Главная / Чамъият / Таърихи Парчами Точикистон

Таърихи Парчами Точикистон

Таърихи пайдоиши парчам хамчун рамзи милли ва давлатдори ба даврахои бостонии таърих рафта мерасад. Махсусан, дар хаёти мардуми Эронзамин пайдоиши парчам ба замонхои хеле кадим ишора мекунад. Масалан, дар заминаи чустучухо бостоншиносон дар шаркии кадимаи Эрон ливои хурди филизиеро пайдо намуданд, ки таърихи он ба хазораи сеи пеш аз милод рост меояд. Ин бозёфт, ки дар он расми шер ва тулуи офтоб акс ёфтааст, яке аз кадиматрин ливо дар таърихи башари хисобида мешавад.

Парчами Точикистон - байрак
Сурати парчам – байрак

Дарвокеъ, то замони бавучудоии парчам дар шакли имрузааш, дар огоз ливо хамчун рамз ё нишонаи даъват ба муттахиди ва мубориза истифода мешуд. Вале он на дар шакли имрузааш, ки аз матоъ ва аломатхои тасвиршуда иборат аст, балки ашёи гуногунро дар бар гирифта, муносибати одамонро ба ин ва ё он чамъият, маслан ба кабила, кушун, равияхои дини ва гайра ифода мекард.

Ливо дар шаклхои мухталиф зохир мешуданд: магзи сари пешвои тавоно, ки дар чуби дароз насб шудааст, чубе, ки дар он пусти хайвони вахши насб шудааст, хода бо шахахои гуногуне, ки дар он ашёи гуногун овеза шудааст, тумор, тасвири «худо»-хо, руххо ва гайра.

Хануз дар гузашта рушди рамзхои ливо ва такмилёбии унсурхои он ба таквиятёбии корхои чанги мусоидат менамуданд. Ливо чун коида, дар муборизахо маркази лашкар ва ё макони чойгиршавии пешвои чангро ифода мекард. Ба даст даровардани ливои душман одатан ракибро аз лихози маънави шикаст медод, зеро аз даст рафтани ливо ифодагари он буд, ки пешво мурдааст ва ё у асир гирифта шудааст. Хамчунин, ливо накши даркнамоиро ичро мекард: хангоми чанг аз руйи он чанговарон ё муттахид мешуданд ва ё акибнишини мекарданд. Ба даст овардани ливо чун одат маънои галаба бар болои ракибро дошт. Чихати мазкур, яъне такдирсоз будани ливо бо мурури замон онро ба як унсури мукаддасе табдил дод, ки эхтиром ва эхтиёташ хислати хатми дорад.

Бо мурури замон ливо тагйир ёфта, шакли ягона ва мукарраршударо ба худ гирифт. Ба он акнун тасма ва ё пораи латтаро насб мекарданд. Илова шудани матоъ ба ин рамзи кадима чихати дигареро хусусияти хатми бахшид: акнун он бояд хатман дар хаво алвонч мехурд ва ин хусусиятро танхо матоъ метавонист дошта бошад. Тибки сарчашмахои таърихи аввалин ливои матои (то ин вакт пусти, пашминадор, филизи ва гайра истифода мешуданд) дар Чин ба вучуд омаданд. Ба эхтимоли голиб ин ба он вобаста буд, ки Чин маркази истехсоли масолехи абрешимие ба шумор мерафт, ки ба тамоми чахон содирот мешуд. Хамин тавр, дастрасии давлатхо ба ин ашёи хом ва фарханги бойи хитойи идеяи ташаккули ливоро ба куллаи нихои оварда расонид.

Ливо акнун матоеро ташкил медод, ки ба чуб насб шуда, бо рамзхо ва аломатхои гуногун ороиш меёфт. Матоъро ё аз тасмахои рангаи мухталиф омода мекарданд ва ё онро ранг мекарданд. Хар як ливо ба рамзе табдил меёфт, ки назири худро надошт ва дар худ иттилоъи муайянро ифода мекард.

Дар «Шохнома»-и Фирдавси низ дар чое ливо дар шакли чарминаи мукаррари (Дирафши Ковиён) ва дар чои дигар дар шакли чарминае, ки дар он сурати говазн акс ёфтааст (Дирафши Сиёвуш), зикр мешавад. Мутаасифона оид ба он ки дирафш чи гуна ранг, таркиб ва андоза дошт, дар «Шохнома» маълумот дода нашудааст.

Дар Аврупо чунин ливохо каме баъдтар ба вучуд омаданд ва ба якчанд намудхо чудо шуданд: давлати, харби, дини ва гайра.

Ливои давлати барои хама умуми махсуб ёфта, аз рамзи хокимияти давлати иборат буд. Баъзан дар он маълумот оид ба рохбари давлат низ дарч карда мешуд.

Ливои харби бошад, хос барои хар як вохиди харби буда, дар он рамз ва номи чузъу том инъикос меёфт. Зарурат ба чунин ливо дар холате ба вучуд меомаданд, ки сархади давлати ва ё майдонии харб васеъ мешуд. Муфид будани истифодаи ливо низ ба он вобаста буд, ки хангоми мухориба сарлашкар метавонист дар кучо карор доштан ва ба кадом самт харакат кардани чузъу томро назора намояд. Аз тарафи дигар, васеъшавии сархади давлати талаботро барои ташкили кушуни сершумор ва доими ба вучуд оварда буд, ки химояи сархади давлати бе он имконнопазир мегардид. Аз ин ру, барои муносибии идораи кушуни бешумор дар баробари гузоштани номи махсус, зарурат барои додани рамзи муайн низ ба миён омад, ки яке аз он рамзхо ливо махсуб меёфт.

Ливои дини дар маросимхо ва хам дар корхои харби истифода мешуд. Мисоли ин дар юришхои салиби зохир мешавад. Ритсархо бахри забти Байтулмукаддас тахти ливои калисои католики ва ливои давлатхо ва князигарихо хамла оварданд.

Бояд зикр намуд, ки амалиёти харби байни давлатхо на танхо дар хушки, балки дар бахрхо низ рушд карданд ва воситаи асосии харакати кушунхои бахри каикхои бодбондор ба хисоб мерафтанд. Истифодабарии ливо, ки он барои дар даст гирифтан пешбини мешуд, акнун дар дохили ин каикхо номувофик ба шумор мерафт. Илова бар ин, дар натичаи чунбиш ва ё харкати зиёди дастони сарбозон ливо дар тули ду – се хафта корношоям шуда, зарурати сохтани ливои нав ба вучуд меомад. Холати мазкур кушиши истифодаи ливоро дар тарзи нисбатан мувофик ба миён овард. Ин кушишхо бошанд, аввалин маротиба дар таърих фахми парчамро ба вучуд оварданд.

Парчам асосан аз чониби флотхои бахри барои аз масофи дур дидани киштихо сохта шуда, дар нуктаи аз хама баланди сутуни кишти насб мешуд ва андозаи хеле калон дошт. Метавон гуфт, ки парчам фарзанд ва ё тавлидшудаи ливо аст.

Парчам вобаста ба он ки чи «хизмат»-ро адо мекунад, метавонист андозаи куллан гуногун дошта бошад. Яъне он акнун андозаи васеъ дошта, дар нуктаи баланд насб карда мешуд. Бар замми ин, чуз вазифаи даркнамои ва чудокуни, парчам акун барои ифодаи мавкеи сиёси, варзиши ва шахси истифода мешуд.

Дар парчам метавонад хадафхои инкилоби (соли 1789 дар Фаронса), созандаги ва рушд (досу болга дар парчами давлатхои Иттиходи Шурави) ва сохторию идеологи (калимаи шаходат дар парчамхои давлатхои исломи) истифода шавад. Ба чуз хамчун рамзи давлати, дини ва харби истифода шуданаш, истифодаи парчам ба сифати рамзи милли, тичорати (фирмави), чун рамзи ифодакунандаи муносибат ба ин ё он ташкилот: махалгарои, гурухи варзиши, хизбхои сиёси ва инчунин ба сифати рамзи муборизаи халкхо барои истиклолияти милли маъмул гардид.

Парчам дар хаёти имруза

Дар замони мо нишон ба чузъи асосии фаъолияти ташкилотхо табдил ёфтааст. Ягон гирдихамои, мусобикахои варзиши, бозихо, интихобот ва маъракахои таблиготию ташвикоти бе истифодаи ин унсури дастрас, ибтидои ва дар айни замон маълумотдиханда сурат намегирад.

Беш аз хама, парчамхо ба сифати чузъи зебои истифода шуда, кучаю хиёбонхо ва гулгаштхо бо рангхои парчам оро дода мешаванд. Хамчун ифодаи курбонии рохи ватан сарбозони фавтида бо парчам дафн карда мешаванд.

Парчамхо дар шаклхо ва навъхои гуногун зохир мешаванд:

Вобаста ба махсусиятхои вазифавиашон онхо ба парчамхои кучаги (хиёбони), парчами хучрави, парчами руйимизи, парчамхои ороиши (парчамхое, ки барои ороиш истифода мешаванд), парчамхои дасти (барои чорабинихои оммави) Вобаста ба мансубияти сохториашон бошанд, парчамхо ба чунин навъхо : парчами давлати (умуми), парчами вазоратхо ва муассисахо, парчами ташкилотхои чамъияти, парчами хизбхо ва харакатхои сиёси, парчами фирмави (парчам бо логотипи ширкат) чудо карда мешаванд.

Парчами Точикистон

14 октябри соли 1924 Чумхурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Точикистон таъсис ёфт ва бо карори Президиуми кумитаи марказии ичроияи он аз 23 феврали соли 1924 парчами давлати кабул карда шуд, ки аз матои сурх иборат буда, дар кунчи он нишони давлати бо навиштачоти «Пролетариатхои хамаи давлатхо як шавед» акс ёфта буд.

16 октябри соли 1924 Чумхурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Точикистон ба Чумхурии Шуравии Сотсиалистии Точикистон табдил ва 5 декабри соли 1929 бевосита ба хайати ИЧШС шомил карда шуда. Мохи апрели хамон сол парчам дар тахрири нав кабул шуд. Баъди кабули парчам аз соли 1929 то соли соли 1953 ба он хафт маротиба тахрир ворид карда шуд аз соли 1953 бе тахрир то соли 1991 арзи вучуд кард.

Чумхурии Точикистон 9 сентябри соли 1991 Истиклолияти давлатии худро эълон намуд ва баъди панч мох хамчун чумхурии мустакил узви комилхукуки СММ гардид. Узвият ба СММ дар холе сурат гирифт, ки парчами нави Чумхурии чумхури тахия ва тасдики худро наёфта буд. Вакте маросими ботантанаи узвият ба СММ 2 марти соли 1992 бо бардоштани парчами кишвархои Озарбойчон, Арманистон, Казокистон, Киргизистон, Молдавия, Сан-Марино, Точикистон, Туркманистон ва Узбекситон дар бинои созмон огоз шуд, барои Казокистон, Киргизистон Точикистон, Туркманистон бо далели кабул нашудани парчами нав, парчами ЧШС Казокистон, ЧШС Киргизистон, ЧШС Точикистон ва ЧШС Точикистон бардошта шуд.

То санаи кабули нишон ва парчами давлати чанд мох кабл озмун эълон карда шуд, ки он ба таври пушида чараён меёфт . Дар озмун зиёда аз 200 лоиха пешкаш карда шуд, ки хар як лоихаро комиссияи махсус тахти рохбарии академик Мухамммад Осими мавриди омузиш ва хулосабарори карор медод. Хамаи барандагони озмуни бехтарин парчами милли матои серангаро (матоъ бо се тасмаи рангаро) пешниход намуданд, ки хар як ранг ифодакунандаи мухтавои таърихи гузашта ва имрузаи халки точик буд. Яъне ранги сурх – озоди, сафед – ороми, сабз – ободии давлат ва миллатро бозгу мекард.

Хамин тавр, комиссия кори худро бо интихоби лоихаи парчам ва нишони давлатие, ки аз чониби Хабибуллаев З., Заневский А., Додхудоева Л., Игнатушина Н ва Сайдалиев М пешниход шуда буд, нукта гузошт. Авч гирифтани чанги шахрванди ба тахия ва кабули рамзхои нави давлати монеа эчод кард ва танхо санаи 24 ноябри соли 1992 дар Касри Арбоб дар Ичлосияи XVI – уми Шурои Олии Чумхурии Точикистон Нишон ва Парчами нави давлати кабул гардид. Дар Ичлосия “Карор оид ба Парчами Чумхурии Точикистон» ва “Карор оид ба Нишони Чумхурии Точикистон» кабул гардид, ки дар асоси он ба моддаи 169 ва170 Конститутсияи Чумхурии Точикистон тагйирот ворид карда шуд. Мувофики он «Парчами давлатии Чумхурии Точикистон рамзи Истиклолияти давлати иттифоки вайроннашавандаи коргарон, дехконон ва зиёиён, дусти ва бародарии хамаи халкхои маскуни чумхури мебошад».

Ба ин чихат бояд арч гузошт, ки бори аввал дар тули зиёда аз 70 соли мавчудияти Точикистон хамчун чумхури, бори аввал парчами ин кишвар хамчун рамзи истиклолияти давлати тавзех дода мешавад ва ё аввалин маротиба калимаи «ИСТИКЛОЛИЯТ» дар тафсир ва ё шархи парчам ворид шуд. То ин дам парчамхои кабли танхо рамзи фарккунадагии давлатиро ичро мекарданд, ки Точикистонро хамчун чумхурии тобеъ аз 14 чумхурии дигар Иттифок дар фаркият карор медод. Парчами нав бошад, акнун Точикистонро на чун давлати тобеъ, балки хамчун чумхурии мустакил миёни зиёда аз 200 давлати дунё дар тафовут мебахшид.

Бо парчами нави давлати орзухои нав ва интизорихои халки точик ба вучуд омад. Мутаасифона чанги шахрванди интизорихои точикистониёнро як муддат зери шубха бурд, аммо он дурурдароз давом накард ва баъди истикрори сулх ва ризояти милли умеди мардум ба давлат ва эътикоди онхо ба ояндаи созанда дучанд эхё шуд.

Мохи сентябри соли 2011 бо муносибати 20 солагии Истиклолияти давлати баландатарин парчам дар чахон (165 м) бунёд шуд, ки он ба китоби Рекордхои Гиннес ворид карда шуд. Дар чунин шакл ва андоза бунёди парчам ифодаи гурури сатхии давлатдори ва ё худнамои набуда, он ифодаи давлатдории кадимии халки точик мебошад, ки ба хар як метри он як давраи таърихии нашъунамои миллию сиёсии точикон рост меояд. Куллаи парчам куллаи баланди ташкили давлатдори, давлатдории мустакил мебошад, ки онро точикон ба бахои талафоти беназири моддию маънави аз тули таърих ба даст овардаанд.

Дар таърихи точикон «Дирафши Ковиён» макоми махсус дорад. Дирафши Ковиён» дар рафти шуриши ирониён, ки бар зидди Заххок нигаронида шуда буд, тавлид шудааст. Шуришро Коваи Охангар сардори намуда, тахти дирафше, ки онро аз миёнбанди чарминаи худ сохта буд, идора менамуд. Тахти ин парчам Фаридун хамчун меросбари конунии шохони Пешдоди ба тахт оварда шуд, то зулмро барканор ва адолатро пойдор кунад. Зери ин максад Кова тавонист Фаридунро барои сохиб шудан ба тахт рахнамои созад. Фаридун чун ба тахт нишаст, «Дирафши Ковиён»-ро мукаддас шуморид ва онро бо тилло оро дод. Илова бар ин, дар чор кунчи он акси ситораро гузошт. Чор ситораи дурахшон ливои мазкурро номи дигар бахшид ва он «Ахтари Кавиён» номгузори шуд. «Дирафши Ковиён» чун анъана ва рамзи асосии давлатдори ба наслхои минбаъадаи шохони эрони интикол ёфта, то замони Сосониён (224 – 651 ) ахамияти худро хифз намуд.

Бояд зикр намуд, ки «Дирафши Кавиён» то замони мо ахамияти таърихии худро хифз карда омадааст ва он дар маркази Ливои Президенти Чумхурии Точикистон дарч ёфтааст, ки рамзи абади, бардавомии таърихии давлатдории миллии точикон мебошад.

Аз ин ру, бузургдошти Парчами давлати – арчгузори ба тачрибаи давлатдории гузуштагони форсу точик махсуб ёфта, химоя ва кадрдонии он ба кушишхои хар як фарди чомеа тавъам мебошад.

Рабство

Дар борамон

Инчунин кобед

perepis

Аз 1-уми октябр дар Точикистон баруйхатгирии ахоли огоз мегардад

Аз 01.10.2020 дар Точикистон фаъолияти баруйхатгири – баруйхатгирии ахоли огоз мегардад. Дар ин бора дар …