Главная / Чамъият / Тафтишоти маъмури

Тафтишоти маъмури

Моддаи 86-и Кодекси хукуквайронкунии маъмури. Тафтишоти маъмури 

  1. Агар баъди ошкор кардани хукуквайронкунии маъмури дар сохаи конунгузории зиддиинхисори, бонки, асъори, андоз ва гумрук, конунгузори дар бораи монополияхои табии, таъмини амнияти санитарию эпидемиологии ахоли, хифзи мухити зист, коидахои харакат дар рох, наклиёт, танзими  давлатии истехсол ва муомилоти спирти этили, машрубот, инчунин махсулоти тамоку, бехатари  аз сухтор, конунгузори дар бораи реклама, хукукхои муаллифи ва  хукукхои вобаста ба он, химояи хукуки истеъмолкунандагон, интихобот ва раъйпурси, ичозатномадихи ба баъзе намудхои фаъолият зарурати  анчом додани экспертиза ва дигар харакатхои мурофиави ба миён омада, вакти зиёдро талаб намоянд,  дар ин сурат тафтишоти маъмури гузаронида мешавад.
  2. Карор дар бораи огоз кардани  парвандаи хукуквайронкунии маъмури ва гузаронидани тафтишоти маъмури аз чониби шахси  мансабдоре,  ки  тибки талаботи  моддаи 80 Кодекси мазкур барои тартиб додани протокол дар бораи хукуквайронкунии маъмури ваколатдор мебошад, дар шакли карор, аз чониби прокурор низ, дар шакли карор фавран баъди ошкор гардидани хукуквайронкунии  маъмури кабул  карда мешавад.
  3. Тафтишоти  маъмури дар чойи содиршави ё ошкор   гардидани хукуквайронкунии маъмури гузаронида мешавад. Тафтишоти маъмури оид ба парвандаи хукуквайронкунии маъмури, ки аз чониби шахси мансабдори ваколатдор оид ба тартиб додани протоколи хукуквайронкунии маъмури огоз карда шудааст, аз чониби худи у ва бо карори сардори макоме, ки парвандаи хукуквайронкунии маъмури дар пешбурди он карор дорад ё муовини у аз чониби шахси дигари мансабдори ваколатдор оид ба тартиб додани санади хукуквайронкунии маъмурии ин макомот гузаронида мешавад.
  4. Мухлати тафтишоти маъмури наметавонад аз як мох зиёд бошад. Дар холатхои истиснои дар асоси дархости шахси мансабдори ваколатдоре, ки дар баррасии у парвандаи хукуквайронкунии  маъмури карор дорад, ин мухлат мумкин аст аз чониби  шахси мансабдори болои ба мухлати на зиёдтар аз як мох, нисбати  парвандахо оид ба риоя накардани конунгузори дар бораи монополияхои табии, конунгузории зиддиинхисори ва коидахои гумрук бошад, аз чониби сардорони макомоти болои ба мухлати то се мох дароз карда шавад.
  5. Баъди ба охир расидани тафтишоти маъмури протоколи хукуквайронкунии маъмури тартиб дода мешавад ё дар бораи катъ кардани пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури карор кабул карда мешавад.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …