Главная / Чамъият / Таксими молу мулкие, ки моликияти муштараки зану шавхар мебошад

Таксими молу мулкие, ки моликияти муштараки зану шавхар мебошад

Моддаи 38-и Кодекси оила. Таксими молу мулкие, ки моликияти муштараки зану шавхар мебошад

  1. Таксими молу мулкие, ки моликияти муштараки зану шавхар мебошад, чи дар давоми заношуи ва чи баъди талок, бо талаби хар кадоме аз онхо, инчунин дар холати аз  чониби  карздиханда  талаб кардани таксими моликияти умумии зану шавхар барои ситонидани маблаги карз  аз сахми зан ё шавхар дар моликияти умуми сурат гирифта метавонад.
  2. Дар сурати таксими молу мулки умумии зану шавхар дар давраи заношуи он кисми молу мулки умумие, ки таксим нашуда буд, инчунин молу мулкие, ки зану шавхар дар давраи акди никох чамъ кардаанд, моликияти умумии  онхоро ташкил медихад.
  3. Молу мулки умумии зану шавхар метавонад бо созишномаи зану шавхар дар байни онхо таксим карда шавад. Дар холати ба миён омадани бахс вобаста ба таксими молу мулки муштараки зану шавхар, инчунин муайян намудани сахми зану шавхар дар ин молу мулки    он ба тартиби суди хал карда мешавад.
  4. Зану шавхар хукук доранд, ки таксими пасандоз, сахмия, хисса ва сахми дар сармояи муассисаи кредити ё ташкилотхои дигари тичорати ва гайритичорати ба номи яке аз онхо гузоштаашонро    талаб намоянд, агар ин пардохтхо моликияти муштараки онхо бошанд.
  5. Пасандозхое, ки зану шавхар аз хисоби молу мулки умумиашон ба номи фарзандони ноболиги худ гузоштаанд, молу мулки мутааллик ба фарзандон дониста шуда, хангоми таксими молу мулкие, ки моликияти муштараки зану шавхар мебошад, ба инобат гирифта намешаванд.
  6. Нисбати талаби зану шавхари чудошуда дар хусуси таксими молу мулки муштараки онхо, ки онхо дар давраи заношуи чамъ овардаанд, мухлати сесолаи даъво истифода мешавад.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …