Главная / Маданият ва санъат / Таъсири эчочодиёти Бедил ба адабиёти точик

Таъсири эчочодиёти Бедил ба адабиёти точик

Гуломалихони Озод дар «Хизонаи Омира» минависад, ки: «…ахли Багдод забони араби ва форси – хар дуро медонанд, суфиёни он чо дар мачолиси завк ва самоь аз забони араби бештар ашьори Ибн-ул-Форизи Мисри ва аз забони форси аксар маснавии Носирали мехонданд. Ин гувохи он аст, ки Носирали дар кисмати гарбии Эрон ва Бедил голибан дар кисмати шарки машхур шудаанд».

«Таьсири Бедил, – менависад С.Айни – дар назму наср аз хама чо зиёдтар дар Осиёи Миёна ривоч гирифта ва то Инкилоби октябр давом кард». Вале касе аз пайравон комилан комёб нашудааст. Гуё худи Бедил инро хануз дар замонаш хис карда бошад, ки мегуяд:

Муддай, даргузар аз даъвии тарзи Бедил, Сехр мушкил, ки ба кайфияти эъчоз расад.

Пайравони Бедил асосан уро дар шакл пайрави кардаанд. Ба мазмуну мундаричаи ашъори Бедил касе ворид шуда натавонистааст». Печидагии маъно ва дастнорасии умки андешаву фикр ба он оварда расонд, ки кисми зиёди пайравон сарддил шуда даст мекашидаанд. Бо вучуди он чанд тан аз шоирони точики Осиёи Миёна: Сарир, Сират, Исои Бухорои, Туграл, Асирии Хучанди, Чавхари Бедилро хеле хуб пайрави кардаанд. Охирин шоири точик, ки ба Бедил нисбатан ухдабароёна таклид кардааст, Зуфархон Чавхарии Истаравшани мебошад, ки 16-уми феврали соли 1945 аз олам гузаштааст.

Дар мадрасахо пас аз китобхои таълимии исломи, аз шоирон аввал Хофиз ва сони Бедил омухта мешуд.

Хатто дар бисёр марказхои илми-адаби: Бухоро Самарканд, Хучанд, Истаравшан мактабхои умумии бедилхони вучуд дошт.

Савол ва супоришхо:

  1. Оид ба таваллуд ва овони чавонии Бедили Дехлави маълумот дихед.
  2. Бедил дар синни чандсолаги ба шеъргуи огоз кардааст?
  3. Кадом хешовандони Бедил дар камолоти маънавии у сахм гузоштаанд?
  4. Бедил ба кадом шахрхои Хиндустон сафар кардааст:
  5. Сабаби бо Мирзо сар шудани номи шоир ва хешовандони уро шарх дихед.
  6. Поёни умри Бедил дар кадом шахр гузаштааст?
  7. Таркиби «Куллиёт»-и Бедил кадом асархоро дар бар гирифтааст.
  8. Кадом асархои насрии Бедилро медонед?
  9. Мазмуну мухтавои маснавихои «Тури маърифат» ва «Тилисми хайрат»- ро баён кунед.
  10. Маснавии «Мухити аъзам» дар кадом мавзуъ эчод шудааст?
  11. Калонтарин маснавии шоир чи ном дорад ва мазмуну мухтавои онро баён кунед.
  12. Мазмуни мухтасари маснавии «Комде ва Мадан»-ро накл кунед.
  13. Кадом кахрамонхои маркази ва лахзавии маснавии мазкурро медонед?
  14. Гузориши адлу одили дар маснавии «Комде ва Мадан».
  15. Кадом асархои насрии Бедилро медонед?
  16. Таркиби «Девон»-и Бедили Дехлавиро баён кунед.
  17. Тазали «Айш донад дили саргашта парешониро» азёд гуед.
  1. Мазмуни газали «Рамиданхо зи авзои чахон тарзи дигар дорад»-ро накл кунед.
  2. Газали «Чашми ту ба холи ман гар ним назар хандад» ба кадом мавзуъ бахшида шудааст?
  3. Махорати эчодии шоирро дар газали «Аз губори чилваи гайри ту то бастам назар» шарх дихед.
  4. Дар хусуси чахонбини ва акоиди ичтимоии Бедил чи медонед?
  5. Назари Бедил оид ба хислатхои хамидаи инсони ва мазаммати ахлоки разила.
  6. Услуб ва хусусиятхои бадеии ашъори Бедилро баён намоед.

Пайравони Бедил дар Мовароуннахр кихо буданд?

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …