризадиханда, сохибхукук ва ё бо ризоияти онхо хар шахси вокеи ё хукуки супорида метавонад.

Андозаи пардохтхои хатми ва пардохтхои коргузориро Хукумати Чумхурии Точикистон муайян менамояд.

 

Моддаи 38. Хукукхои шахсони вокеи ва хукукии хоричи

Шахсони вокеи ва хукукии хоричи тибки санадхои хукукии байналмилалии эътирофнамудаи Чумхурии Точикистон ё дар асоси принсипи муомилаи мутакобила аз хукукхои дар  Конуни мазкур пешбинишуда баробари шахсони вокеи ва хукукии  Чумхурии Точикистон истифода мебаранд.

 

Моддаи 39. Санадхои хукукии байналмилали

Агар меъёрхои Конуни мазкур ба санадхои хукукии  байналмилалии эътирофнамудаи Точикистон  мутобикат накунанд, меъёрхои санадхои   байналмилали амал мекунанд.

 

Моддаи 40. Чавобгари барои вайрон намудани Конуни мазкур

Шахсони вокеи ва хукуки барои вайрон кардани Конуни мазкур мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

 

Моддаи 41. Дар бораи беэътибор донистани Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи аломатхои молу хизматрасони»

Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи аломатхои молу хизматрасони» (Ахбори Шурои Олии Чумхурии Точикистон, соли 1992, № 4, моддаи 41) беэътибор дониста шавад.

 

Моддаи 42. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур

Конуни мазкур пас аз интишори расми  мавриди амал карор дода мешавад.

 

Президенти Чумхурии Точикистон Э.Рахмонов

 

 

ш.Душанбе, 5 марти соли 2007

№ 234

______________________________

 

 

 

 

 

 

 

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …