Главная / Чамъият / Талаб кардани маълумот

Талаб кардани маълумот

Моддаи 57-и Кодекси хукуквайронкунии маъмури. Талаб кардани маълумот 

Судя, макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор), ки парвандаи хукуквайронкунии маъмури дар барраси ва пешбурди онхо карор дорад, хукук доранд, дар бораи талаб карда гирифтани маълумоти барои халли масъалахои парванда зарури таъинот ё карор бароранд. Маълумоти талаб кардашуда, бояд дар давоми се шабонарузи баъд аз гирифтани таъинот ё карор фиристода шавад. Маълумот оид ба хукуквайронкунии маъмури, ки боиси татбики чазои хабси маъмури ё бо рохи маъмури берун кардан аз худуди Чумхурии Точикистон мегардад, бояд фавран фиристода шавад. Дар сурати гайриимкон будани пешниходи ин маълумот, пешниходкунандаи маълумот вазифадор аст дар мухлати се шабонаруз ба судя, макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдоре), ки таъинот ё карорро баровардаанд, дар ин бора ба тарзи хатти хабар диханд.  (КЧТ аз 02.01.18 с., №1476)

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

tttt

Шуришхои гуломон бо сардории Н. Тернер ва Ч. Браун

Дар солхои 30-юми асри XIX масъалаи гуломдори дар хаёти чамъиятии ИМА яке аз масъалахои чиддие …