Главная / Чамъият / Талок тарики телефон мумкин аст?

Талок тарики телефон мумкин аст?

а гуфтаи чавон вай сухбати хамасарашро бо марди бегона шунида, аз вафодории хамсар шубха пайдо кард. Пас аз чанд вакт боз шохиди сухбати занаш бо чавони дигар шуд ва ба у “хазору як талок” гуфт. Вай дар паёмаш ба уламои Точикистон менависад, ки холо ба хотири фарзандонаш бо хамсараш зиндаги кардан мехохад.

telefon-duxtar

Шурои уламои Маркази исломии Точикистон паёми Умарчон ном чавонеро мунташир кард, ки аз Шурои уламо дар масъалаи талок маслихат пурсидааст.

Умарчон дар мактубаш менависад, ки хамсарашро бо далели сухбат бо марди бегона тарики телефон талок дод, аммо онхо се фарзанд доранду ба хотири кудакон мехохад оилаашро баркарор кунад.

“Хамсари ман як бор бо тарики телефон бо як писар гап мезад, уро капидам ва аз гунохаш гузаштам. Бо вучуди ин баъди чанд сол боз корашро кард. Тарики телефон бо дигар писар гап задашро капидам ва дар сари кахр “хазору як талок” гуфтам. Ман сохиби се фарзандам, гами хамин фарзандхоямро мехурам. Ягон ривоят бошад, ки аз сар никох карда зиндаги кунам?”, — мепурсад вай.

Зани хичобпуш. Акс аз бойгони

Коршиносони Маркази исломи дар посух ба Умарчон гуфтаанд, ки барои додани фатво ё хукме аз вай тафсилоти бештар хохиш карда мешавад. Онхо гуфтаанд, ки чавон бо тафсилоти бешар ба Раёсати фатвои Маркази исломии Точикистон мурочиат кунад.

“Бародари азиз, масъалаи шумо тафсил мехохад, аз ин ру, барои халлу фасли он ба Раёсати фатво мурочиат кунед, пас аз шунидани тафсилоти он иншоаллох посух хохед гирифт”, — омадааст дар посухи идора.

Ин дар холест, ки коршиносон аз истифодаи нодурусти телефон ва интернет аз чонибе бархе аз шахрвандони кишвар бонги хатар мезананд.

Тавре мутахассисони омори Точикистон хабар доданд, дар соли 2017 назар ба се соли пеш раванди талок миёни хонаводахои чавон афзоиш ёфта, 19 дар садро ташкил додааст.

Ба гуфтаи равоншиносон, мухочират, нобовари ва вазъи ичтимои яке аз далелхои асосии бисёр шудани холатхои хонавайрони аст.

Хукумати Покистон аз аввалинхо шуда, талоки телефониро дар кишвар мамнуъ кард. Яъне мардхо наметавонанд тарики телефон ба хонумхояшон талок диханд.

 

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

islom-kitob

АКИДАХОИ АХЛОКИИ ДИНИ ИСЛОМ 

ИСЛОМ таълимоти ахлокии динхои дигари самовиро на танхо идома ва такмил додааст, балки кушиш намудааст, …