Главная / Илм / Таъминоти барномавии компютери фарди

Таъминоти барномавии компютери фарди

Дар холате, ки блокхои компютерхои фарди бо барнома таъмин набошанд, он гох онхо ба мисли куттихои пулодии холи мебошанд.

        Дар холате ки компютерхои фарди бо монитор, клавиатура, муш, блоки системави мучаххаз бошанд, он гох онхо бо дастгоххо таъмин мебошанд, яъне онхо таъминоти техникиро доро буда, мо онро бо чашмони худ дида, истифода бурда метавонем. Таъминоти барномавии компютери фарди аз байтхо ва битхо, яъне вохидхои ахбор иборат мебошанд.

        Бо таъминоти барномавии махсус, ки он системаи амалиёти ном дорад, мо метавонем алокаи байнихамдигарии кисмхои компютери фардиро муайян намоем.

        Дар ин чо системаи амалиёти системаи компютериро ба кор омода месозад, яъне кисми нокили ­ (шлюз) барои кисмати дастгохии компютери фарди истифода бурда мешавад. Гайр аз ин системаи амалиёти алокаи байнихамдигарии таъминоти дастгохи ва барномавии компютерхои фардиро муайян месозад. Бисёрии компютерхои фарди имруз бо системаи амалиёти васлшудаи Microsoft Windows  пешкаши истифодабарандагон карда мешаванд, ки ин махсули ширкати Microsoft corporation буда, кариб 15 сол истифода мешавад.

        Системаи амалиётии Windows ягона системаи амалиётии истифодашаванда нест. Дар компютерхои истехсоли ширкати Apple системаи амалиётии дигар, ки MacOS ном дорад, истифода бурда мешавад.

        Дар чахон якчанд ширкат ба сохтани системахои оператсиони машгуланд ва дар хар як мамлакат аз ин системахо истифода мебаранд, аз чумла, дар Точикистон 95 фисад истифодабарандагон аз системаи оператсионии Windows истифода мебаранд. Дар солхои охир аз ин ширкат якчанд тафсир (версия) ба монанди,

Microsoft

  • MSX-DOS
  • MS-DOS
  • Microsoft Windows
    • Windows 1.0
    • Windows 2.0
    • Windows 3.0
    • Windows 3.1
    • Windows 3.11
    • Windows 95
    • Windows 98
    • Windows Me
    • Windows NT
    • Windows NT 3.5
    • Windows NT 4.0
    • Windows 2000
    • Windows XP Professional
    • Windows Server 2003
    • Windows Vista
    • Windows Vista Server 2008
    • Xenix
    • Windows CE
    • Pocket PC, Windows Mobile

ба муштариён ба фуруш баровард.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …