Главная / Биология / Тагйири шакли навда, решапоя, лунда, пиёзак

Тагйири шакли навда, решапоя, лунда, пиёзак

Баъзе растанихои бисёрсолаи алафи гуё “анборхои” махсуси зеризамини доранд. Дар фасли тирамох узвхои руизаминии ин растанихо аз сабзиш боз монда, хушк мешаванд. Реша ва навдаи шаклдигаркардаи онхо дар зери хок боки мемонад. Онхо бо сабаби вазифахои нав пайдо карданашон ба узвхои руизаминии мукаррари монанд нестанд. Махз дар чунин навдахои шаклдигаркарда барои сабзишу инкишофи минбаъдаи онхо моддахои органики захира мешаванд. Решапоя, лунда ва пиёзак навдахои шаклдигаркарда мебошанд.

resha

Дар бисёр растанихо, аз он чумла дар газна (тавланг), гумой, шакоик , гули ливондар, аспидистра (растании хонаги) решапоя дида мешавад. Агар решапояи ягонтои ин растанихоро аз замин кофта гирем, мебинем, ки вай зохиран ба реша монанд аст. Вале дар он чун дар пояи руизамини сармугча ва бармугча (мугчаи пахлуи) ва инчунин пулакчахои пардамонанд (ё баргхои шакпдигаркарда) мавчуд аст. Одатан аз решапоя решахои иловаги инкишоф меёбанд. Аз мугчахои нуги ва пахдуи дар фасли бахор пояхои навраси руизамини меруянд. Онхо то сабзидану инкишофи пояи руизамини аз хисоби моддахои гизоие, ки тирамох дар решапояашон захира карда буданд, гизо ме- гиранд. Агар чузъи решапояро, ки мугча ва решахои иловаги дорад, дар хок шинонем, вай хамчун растании мустакил нашъунамо мекунад. Бисёр растанихои бисёрсолаи ороиширо тавассути ба чузъхо (кисмхо) чудо кардани решапояашон афзун мекунанд.

Растанихои лундахосилкунанда кам вомехуранд. Растании кар- тошка, ноки замини (топинамбур) ва гули хавоборонак (равгандуз- дак) низ лунда доранд. Лундаи картошка аз мугчахои зерихоки бо- тадрич дар фосилаи муайяни вакг хосил мешавад. Аввало аз мугчаи дар бехи (буни) пояи руизамини инхишофёфта пояи борику дароз ва сафеди зерихоки — столон хосил мешавад. Сипас нуги столон гафс гардида, ба лунда табдил меёбад. Лундаи картошка хлорофилл надорад, вале агар ба рушнои гузорем, сабз мешавад.

Дар сатхи берунии лунда чо-чо чукурчахои 2-3 мугчадор дида мешаванд, ки онхоро чашмакчахо меноманд. Дар кисми нугии лунда чашмакхо бисёранд. Тарафи мукобили кисми нугиро асос ё буни лунда мегуянд. Лунда бо бунаш ба столонхо пайваст аст.

Хусусиятхои сохти лундаи картошка ба он далолат мекунад, ки вай навдаи шаклдигаркардаи зерихокист.

Тавассути поя аз барги картошка ба столонхо мудом (доимо) моддахои органики чори гардида, дар намуди охар дар нуги гафсшудаистодаи столонхо захира мешаванд. Агар лундаи картошкаро бурида ба он як катра махлули сероби йод чаконем он кабудранг мегар- дад. Ин холат ба мавчуд будани охар шаходдт медихад.

Бисёр растанихои бисёрсола — пиёз, гули занбак, лола, наргис, пиёзи гоз, сиёхалаф ва гайрахо пиёзак доранд.

Пиёзакро хамаи шумо дидаед. Дар чузъи поёнии пиёзаки (буни) пиёз пояи хеле кутоху пахндилак ё узак чой гирифтааст. Дар узак баргхои шаклдигаркардаи пулакчамонанд чойгир шудаанд. Агар пулакчахои даруни сермагзу сероб бошанд, пулакчахои беруни баръакс хушк ва чарммонанданд. Дар пулакчахои даруни об ва канди дар он халгардида ва дигар моддахо захира шудаанд. Дар узак мавчуд будани мугча, ки дар багали пулакчахо чой гирифтааст, шаходат медихад, ки пиёзак навдаи шакпан дигаршуда мебошад.

Агар пиёзакро дар замин шинонем, аз тарафи поёни узак патак- реша месабзад. Баъзан аз мугча пиёзакчахои наврас инкишоф меё- банд, ки онхоро мугчапиёзакчахо меноманд. Аз хар кадоми ин мугчапиёзакчахои наврас метавонад растании мустакил руяд.

  1. Кадом хелхои тагйири шакли навдаро медонед?
  2. Решапоя аз реша бо чи фарк мекунад?
  3. Столон чист?
  4. Лундаи картошка чи тавр инкишоф меёбад?
  5. Дар лундаи картошка кадом моддаи органики бештар гун шудааст?
  6. Пиёзак чи гуна сохт дорад? Чи тавр бояд исбот кард, ки пиёзак навдаи шаклдигаркарда аст?

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …