Главная / Илм / Тахлили биокимиёвии хун

Тахлили биокимиёвии хун

90% — и хун  – аз об иборат аст. Дар он сафедахо, чарбухо, карбогидратхо, намакхо, ферментхо ва микроэлементхо махлул шудаанд. Хама гуна ночурии (вайроншавии) рафохати организм фавран дар микдори таркибии онхо инъикос мегардад. Тахлили биокимиёвии хун имконият медихад, ки ин гуна тагйиротхои нозук пайгири карда шаванд ва дарду касалихо сари вакт дарёфт карда шаванд. Мана чи тавр бузургихои (параметрхои) асосии он рамзкушои карда мешаванд.

tahlili-bioximyovii-xun

Нишондиханда Меъёр Тагйирёбии нишондихандахо чи маъно дорад Глюкоза 3,5–6,5 ммоль/л  Дарачаи (сатхи)  глюкоза паст мешавад, агар одам кайхо боз чизе нахурда бошад; хангоми тагйирдихии вояи инсулин; хангоми баъзе ночурихои хормони (гормональных нарушениях). Баландшавии дарачаи глюкоза дар холати  диабети канд доштан имконпазир аст  Сафедаи умуми 60–80 г/л  Сафеда хангоми афсурдашавии кори чигар, гурдахо, камхури (норасоии гизо), сироятхои вазнин ва дар холати сухтагихо паст мешавад. Микдори сафеда хангоми гафсшавии хун зиёд мешавад Альбумин 40–60% айнан ба мисли сафедаи умуми  Билирубини умуми 8,5–20,5 мкмоль/л Нишон медихад, ки чигар чи тавр кор мекунад. Болоравии он  – нишонаи (симптоми) гепатит, бемории санги талха, вайроншавии эритроситхо Билирубини мустаким то 15,4 мкмоль/л Зиёдшавии он ба гепатит ишора мекунад, шахшавии сафро (захра) (застой желчи (холестаз)), сиррози чигар Билирубини гайри мустаким то 4,6 мкмоль/л Зиёдшавии он оиди пошхурии хучайрахои хун (гемолиз) шаходат медихад,  В12- анемияи камчин (дефицитной анемии) Трансаминазахо – АЛТ (АЛАТ) ва  АСТ (АСАТ)

АЛТ (АЛАТ) –
то 30 МЕ

АСТ (АСАТ) –
то 40 МЕ

Хангоми гепатит, сиррози чигар,  диабети канд, баъзе инфексияхо ва пас аз кабул кардани баъзе дорухо, аз кабили  – тетрациклинхо, парацетамол зиёд мешавад  Карбамид (Мочевина) то  8 ммоль/л Зиёдшавии он оиди раванди (просесси) вазнини инфексиони, гуруснашини, камшавии моъеот (дарунрави, кайкуни, пешобчамъшавии аз хад зиёд), норасоии гурдахо хабар медихад  Креатинин то 0,18 ммоль/л Дарачаи (сатхи) баланд – аломати  норасоии гурдахо. Аз меъёр кам – хуб мешуд ки ин гуна шахс нагзакак гизо хурад Лактадегидрогеназа  (ЛДГ) то 460 МЕ Хангоми зиёдшавии ЛДГ сактаи (инфаркти)  миокарла, беморихои чигар, инфексияхо, омосхо шубха карда мешавад Фосфотазаи ишкори (Щелочная фосфатаза) (ЩФ) 30–85 МЕ Зиёдшавии он ба беморихои чигар дар якчояги бо шахшавии сафро (захра), рахит, барзиёдии функсияи гадудхои сипаршакл (гиперпаратиреоз) хос аст.

Инхо факат бузургихои (параметрхои) асосии тахлили биокимиёвии хун мебошанд  – онхо хамаги аз сад-то зиёд хастанд. Онхо барои ташхиси дакик заруранд, яъне он вакте ки ночурии организм аллакай дарёфт карда шудааст. Дар ин гуна холатхо тахлили васеъи биокимиёвии хун таъин карда мешавад, ки барои хар як бемории алохида хосса аст.

Баъзе тачхизотхо (аппаратхо)  когази чопшудаи натичаро на факат бо меъёрхо (одатан сутунчаи тарафи рост) нишон медиханд, балки онро бо ситорачахо ва кавсайни махсусе низ ишора мекунад. Се холати мавкеъи ситорача дар дохили кавсайн ва як мавкеъи берун аз кавсайн — ё дар тарафи чап ё дар тарафи рост, пешбини шудааст. Ситорача аник дар мобайни кавсайн – нишондиханда идеали аст. Ба тарафи кавси чап чафс шудааст – меъёри аст, аммо дар сархади поёни, ба тарафи кавси рост чафс шудааст – меъёри аст, аммо дар сархади болои. Ситорача берун аз кавсайн дар тарафи чап – натича аз меъёр пасттар аст. Сиртора берун аз кавсайн дар тарафи рост – аз меъёр болотар аст.

ТАРЗИ ДУРУСТ СУПОРИДАНИ «ТАХЛИЛИ БИОКИМИЁВИ»

Хун барои ин тахлил аз вена гирифта мешавад. Агар шумо харос дошта бошед, поквичдонона хамшираро огох намоед: вай пахтаеро бо спирти навшотири тайёр мекунад ва барои холатхои гайричашмдошт омода хохад буд. Хангоми гирифтани хун саратонро ба дигар су гардонед ва нигох накунед, ки чи тавр ба венаи шумо сузан мехаланд ва пробиркаро аз хун пур мекунанд. Барои он ки дар бораи дард фикр накунед, хангоми сузанхалони ба пустатон, шумо бо биниатон охиста ва чукур нафас кашед.

Ба лаборатория аз пагохии барвакт ва бо шиками гурусна омадан зарур аст. Ин сахтгири асоснок аст (сабаб дорад): хатто пас аз пиёлаи чой, кофе ё стакани кола дарачаи глюкоза дар хун боло меравад, дигар нишондихандахо низ метавонанд тагйир ёбанд ва дар ин холат тахкикот гайриинформативи мешавад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …