Главная / Маданият ва санъат / Таёр кардани андоза ва буридан. Сохтани колаб

Таёр кардани андоза ва буридан. Сохтани колаб

Барои ченаки васеии кисми поёни пешдоман бояд ба ченаки Нчр (нимченаки рон) хакки чок дода мешавад. Барои он ки пешдоман озод ва кисми пахлуии ронро пурра пушад. Барои он ки дар вакти кашидани накша хонанда онро бояд хонда тавонистанаш лозим. 

Мисол:

  1. Чузъхои пешдоман аз якдигар фарк дорад, пешдоман кисми болоии пешдоман хурдтар аз кисми поёни маснуот ва ба тарафи кисми болоиаш камтар сиконда шудааст.
  2. Кисми киссаи он ба чоркунча кисми поёни пешгир ба рост кунча монанди дорад.
  3. Номгуи ва аломатхои шартии хатхои ронро муайян карда, аз чусса онро ёфтан осонтар аст.
  4. Муайян кардани холати буришхо ва нуктахои накша дар маснуот. Аввал дар маснуоти тайёр ва баъд аз чусса нишон додан мумкин аст.
  5. Муайян кардани бузургихои ченкуни, ки аз он дигаргунии накша дидан мумкин аст.

Агар хонанда накшаро нагз хонада тавонад ва ба хатхои асосиро фарк карда тавонад барои андозаи худ аз ченаки гирифтанаш колаб сохта метавонаш.

Сохтани колаби руймоли сарбанд ва пешдоман

buridanБарои бурида духтани маснуот албатта бояд колаб бошад. Колаб- ин накшаи чузъи ки ба андозаи асли баробар аст. Як маснуот аз якчанд чузъхо иборат мебошад.

Колабро бе назардошти хакки чок асосан ба ними маснуот тайёр мекунанд. Ба колаб номи чузъхоро мегузоранд ва тарафхои равиши риштахоро асосан муайян мекунанд, чои кат ва миёначои мато ва шумораи колабхоро муайян месозанд.

Колабхоро аз когази гафс, борик (калька, калёнка. салафанхои гафс) месозанд.

Колабхои асосиро аз руи накшахои асоси, ки дуруст ченак гирифта шудаанд тайёр мекунанд. Намудхои фасонхои гуногуни мураккабро аз руи колаби асоси бо чадвали секунча, (лекало), калам, хаткуркун ва гайра тагир додан мумкин аст.

Тартиб додани фасонхои гуногуни соддатар аз руи колаби асоси чахонбини ва тафаккури хонандаро васеъ намуда, бодиккати, фахмиши чукур оид ба фасонхои зебопарасти, майлу рагбат, махорату малака оид ба духтани маснуотро пайдо мекунанд ва дар навбати худ дар баробари ин интихоби фасонхои гунонгунро дар интихоби матоъ меомузанд.

Пеш аз он ки колабро ба андозаи худ тайёр кунанд, бояд ба дафтар бо чадвали микёси М1:4 якчанд бор машк карда, кашида буридан лозим, то ки малака нисбати буридани колаб пайдо шавад.

Чадвали микёси мувофики стандарт якчанд хел мешавад. Мисол, дар вакти кам кардан ва хурд кардани андоза М1:2, 1:5, 1:10, яъне ду маротиба панч ва дах маротиба хурд.

Дар вакти калонкуни маштаби 2:1, 5:1, 10:1 яъне ду маротиба, панч ва дах маротиба калон мешавад.

Ба гайр аз ин боз микёсхои 1:2,5 (2,5:1), 1:4 (4:1) Барои духтани либос ва сохтани колаб, хонандагон асосан бо микёси 1:4-ро истифода баранд бехтар аст. Агар худи чадвал набошад, хонандагон метавонанд аз варакаи катаки дафтари одди истифода баранд. Барои мустахками варака ба кафои чадвали 30 см, картон ё фанери часпондан мумкин аст.

Дар накша хатхои асосиро бо хатхои яклухти гафс чудо карда, якчанд бор чен карда ва бовари хосил карда, баъд онро буридан лозим аст. Кабл аз буридани колаб хонандагон аввал ба муаллим онро нишон дихад ва хатогихои содиршударо ислох намоянд.

Баъд аз буридани колаб боз як бор онро бояд санчид, ки дар андоза тагироти калон нашуда бошад.

Барои колаб шаблонхо бо ёрии чадвалхои секунча кунчак ва гайра тайёр карда мешаванд. Колаби тайёрро ба асоси накша мувофикат мекунанд, ки он якхела аст ё не, яъне аз гирифтани ченаки дурусти колаб сахехтар тайёр мешавад.

Дар вакти буридани колаб ба кайчи задани даст ахамият дихед, ки хатхои буридашудаи колаб рост хамвор бошад ва нуксон надошта бошад, яъне тарафхои пахлуии колаб арра-арра набошад. Коидахои буридан ва кор бо кайчиро донистан лозим аст.

Баъд аз машк кардан бо маштаби 1:4 баъд бо чадвали метри андозаи асосиро тайёр мекунем.

Оё шумо медонед

Колаб, ки барои буридани матоъ лозим буд хануз дар асри Ч матоъ истифода бурда мешуд. Колабро чевархо эхтиёткорна нигох медоштанд, ки аз руи колаб нусхабардори накунанд. Аз соли 1860 баровардани колабро дар истехсолот ташкил кардан. Асосан фирмаи Е, Бавттерика дар солхои 1826- 1903 колабхоро мебаровард.

Савол ва супориш

1.Барои сохтани колаб чихоро ба назар мегиранд?

2.Дар вакти кашидани колаб кадом чадвалро истифода мебаранд?

3. Колаби пешдоман варуймоли сарбандро ба андозаи худ тайёр намоед.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …