Главная / Гуногун / Таърих гувох аст

Таърих гувох аст

СУХАНЕ ЧАНД РОЧЕЪ БА МАКОЛАИ

«Таърих гувох аст»

Охирхои мохи январи соли 1983 писарам Саидислом дар вакти таътили зимистона аз Донишгохи металлургии Сибир ба Душанбе омада буд. У аз ман хохиш кард, ки чанд шумораи китоби Мумин Каноат «Достони Сталинград»-ро ба у ёфта дихам, то ин ки у талаби хаводорони достони Мумин Каноатро дар Сибир конеъ гардонад.

Сухбати мо асосан аз хамин мавзуъ огоз шуда, баъд чиддитар шуда рафт. Дар ин вакт ба воситаи телевизиони Москав баромади олими точикро нишон доданд, ки у мегуфт: «Мо дар гузашта алифбо надоштем, хама корро аз «0» (сифр) огоз намудем…». Хамоно писарам гуфт: «Ана-ана, худатон гузаштаатонро рад мекунеду боз аз мо даъво мекунед, ки ба халкхои дигар дар бораи маданияти бостонии халки точик харф занем. Ки ба гапи мо бовар мекунад?!».

Ин акидаро олимони мо чанд сол пеш хам, дар арафаи съезди Умумииттифокии нависандагони Иттиходи Шурави ба мухбири «АПН» дар Точикистон иброз дошта буданд ва ин асос шуда буд, ки раиси Иттифоки нависандагони Иттиходи Шурави Константин Федин дар маърузаи худ гуяд: «Халки точик дар гузашта бесавод буд, пас аз Инкилоби Октябр сохиби алифбо гардид». Ин сухан он вакт табъи баъзе аз нависандагони мо – хусусан Мирзо Турсунзодаро хеле хира карда, дар ин хусус гапи зиёде шуда буд. Хатто он мухбирро аз Точикистон пеш карда буданд.

Рузи дигар, банда, пас аз он ки бо писарам бахс карда, мулзам шуда будам, бо табъи хира ба кафедра омадам.

Ба мактабхонаи пири мугон хар кас ки ру орад,

Фалотун мешавад мулзам зи як тифли дабистонаш.

Бо Нозирчон Кулматов (Арабзода) дар ин хусус мубодилаи афкор намудам. Он кас зуд суол доданд: «Навиштанба ку менависем, вале ки онро чоп мекунад?». Фикр кардем, ки ягон рузнома ва ё мачалла ин корро ба ухда намегирад, ба чуз рузномаи «Муаллимон», ки он вакт бо часорати мардонаи зани шучо Буринисо Бердиева баъзе шеърхои устод Лоик чоп мешуданд. Ин зани диловар чун маколаро хонда баромад, гуфт: «Калоншавандахо ба шумо хода мезананд. Раведу имзои бисёре чамъ кунед. Чоп мешавад». Мо дар чустучуи имзо шудем, баъзе аз олимони номдор шарик шуданро бо мо муносиб надиданд. Вале чун макола чоп шуду «резонанс»-и он зиёд гардид, баъд даъво карданд, ки онхоро мо дуруст огох накардаем, вале боз хучуми органхои давлати ба мукобили мо огоз ёфт, ин «олимон» симои хешро таъгир дода бар зидди макола фикр ронданд. Вале аксари чавонони Кумитаи Марказии Хизби Коммунист, ки аз ин вокеъа огох мешуданд ба ин олимони “баруманд” нафрат хонда, гуфтахои эшонро айнан ба мо накл менамуданд.

Хулоса зиёда аз як сол моро аз гирбол гузарониданд. Ягон чаласае набуд, ки мазаммат накунанд. Вале шумораи мактубхо ба идораи рузнома руз аз руз зиёд мешуданд. Ба кавли коргарони рузнома «дар таърихи рузноманигори, дар Точикистон, хеч вакт чунин шумораи зиёди мактубхо, барои як макола дида нашудааст». Хамаи онхо ин маколаро дастгири мекарданд. Шояд ин аз он сабаб буд, ки вакт пухта мерасид ва буи Истиклолият ба машом мерасид.

Барои чопи ин макола мухаррири рузномаи муаллимонро аз кор гирифтанд. Барои муаллифони ин макола дари сафарро ба мамолики хоричи бастанд…

Инак асли ин маколаро аз сахифаи «Газетаи муаллимон» аз 19 феврали с. 1983 айнан ба тавассути хонанда во мегузорем: матни ин макола ба калами марди начибу ширинкалом Нозирчон Арабзода тааллук дорад. Мо на аз бахри он «кохи кухнаро бод мекунем», ки акидаи олимони мо тагйир ёфтаасту тири мо ба хадаф расид, балки баръакс дар замони мо олимони хавобаланд зиёд мегарданд. Чизхои подархаворо ё мешунаванд ё аз ягон рузнома мехонанду онро дар курхонаи акл напухта, васф мекунанд, яъне ба кавли Ибни Сино «кудрати мустакил фикр ронданро надоранд». Ин аз он сабаб аст, ки системаи конвейерии унвонхои олии илми фалач гардида, ба конуни худинкоркуни наздик шудааст.

Иброхим Умарзода

 

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …