Главная / Чамъият / Тахия ва мувофикасозии хуччатхои лоихави барои сохтмони бино ва иншоот

Тахия ва мувофикасозии хуччатхои лоихави барои сохтмони бино ва иншоот

Моддаи 63-и  Карори шахрсози. Тахия ва мувофикасозии хуччатхои лоихави барои сохтмони бино ва иншоот

  1. Сохтмони бинохо, иншоот, мачмааи онхо ва кисмхои алохидаи онхо, иншооти инфрасохтори ичтимои, истехсоли, наклиёти, мухандиси ва ободонии худудхо дар асоси хуччатхои лоихави ба сохтмон, ки бо ташаббуси фармоишгар ва аз хисоби у тахия мегардад, амали карда мешавад.
    2. Таркиб, тартиби тахия, мувофикасози ва тасдики хуччатхои лоихави барои сохтмони бино ва иншоот аз тарафи макоми ваколатдори давлати дар сохаи меъмори ва шахрсози мукаррар карда мешавад.
    3 . Фармоишгар бе хуччатхои лоихави дар мувофика бо макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати метавонад корхои зеринро анчом дихад:
    – бунёди иморатхои муваккати дар китъахои замини наздихавлигии манзилхои шахси ё китъахои замини чамъиятхои богу токпарвари ва сабзавоткори, инчунин бинохои истикомати ва (ё) хочагию маиши барои корхои мавсими ва чаронидани чорво дар чарогох;
    – дигаргунсозии бинохои аз чихати техники номураккаб, ки барои истифодаи шахсии шахрвандон пешбини шудаанд. Карор оид ба дохил намудани бино ва иншооти аз чихати техники номураккаб аз чониби макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати кабул карда мешавад;
    – сохтмони бинохои хочагию маишии иловаги ба иморатхои мавчудаи заминхои наздихавлиги ё заминхои чамъиятхои богу токпарвари ва сабзавоткори, ободонии онхо, хамчунин васлкунии иншооти охании муваккати дар ин хавлихо дар холате, ки онхо манфиати шахсони дигар ё манфиати давлатро махдуд намесозанд, бе мувофика бо макомоти махаллии меъмори ва шахрсози амали карда мешаванд.
    4. Иморатсоз хукук дорад бо ташаббуси худ тайёр кардани хуччатхои лоихавии дар кисми 3 моддаи мазкур пешбинишударо таъмин намояд.
    5. Намуди корхо оид ба тайёр кардани хуччатхои лоихави, ки ба амнияти бино ва иншоот таъсир мерасонад, бояд танхо аз тарафи шахсони вокеи ё хукукие ичро карда шаванд, ки ичозатномаи дахлдор доранд.
    6. Барои омода намудани хуччатхои лоихави аз чониби иморатсоз ё фармоишгар тибки шартнома ба тахиягари лоиха хуччатхои зерин пешниход карда мешаванд:
    – хуччатхои тасдиккунандаи хукуки истифодаи китъаи замин;
    – супоришхои меъморию банакшагири;
    – хуччати тасдиккунандаи тахкикоти мухандисию геологи ва мухандисию геодези (хангоми зарурат);
    – шартхои техники (дар холатхое, ки агар фаъолияти объекти сохтмонии ба лоиха гирифташаванда бе васл кардани чунин объект ба шабакахои таъминоти мухандисию техники имконнопазир бошад).
    7. Тахиягарони хуччатхои лоихави барои кабули карор оид ба масъалахои лоихави ва мутобикати онхо ба санадхои меъёрии хукуки ва техники масъул мебошанд.
    8. Коидаю тартиби пешбурди корхои пудрати хангоми ичрои хуччатхои лоихави (лоихавию сметави) мувофики конунгузории граждании Чумхурии Точикистон ва Кодекси мазкур мукаррар карда мешаванд.
    9. Дар як вакт тахияву экспертизаи лоихахо ва ичрои корхои сохтмони дар бино ва иншооти ахамияти чумхуриявидошта дар холатхои истиснои бо ичозати Хукумати Чумхурии Точикистон анчом дода мешаванд.
    10. Хуччатхои лоихавие, ки аз руи онхо дар давоми се сол ва зиёда аз он пас аз тахияи ин хуччатхо корхои сохтмони шуруъ нагардидаанд, метавонанд барои татбик пас аз гузаронидани экспертизаи нав ва тасдиккунии нав бо тартиби мукаррарнамудаи Кодекси мазкур истифода бурда шаванд.
    11. Ташкилотхое, ки шабакахои мухандисиро истифода мекарданд, вазифадоранд дар мухлати мукарраргардида ба аризадиханда мувофики шароити техникии он пайвасткунии иншооти сохтмонии сохташуда ё тачдидгардидаро ба шабакахои мухандиси таъмин намоянд.
    12. Коидахои пайвастшави ба шабакахои мухандиси ва хизматрасонии коммуналиро Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар менамояд.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …