Главная / Илм / Тахлили умумии хун

Тахлили умумии хун

Тахлили умумии хун ки онро бо забони русси “Общий анализ крови” мегуянд. Ин тахлилхое мебошанд, ки духтурон моро водор мекунанд то супорем, барои чи зарур хастанд? Хуни вена аз хуни нуги ангушт чи фаркияте дорад? Ракамхое, ки дар когазчаи натичахои тахлил нишон дода шудаанд, чи маъни доранд? Хун  ба камтарин тагйиротхо дар саломати  хеле зуд вокуниш нишон медихад. Мана барои чи аввалин тахкике, ки духтур таъин мекунад – тахлили умумии хун аст. Тарзи ичрокуни (проседура) хеле одди аст: бо сузани якдафъаина—скарификатор дар болиштаки ангушт сурох ё рахнаи сабуки 2- миллиметра мекунанд, ба зуди катраи хун пайдо мешавад. Агар он нокифоя бошад, хамшираи тибби ангуштро сабук зер мекунад ва хунро бо макак (пипетка) чамъ мекунад. Баъдан бошад тачхизоти (аппарати) аз хорича воридотшуда ё чашми тезбини худи духтур-лаборанти сохибтачриба хисоб мекунанд, ки  дар он чи ва ба кадом микдор мавчуд аст.

tahlili-umumii-xun-768x409

Нишондиханда Номи кутохшуда. Меъёр микдор Рамзкушои Гемоглобин Hb

120–160 г/л  барои мардхо 
120–140 г/л  барои занхо

Сафедае, ки дар такиби эритроситхо мавчуд аст, барои интикол додани молекулахои кислород аз шушхо ба органхо ва хучайрахо —  ва баръакс интикол додани гази ангидриди карбон ба шушхо масъул аст. Агар микдори гемоглобин кам шавад, хучайрахо кислородро камтар мегиранд. Хангоми анемия (камхуни), пас аз хунрави, хангоми баъзе беморихои ирси  хамин тавр руй медихад. Гематокрит Нt

40–45% барои мархо
36–42% барои занхо

Нишон медихад, ки дар хун чанд фоизро хучайрахои  — эротриситхо, лейкоситхо ва тромбоситхо ташкил медиханд,  дар мукоиса бо кисмати моеъгии он   – плазма,  Агар гематокрит кам шавад, пас одам ё хунравиро  аз сар гузаронидааст ё дар вай системаи ташаккулёбии хучайрахои хун яку якбора зарар дидааст. Ин холат хангоми беморихои сирояти ва аутоиммуни руй медихад. Баландшавии гематокрит дар бораи гафсшавии хун шаходат медихад, масалан

Хангоми беобшавии организм. Эритроситхо RBC

4–5*1012 дар як литр барои мардхо
3–4*1012 дар як литр барои занхо

Хучайрахое, ки гемоглобинро интикол медиханд. Тагйирёбии микдори эритроситхо ба таври зич бо гемоглобин алокаманд аст: эритроситхо кам бошанд – гемоглобинхо низ кам хастанд (ва баръакс). Нишондихандаи ранги (Цветовой показатель/ЦП)
0,85–1,05 Муносибати (баробарии) дарачаи гемоглобин ба микдори эритроситхо. Нишондихандаи ранги (ЦП) дар холати анемияхои гуногун тагйир меёбад: хангоми норасоии В 12 – фолий, анемияи апласти ва аутоиммуни — зиёд мешавад ва хангоми анемияи норасоии охан — кам мешавад. Лейкоситхои WBC

3–8*109 дар як литр барои муковимат ба инфексияхо масъул хастанд. Хангоми инфексияхо ва лейкозхо микдори лейкоситхо зиёд мешавад. Хангоми инфексияхои вазнин, беморихои онкологи ва аутоиммуни аз сабаби зарарбинии ташаккулёбии лейкоситхо дар магзи устухон кам мешаванд. Нейтрофилхо NEU то 70% микдори умумии лейкоситхо Хучайрахои гайримукаррарии чавоби иммуни бо микдори хеле зиёд дар кабати зери луоби ва пардахои луоби мавчуд хастанд. Вазифаи асосии онхо – фуру бурдани микроорганизмхои бегона мебошад. Зиёдшавии микдори онхо оиди раванди (просесси) илтихоби фасоднок (газаки фасоддор) хабар медихад. Агар раванди (просесси) фасоднок мавчуд бошаду, аммо дар тахлили хун зиёдшавии нейтрофилхо ба назар нарасад, шумо бояд бештар хавотир шавед,

Эозинофилхо EOS 1–5% микдори умумии лейкоситхо

Ба мисли нейтрофилхо ба масъунияти (иммунитети) гайримукаррари дохил мешаванд. Зиёдшавии микдори онхо барои аллергияхо  ва беморихои паразити , махсусан инвазияи кирмхо хос аст. Лимфоситхо LYM 19–30% Хучайрахои иммунитети хосса. Агар хангоми илтихоби назаррас, нишондиханда аз 15% пасттар шавад, мухим аст, ки микдори умумии  лимфоситхо ба 1 микролитр баходихи карда шавад. Он бояд аз 1200 – 1500 хучайра кам набошад.

Тромбоситхо PLT
170–320*109   ба як литр. Ин хучайрахо барои манъ кардани хунрави – гемостаз масъул (чавобгар) хастанд. Инхо ба монанди партовчамъкунхо  низ хастанд ва бокимондахои бархурдхои илтихоби – комплексхои масъуниятии гардишкунандаро дар мембрана чамъ мекунанд. Микдори аз меъёр камшудаи тромбоситхо метавонад оиди бемории масъунияти (иммунологи) ё илтихоби вазнин шаходат дихад. Суръати тахшиншавии эритроситхо (СТЭ/СОЭ)

10 мм/ч (мм/с) барои мардхо
15 мм/ч (мм/с) барои занхо.

Баландшавии СТЭ (СОЭ) оиди раванди (протсесси) илтихоби ё дигар раванди патологи хабар медихад. Бе сабаби узрнок баланд шудани СТЭ (СОЭ) набояд аз мадди назар дур монад!

Дар омади гап (зимнан)

Баъзехо пеш аз тахлил, аз бегохи сар карда гуруснашини мекунанд (руза мегиранд) – чунин мехисобанд, ки бояд хун дар пагохи ва хатман бо шиками гурусна супорида шавад. Ин тавр нест: барои тахлили умумии хун  ин ахамияте надорад.  Дуруст аст, ки картошкаро бо чарбуи хук (сало) шабона хурдан лозим нест, вагарна аз афташ дар пагохи микдори лейкоситхо аз мукаррари зиёдтар хохад буд! Лекин баъди истеъмоли нушокихои спирти, офтобхури ва физиопроседурахо, инчунин пас аз тахкики рентгени бехтар аст якчанд руз мунтазир шавед, вагарна натичахо «нуксдор» шуда мемонанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …