Главная / Чамъият / Талабот оид ба додани ариза барои бакайдгири

Талабот оид ба додани ариза барои бакайдгири

Моддаи 161-и Кодекси Андоз. Талабот оид ба додани ариза барои бакайдгири

  1. Шахси машгули фаъолияти сохибкори, ки даромади умумиаш дар давраи пешинаи давомнокиаш на зиёда аз 12 мохи пурраи муттасили (пай дар пайи) таквими аз хадди даромади як миллион сомони зиёд шудааст, ухдадор аст дар мухлати на дертар аз 30 рузи таквими ба андозбанди тибки низоми умуми гузарад ва ба макоми андози махалли бахисобгирии худ чихати бакайдгири барои максадхои андоз аз арзиши иловашуда якчоя бо ариза барои гузаштан ба андозбанди тибки низоми умуми ариза дихад. Хадди даромад барои бакайдгири барои максадхои андоз аз арзиши иловашуда нисбат ба шахсоне, ки дар сархати дуюми кисми 2 моддаи 291 Кодекси мазкур муайян карда шудаанд, татбик намегардад ва шахсони мазкур ухдадоранд на дертар аз 15 рузи таквими пас аз бакайдгирии давлати аризаро пешниход намоянд. (КЧТ аз 14.11.16 с., №1367)
  2. Агар даромади умумии гайрирезидент дар давраи пешинаи давомнокиаш на зиёда аз 12 мохи пурраи муттасили (пай дар пайи) таквими аз тахвили молхои, ичрои корхо ва хизматрасонихоизерин (ба истиснои воридоти молхо) дар Чумхурии Точикистон, кибо муассисаи доимии ин гайрирезидент алокаманд нест,аз хадди як миллион сомони бештар бошад,зимнан гирандагони ин молхо (кору хизматрасони) дар Чумхурии Точикистон супорандагони андоз аз арзиши иловашуда намебошанд, у ухдадор аст бо максади бакайдгири ба сифати супорандаи андоз аз арзиши иловашуда ариза дихад: (КЧТ аз 14.11.16 с., №1367)

-корхо (хизматрасонихо) дар амал аз чониби шахсе ичро шудаанд, ки хангоми ичрои ин корхо (хизматрасонихо) дар каламрави Чумхурии Точикистон хузур дошт, новобаста ба он, ки ин корхо (хизматрасонихо) аз чониби шахсони вокеии кироякор ё ташкилотхои (пудратчиёни) гайрирезидент ичро шуда бошанд;

-корхои (хизматрасонихои) ичрошуда бевосита бо молу мулки гайриманкули дар Чумхурии Точикистон чойгиршуда алокаманд бошанд;

-ба мизочон дар Чумхурии Точикистон хизматрасонихои алокаи барки, пахши радио ва телевизиони расонида шудабошад;

-ба зангхои телефонии аз каламрави Чумхурии Точикистон содиршуда хизмат расонад ва (ё) шахси пардохткунандаи чунин зангхо дар каламрави Чумхурии Точикистон хузур дошта бошад;

-хизматрасонихои сугуртавии таваккалхо ва (ё) молу мулки дар Чумхурии Точикистон чойгиршуда, ба истиснои хизматрасонихои сугуртавии хаёт, анчом дода шуда бошанд.

  1. Вориси хукукии андозсупорандае, ки фаъолияти андозсупорандаро давом медихад, ухдадор аст чихати бакайдгири барои максадхои андоз аз арзиши иловашуда дар давоми 10 рузи баъди ба даст овардани хукук ариза дихад.
  2. Шахсоне, ки дар сархати дуюми кисми 2 моддаи 291 Кодекси мазкур муайян карда шудаанд, аз санаи бакайдгирии давлати ухдадоранд бо максади бакайдгири ба сифати супорандаи андоз аз арзиши иловашуда ариза диханд. (КЧТ аз 14.11.16 с., №1367)

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …