Главная / Чамъият / Таксим кардани моли майит

Таксим кардани моли майит

Таксим кардани моли майит

Вакте ки инсон аз дорулфано ба дорулбако рехлат намуд,  яъне аз дунёи нестшаванда ба олами бокиву човидон сафар мекунад, ворисон -касоне, ки аз молу чизи вай хакбар мешаванд; падару писар ва бародару духтар ва гайра, бояд мувофки, гуфтахои зерин амал кунанд, то ин ки хам барои худашон ва хам барои мурда фоида шавад. Ва хам мувофики гуфтахои  шариат шавад.

Аз моли майит аввал уро кафан кунанд ва чизхои барои  кабр кардан лозимро мухаё созанд.

Дуюм, карзхои уро пеш аз таксими мол адо кунанд.

Сеюм, агар васият карда бошад, ки фалониро фалон чиз ва бисмадониро бисмадон чиз дихед, моли уро се таксим; карда, аз як кисмаш хакки васияткардашудагонро диханд.

Чахорум, моли бокимондаро шаш таксим карда аз он як  кисмашро барои зани майит диханд ва панч кисми дигарашро ба писарону духтаронаш таксим кунанд. Ба ин тарик, ки  писарон як хак гиранд ва духтарон ним хак.

Баъди он ки хама хакки худро мегиранд, хар ки моли худро  ба падари худ сарф мекунад ё гирифта ба хонааш мебарад ва ё ба бародару хохари хурдсолаш мебахшад, сохибихтиёр аст. Хеч кас хак надорад, ки уро гуяд, ки молатро чунин ё чунон  кун, зеро ин мол моли халоли уст.

Падари у дигар дар он мол хеч хакке надорад. Ва агар бе  ичозати сохиби мол моли уро сарф кунанд, тамоман дуруст нест.

Ин кори мухимро, мутаассифона, имруз аксарияти мардум ичро ва риоя намекунанд. Хакки ятим будану ризоияти сохиби  молро ба эътибор нагирифта, онро бе тарака сарф мекунанд. Хол он ки хакки ятимро хурдан ба хеч кавл ва ба хеч далел раво нест.

Одати инсонхои замони мо хамин аст, ки агар падар аз дунё гузарад, хона ва гову моли уро як кас гирифта, маишат мекунаду дигар бародарону хохаронашро махрум месозад. Дар сурате, ки он гову мол ва чизхои аз падар боки монда, аз они хамаашон аст, фикр намекунад, ки бародарону хохарон рози хастанд ё не? Фикри киёматро намекунад.

Касоне, ки ба Худои таъоло бовар дошта бошанду аз хисоботи рузи киёмат андеша кунанд ва аз азоби дузах битарсанд, фирефтаи чандруза маишати дунё нагашта, бояд мероси падарро мувофики гуфтаи шариат таксим кунанд. Чунки у танхо падари шахси хонаву чизхоро сохибшуда не, балки падари хамаашон буд.

Илохо, хамаи мо мискинонро тавфики риоя кардани андозаи мерос рузи гардони. Омин ё раббу-л-оламин.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …