Главная / Илм / Тахлили пешоб

Тахлили пешоб

Хангоми бемории андаке чидди хам ба хеч вачх — бе тахкики пешоб намешавад. Он хамчун оинаи аслии холату вазъи организм аст. Яъне биёед шарму хаёро як су мегузорем ва муфассал фахмида мегирем, ки он ракамхое ки дар намунаваракаи (бланкаи) гирифтаи шумо дарч шудаанд, чи маъно доранд.

ТАХЛИЛИ  УМУМИ Ё КЛИНИКИ ПЕШОБ

Нишондиханда Меъёр Рамзкушои Рангзардии – мисли кох Агар пешоб ба чойи сиёх монанд бошад, гепатит, сиррози чигар, вайроншавии эритроситхо хангоми иллатнокихои аутоиммуни ва токсики истисно нестанд.

Ранги мисли обшустаи (магзобаи) гушти? Духтур бемории илтихоби гурдахо – гломерулонефритро тахмин мекунад (гумонбар мешавад). Баъзан тагйиротхои бехавфи ранги низ мешаванд: гулобии сурх – аз сабаби баъзе дорухо, сурхчатоб – агар сабзи, лаблабу, кулфинай хурда бошанд. Шафофи Пурра шаффоф Тира ва барфакдор – шаходати илтихоби гурдахо ё роххои пешоброн. Тахлука накунед, агар пешоби шаффоф каме истода баъд тира шавад; аксар вакт хамин хел мешавад Аксуламал (Реакция) (pH) Туруш (Кислая) аксуламали миёна (Нейтральная) ё  ишкории пешоб хангоми инфексияи роххои пешобрав ва ё дар вегетерианхо  дида мешавад.

tahlili-xun

Зиччи (вазни киёси) 1018–1025 Хангоми беобшави ва баландшавии микдори канд дар хун ин нишондиханда баланд мешавад. Пастшавии зиччии пешоб хангоми иллатнокии гурдахо, илтихоби гурдахо ё агар бемор бисёр об нушида бошад, мушохида мешавад. Сафеда На зиёда аз 0,033% Дар холати сироятёби (инфексия) беморихои илтихоби ё иммунологии гурдахо, иллатнокии гурдахо ё хамту пас аз кори вазнини чисмони зиёд шуда метавонад Бактерияхо, занбуругхо Нест Силиндрхо Нест ё ангуштшумор аст Микдори зиёди силиндрхо хангоми беморихои гуногуни гурдахо мушохида мешавад. Эритроситхо Нест ё ангуштшумор аст Агар эритроситхо то 100-то дар мадди назар бошанд (микрогематурия), ин дар бораи беморихои илтихоби ва иммунологии гурдахо, бемории санги гурдахо, иллатнокии онкологии гурдахо ё инфексияи вазнин хабар медихад. Агар аз 100 –то болотар бошад (макрогематурия), пешоб ранги сурхро мегирад – пас бемории илтихобии гурдахо ё хунрави  аён аст.

Лейкоситхо дар мардхо  0-3 – лейкосит, дар занхо 0-5 Зиёдшавии микдори лейкоситхо дар пешоб (лейкоситурия) оиди илтихоби гурдахо ва роххои пешобрав, цистит, простатит,  иллатнокии иммунии гурдахо хабар медихад.

Тахлили пешоб бо усули НЕЧИПОРЕНКО ва  ЗИМНИТСКИЙ

Тахлили пешоб бо усули Нечипоренко он вакт таъин карда мешавад, ки натичахои тахлили умуми шубхаангез хастанд: гуё патологияи анике нест, аммо лейкоситхо ва эритроситхо андаке зиёд хастанд. Барои аник кардан пешоби «мобайни фавраи пешоб» зарур аст; банкачаро пас аз саршавии пешоброни дар зери фавра мегузоранд ва пеш аз тамомшавии раванди пешоброни онро мегиранд. Аз ин гунчоиш дар лаборатория 1мл – и онро мегиранд ва микдори эритроситхоро хисоб мекунанд (меъёр – на зиёда аз 1000), лейкоситхо (на зиёда аз 2000) ва силиндрхо (на зиёда аз 20). Агар як ё якчанд параметрхо зиёд бошанд, пас патология вучуд дорад.

Ба тахлили Зимнитский он вакт мурочиат мекунанд, ки шубхаи инкишофёбии иллатнокии гурдахо ё илтихоби гурдахо пайдо шуда бошад. Пешобро дар давоми як шабонаруз дар 6 — банкача чамъ мекунанд: барои пешоби дар хар як 4- соати чамъшаванда — як банкачаи алохидаи пешоб. Дар лаборатория микдори элементхо ва вазни киёсиро (зиччиро) муайян мекунанд. Хисобхои тахмини мураккаб хастанд, вале мухим он аст, ки  гунчоиши (микдори) пешоб, ки рузона ихроч шудааст, бояд аз шабона бештар бошад ва вазни киёсии хамаи порсияхо ба таври муайяне бояд пастобаланд бошад.

Мана баъзе  нишонахои бонги хатари хос дар бораи иллатнокихо ва ночурихо:

  • 1010–1012. Зиччии пешоб ба зиччии плазмаи хун баробар аст (изостенурия). Ин дар холате мешавад, ки агар бемор дорухои пешоброн хурда бошад ё бемории пиелонефрит берун аз фазаи хуруч ё иллатнокии гурдахо дошта бошад.
  • 1002–1008. Зиччии пешоб аз зиччии плазмаи хун камтар аст (гипостенурия). Аломатхои и пиелонефрити вазнин ба назар аён хастанд.
  • Зиёда аз 1025. Аниктараш хун якбора гафс шудааст – хангоми беобшави  хамин тавр руй медихад, дар кудакон – хангоми диатези пешобтурши (при мочекислом диатезе).

БО РАНГУ ТОБИШХОИ ЗАРД

Барои тахлил 100 — 200мл пешоб, ки пагохирузи чамъовари карда шудааст, басанда аст. Банкачаи хурдеро бодиккат шуед ва бо оби чуш обгардон кунед, узвхои таносулро шуед, то ин ки тахлил бо дигар ифлосихо олуда набошад. Занхо набояд дар рузхои хайз тахлил супоранд. Оё ягон доруе кабул мекунед? Духтуро огох намоед: чунки баъзе дорухо ба натичахои тахлил таъсир мерасонанд. Барои  диета  хеч махдудияте нест, аммо набояд пеш аз тахлилсупори аз обхои минерали суъистифода кунед, — онхо аксуламали (реаксияи) пешобро тагйир медиханд.

Маълумотхо аз тарафи хонаи нашриётии  «Здоровье» пешниход шудаанд. Оё хатогиеро пай бурдед? Онро намудор  созед ва клавишхои Ctrl+Enter зер кунед.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …