Главная / Чамъият / Талаботхои асоси ба ташкилотхои сугуртави

Талаботхои асоси ба ташкилотхои сугуртави

Ба рохбарон ва сармухосибони ташкилотхои сугуртави расонида мешавад, ки вазифахо ва ухдадорихое, ки дар мукаррароти моддахои дахлдори Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи бахисобгирии мухосиби ва хисоботи молияви» ва «Дар бораи фаъолияти аудитори» мебошад.

Бояд кайд намуд, ки тибки карори Хукумати Чумхурии Точикистон тахти №154 аз 3 апрели соли 2012 «Дар бораи тадбирхои иловагии танзими бахисобгирии мухосиби ва хисоботи молияви» ташкилотхои сугуртави ба руйхати субъектхои дорои манфиати умум дохил мегарданд. Дар катори ташкилотхои сугуртави инчунин бонкхо, биржахо, фонди кафолатии пасандозхои шахсони вокеи, субъектхои монополияи табии ва корхонахое, ки хачми даромади умумиашон накамтар аз 30 миллион, хачми дороихои умуми на камтар аз 100 млн, шумораи кормандон 1000 нафар ташкил менамоянд дохил мешаванд.

Дар катори риояи мукаррароти дигар санадхои меъёрии хукукии танзимкунандаи соха субъектхои дорои манфиати умум аз чумла ташкилотхои сугуртави тибки Конунхои Чумхурии Точикистон «Дар бораи бахисобгирии мухосиби ва хисоботи молияви» ва «Дар бораи фаъолияти аудитори» вазифадоранд, ки:

  1. бахисобгирии мухосиби ва хисоботи молиявиро тибки стандартхои байналмилали ва Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи бахисобгирии мухосиби ва хисоботи молияви» ба рох монанд;
  2. хизматрасонии доимоамалкунандаи аудити дохилиро таъсис диханд;
  3. сармухосибони субъектхои мазкур бояд сертификати мухосиби касби дошта бошанд;
  4. дар мухлати мукарраргардида дар воситахои ахбори омма хисоботи солонаи молиявиашонро аз хисоби худ нашр намоянд;
  5. аз аудити хатмии харсола гузашта бошанд;
  6. барои гузаронидани аудити хатми чорахои зарури андешида онро саривакт гузаронад;
  7. ба ташкилотхои аудитори барои гузаронидани аудити саривакти ва босифат шартнома оид ба гузаронидани санчиши аудитори шароит фарохам оварда бошад: 
  8. хисоботи солонаи молиявиро якчоя бо хулосахои аудитори хамасола ба махфуздоранда пешниход намоянд;

Тибки маълумоти фехрести ягонаи давлатии Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон айни замон теъдоди ташкилотхои сугуртавии расман ба кайд гирифташуда 30 ададро ташкил медиханд.

Вобаста ба сертификатсиякунонии сармухосибони ташкилотхои сугуртави бояд кайд намуд, ки дар давраи соли 2016 аз чониби сармухосибони ташкилотхои сугуртави ба унвонии Вазорати молия аризахо оиди гирифтани сертификати мухосиби касби ворид гардида буданд. Бо сабаби минбаъд дар сохторхои дахлдор фаъолият надоштан ва иштироки номунтазами аъзоёни комиссияи сертификатсиони аризахои мазкур барраси нагардидаанд ва мухлати барраси намудани аризахои воридгардида низ гузаштааст.

Айни замон хайати Комиссияи мазкур пурра гардида, сармухосибони ташкилотхои сугуртави метавонанд хуччатхои заруриро оид ба гирифтани сертификат ба Комиссия пешниход намоянд.

Сертификатсиякунони баъди гузаштани курсхо дар муассисаи таълимию методи оид ба омузиш ва азнавтайёркуни, ки онхоро Комиссияи Вазорати молия муайян намудааст бо рохи супоридани имтихонот гузаронида мешаванд. Шумораи соатхои тахсил ва барномаи омузиш ва такмили ихтисос аз чониби рохбари Комиссия муайян ва тасдик мешавад. Харочотхо вобаста ба тайёр намудан ва омузиш аз хисоби довталабон амали карда мешавад.

Сертификати мазкур дар шакли мукарраршуда ба мухлати номахдуди амал дар давоми як мох аз рузи кабул намудани карори Комиссия баъди бомуваффакият супоридани имтихонот ба довталаб дода мешавад. Хар як мухосибе, ки дорои сертификати мухосиби касби мебошад ухдадор аст, ки баъди гузаштани се соли пас аз гирифтани сертификат курсхои омузиширо гузарад.

Довталаб ба Раёсати сиёсати бахисобгирии мухосиби, хисоботи молияви ва фаъолияти аудитории Вазорати молия чихати иштирок дар курсхои омузиши ва гирифтани сертификати мазкур хуччатхои зеринро пешниход менамояд аз чумла;

  1. ариза барои ичозат чихати иштирок дар курсхои омузиши ва супоридани имтихонот;
  2. нусхаи дипломи тахсилоти оли ё миёнаи махсус;
  3.  ду донаи сурати андозаи 3х4;
  4.  хати расид оиди баррасии ариза (50 сомони) ва барои омузиш (1440 сомони),;
  5. нусхаи тасдикшудаи дафтарчаи мехнатии довталаб бо мухри ташкилоте, ки довталабро ба курсхои омузиши ирсол намудааст;
  6. нусхаи шиносномаи довталаб.

Ба довталабе, ки ичозатнома ва аттестати тахассусии Вазорати молия оиди хукуки амали намудани фаъолияти аудиториро дорад ва номзадхои илми иктисод сертификати мухосибии касби дар натичаи сухбат бе гузаштани имтихонот дода мешавад.

Мутобики банди 7 Дастурамали намунавии мансабии сармухосиб, ки бо карори Хукумати Чумхурии Точикистон аз 30 майи соли 2015, №359 тасдик шудааст маоши мохонаи вазифавии сармухосибоне, ки дорои сертификати мухосиби касби мебошанд ба андозаи 85 фоизи маоши мохонаи вазифавии рохбари ташкилот ё 90 фоизи маоши муовини рохбар сарпарасти кисми молияви мукаррар карда мешавад. Дар ташкилотхои бучетии бахши давлати маоши сармухосибон тибки санадхои меъёрии хукукии амалкунанда мукаррар мегардад.

Айни замон аз тарафи Вазорати молия дар хамкори бо Шурои машварати лоихаи Конуни ЧТ “Оид ба ворид намудани тагийру иловахо ба Кодекси хукуквайронкунии маъмурии Чумхурии Точикистон” омода гардида истодааст. Дар лоихаи Конуни мазкур барои риоя нагардидани мукаррароти моддахои дахлдори Конуни ЧТ “Дар бораи бахисобгирии мухосиби ва хисоботи молияви” чарима нисбат ба рохбарон ва сармухосибони Субектхои дорои манфиати умум дар холатхои зерин аз чумла

  1. -тибки стандартхои байналмилали тартиб надодани хисоботхои молияви,
  2. – бе сертификати мухосиби касби фаъолият намудани сармухосибон,
  3. -ба махфуздоранда пешниход накардани хисоботхои молияви бо хулосаи аудитори,
  4. -дар воситахои ахбори омма нашр накардани хисоботхои молиявии солона,
  5. -таъсис надодани аудити дохили пешбини мегардад.

Аз аудити харсолаи хатми гузаштани субъектхои дорои манфиати умум аз чумла ташкилотхои сугуртавиро моддаи 8 Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи фаъолияти аудитори” пешбини намуда, мухлати гузаронидани онро на дертар то 30 июни соли хисоботи пешбини ва муайян намудааст.

Барои саривакт гузаронидани аудити харсолаи хатми, бастани шартнома бо ташкилотхои аудитори оид ба гузаронидани санчиши аудитори ва подоши хизматрасонихои ташкилотхои аудитори мукаррароти моддаи 17 Конуни мазкур фармоишгари аудит яъне рохбари корхонаро вазифадор намудааст.

Илова ба ин, мутобик ба моддаи 648 Кодекси хукуквайронкунии маъмурии Чумхурии Точикистон барои саркаши намудани шахси хукуки ё сохибкори инфироди, ки бояд тахти аудити хатми карор гиранд, аз гузаронидани он, инчунин мамониат кардан ба гузаронидани он ба сохибкорони инфироди ба андозаи аз дах то понздах, ба шахсони мансабдор аз си то чил ва ба шахсони хукуки аз сад то дусад нишондиханда барои хисобхо чарима таъйин карда шуда, барои дар давоми як соли баъди таъйини чазои маъмури такроран содир намудани кирдори дар кисми якуми хамин модда пешбинишуда ба сохибкорони инфироди ба андозаи аз бист то си, ба шахсони мансабдор аз панчох то хафтод ва ба шахсони хукуки аз дусад то сесад нишондиханда барои хисобхо чарима таъйин карда мешавад.

Бо истифода аз фурсати муносиб пешниход менамоем, ки ташкилотхои сугуртави фаъолияти худро ба мукаррароти Конунхои дар болозикр мутобик гардонанд. Оиди риояи мукаррароти конунхои дар боло зикр аз тарафи макоми ваколатори давлати дар ташкилотхои сугуртави ва дигар субектхои дорои манфиати умум тахлил гузаронида мешавад.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …