Главная / Чамъият / Тадбирхое, ки хифз, бехтар гардидани холат ва низоми обро таъмин мекунанд

Тадбирхое, ки хифз, бехтар гардидани холат ва низоми обро таъмин мекунанд

Моддаи 121-и Кодекси оби Чумхурии Точикистон. Тадбирхое, ки хифз, бехтар гардидани  холат ва низоми обро таъмин мекунанд

Тадбирхое, ки хифзи обро аз ифлосу олудашави ва камшави, инчунин бехтар гардидани холату низоми обро таъмин  мекунанад, инхо мебошанд:

-технологи – тадбирхое, ки ба сохтмони системаи гардиши оби таъминоти саноати об, объектхои тоза ва безараргардонии оби партов, ташкили равандхои технологии объекти истехсолоти саноати ва кишоварзи равона шудаанду кори устувори  объектхои тоза ва  безараркунандаи оби партов, ташкили равандхои технологи, ки пайдошавии обхои ифлосшудаи партовро истисно мекунанд, таъмин  менамоянд;

-мелиоративии чангал ва агротехники – тадбирхое мебошанд, ки мустахкам кардани сохилхои объектхои об, мухофизати онхоро аз вайрон ва ботлокшави, инчунин  муътадил ва бехтар гардидани низоми табии чоришавии объектхои обро  таъмин мекунанд;

-гидротехники – тадбирхое, ки барои таъсиси система ва объекти  гидротехникии таъминкунандаи шароити мусоиди истифодаи об ва  мустахкамии  сохилхо, инчунин дар мавридхои зарури тозакунии мачрои дарёхо, каналхо, каъри чуйборхо, кулу обанборхоро аз обовардхою  тахшинхои зараровар равона карда шудаанд;

-санитарию техники – тадбирхое, ки безарар ва бесирояткунии оби  партови ба объектхои об  партофташаванда, инчунин хифзи санитари ва  ободонии худуди наздисохилии тахти фаъолияти хочаги кароргирифтаро таъмин менамоянд;

-дигар  тадбирхои имконпазир, ки хифзи обро таъмин намуда, ба  бехтар шудани холату низоми он мусоидат мекунанд.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …