Главная / Гуногун / Таърихи мардуми Турони

Таърихи мардуми Турони

Пас чаро, аз шунидам ду сол мукаддам дар кадом конфронс, дар Казокистон, ки устод Мехмон Бахти ширкат варзидаанд, иддае аз туркзабонони муосир даъвои турони кардаанд ва бо вучуди он ки устод чавоби сахех додаанд, боз ним зиёди онхо дар акидаи худ мондаанд?

Турониён хамон гавхари асили башариятанд, ки туркхо аз таърихи онхо мафтун шуда, дар охири асри XIX ва ибтидои асри XX аз акибмондагии халкхои китъаи Осиё истифода карда, мафхуми Турониёнро бо мафхуми Туркистон махлут сохтанд ва гояи Турони Бузургро тархрези намуданд.

Онхо соли 1911 дар атрофии созмони  «Тюрк очаги» (Конуни турк») гирд омаданд. Чи тавре ки муаллифи китоби «Турон» Текин Алп накл мекунад, дар созмони «Турк очаги» бо максади «бо шамшеру оташ» забт намудани Турони Кабир барномаи хадди акал ва хадди аксар тартиб дода шуда буд, ки он мебоист дар ду мархала ичро мешуд. Дар мархалаи аввал туркхоро лозим буд, ки Турони Хурд ё Навро дар худуди аз Байкал то Истамбул ва аз Мугулистон то Казон забт намоянд, дар мархалаи дуюм аз сохилхои бахри Япон то кухсорони Искандинавия ва аз Укёнуси яхбастаи шимоли то фалоти Табат «Турони Кабир»-ро ба вучуд оваранд. Барои расидан ба ин максад зарур буд, ки чангхо ва юришхои бемислу монанд, амсоли Чингиз, огоз ёбад».

Давид Фрейзер, мусташрики англис, дар китоби «порс ва Туркия» (Лондон, 1910) навишта буд, ки пантуркистон «хостанд албанхо, арманиён, яхудиён, юнониён, арабхо, суриягихо, курдон ва макдунихоро мачбур созанд, ки аз хусусиятхои миллии худ даст кашанд, ба халки ягонаи турк мубаддал шаванд, то ки лафзи аслии модарии худро фаромуш карда, ба забони турки гузаранд».

Мухсини Умарзода аз сиёсати туронгарои ба шур омада навишта буд: «Сиёсати «туронгарои»-и Туркия барои такдири точикони Осиёи Миёна низ бе таъсир намонд. Форсии точики, ки то Инкилоби Октябр дар саросари кишвари мо забони давлати ва василаи гуфтугуи миллионхо нафар мардуми тахчои буд ва бо ин лафзи ширину бенихоят бой (пурсарват) осори бехамтои Рудаки ва Носири Хусрав, Абулкосими Фирдавси ва Ибни Сино, Абурайхони Беруни ва Абулфазли Байхаки, Чалолуддини Балхи ва Фаридуддини Аттор, Саъди ва Хофизи Шерози, Анвари ва Абдурахмони Чоми ва монанди онхо хазорон тани дигар офарида шуда буданд, якбора аз мактабхо, аз матбуот, аз муомилоти расми дур андохта шуд. «Мувофики акидаи Нёлдеке, мегуяд академик В.В. Бартольд, истилои Давлати Сомониён аз тарафи туркхо, «яке аз фочиахои хузновари сахттарин дар таърихи ин мамлакат буд» Соли 1924 Нёлдеке аз нав ба ин масъала баргашт ва боз акидаи хешро таквият дод, ки хамлаи туркхо ба олами мутамаддини мусулмони аз замони шикасти Давлати Сомониён «бадбахтии умумичахонии таърихии дарачаи якум буд».

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …