Главная / Чамъият / Тагйир ёфтани шароити мехнат

Тагйир ёфтани шароити мехнат

Моддаи 31-и Кодекси Мехнат. Тагйир ёфтани шароити мехнат

  1. Корфармо хукук дорад шароити мехнатро тагйир дихад, агар чунин тагйирот дар технология ва ташкили истехсолии мехнат пешаки мукаррар шуда бошад.
  2. Бо шартномахои коллективи мумкин аст машварати пешаки бо намояндагони кормандон оид ба тагйирёбии шароити мехнат барои гуруххои алохидаи кормандон пешбини карда шавад.
  3. Корфармо ухдадор аст кормандонро оид ба дар оянда тагйирёбии шароити мехнат на дертар аз ду мох огох созад. Агар корманд дар шароити нави мехнат ба идомаи кор рози набошад, пас шартномаи мехнати метавонад катъ карда шуда, ба у барои аз кор рафтан ба андозаи на камтар аз ду маоши миёнаи мохона кумакпули пардохт карда шавад. Корманд хукук дорад дар бораи аз чониби корфармо тагйир додани шароити мехнат ба суд мурочиат кунад. Хангоми баррасии бахс корфармо ухдадор аст, исбот намояд, ки нигох доштани шароити пештараи мехнат имконнопазир аст.
  4. Дар мавридхое, ки тагйирот дар истехсолот, мехнат ва хачми кор боиси ба таври оммави аз кор озод гардидани кормандон мегардад, корфармо бо максади нигох доштани чойи кори хукук дорад бо розигии намояндагони кормандон, бе риояи мухлати огохони, ки кисми 3 моддаи мазкур пешбини намудааст, шароити мехнати кормандонро тагйир дихад.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …