Главная / Чамъият / Таъмини амнияти санитарию эпидемиологии ахоли

Таъмини амнияти санитарию эпидемиологии ахоли

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

Дар бораи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии ахоли

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон  соли 2003, №12, мод.677; соли 2008, №10, мод.822; №12, кисми 2, мод. 1015; с.2011, №12, мод. 857; КЧТ аз 22.07.2013с. №1010)

 Мачлиси намояндагон 11 июни соли 2003 кабул кардааст

Мачлиси милли 21 ноябри соли 2003 чонибдори кардааст

sanitariyu-epidimologi

 Конуни мазкур асосхои хукуки, ташкили, иктисоди ва тадбирхои вобаста ба таъмини амнияти санитарию эпидемиологии ахолии Чумхурии Точикистонро мукаррар менамояд.

 Бо Кодекси тандурустии ЧТ аз 30.05.2017 с., №1413

АЗ ЭЪТИБОР СОКИТ ДОНИСТА ШУД

Боби I. МуКаррароти умумИ

 

Моддаи  1. Мафхумхои асоси

Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зайл истифода мешаванд:

– амнияти санитарию эпидемиологии ахоли – вазъи саломатии ахоли ва мухити зисти одамон, ки тавассути он таъсири зарарноки омилхои мухити зист ба  инсон вучуд надорад ва  шароити мусоиди  фаъолияти у таъмин карда мешавад;

– мухити зисти инсон- мачмуи иншоот, ходисахо ва омилхои мухити атроф (табии ва маснуи), ки шароити фаъолияти инсонро муайян менамоянд;

– омилхои мухити зист-омилхои биологи (сирояти, бактериали, паразитари ва гайра), кимиёви ва физики (садо, ларза, ултрасадо, инфрасадо, афканишоти гарми, ионикунанда, гайриионикунанда ва дигар афканишот), ичтимои (гизо, таъминоти об, шароити маиши, мехнат, истирохат) ва дигар омилхои мухити зист, ки ба инсон ва (ё)  вазъи саломатии насли оянда таъсир мерасонанд ё  метавонанд таъсир расонанд;

– таъсири зараррасон ба инсон– таъсири омилхои мухити зист, ки ба хаёт ва саломатии инсон ё хаёт ва саломатии насли оянда тахдид мекунанд;

– шароити мусоиди фаъолияти инсон– холати мухити зисте, ки дар он хатари таъсири зараровари омилхои мухити зист ба инсон (шароити безарар)  чой надорад ва имконияти баркарорсозии фаъолияти вайроншудаи узвхои инсон вучуд дорад ;

– шароити  бехатар барои инсон- холати мухити зисте, ки дар он хатари таъсири зараровари омилхояш  ба инсон    вучуд надорад;

– вазъи санитарию эпидемиологи -вазъи  саломатии ахоли ва мухити зист  дар худуди муайян ва вакти мушаххас нишондодашуда;

– меъёрхои гигиени- бузургии тавассути тадкикот мукарраргардидаи  нишондихандахои ичозатшудаи нихои ё хадди акали  теъдоди ва (ё) сифатие, ки ин ё он омили мухити зистро аз нигохи бехатари ва (ё) безарари ба инсон тасниф мекунад;

– коида ва меъёрхои давлатии санитарию эпидемиологи – санадхои меъёрии хукукие,  ки талаботи санитарию эпидемиологиро (аз чумла  меъёрхои бехатари ё безарарии омилхои мухити зист барои инсон, гигиени ва дигар меъёрхоро ) муайян менамояд ва риоя накардани онхо метавонад ба хаёти инсон, инчунин  барои  пайдо шудан  ва пахншавии бемори тахдид намояд;.

– мониторинги ичтимоию гигиени- системаи давлатии назорати вазъи саломатии инсон ва мухити зист, тахлили он, арзёби, дурнамо, инчунин муайянсозии робитахои сабабу окибат байни саломатии инсон ва таъсири омилхои мухити зист;

– назорати давлатии санитарию эпидемиологи – фаъолияти вобаста ба ошкорсози ва пешгирии вайрон намудани конунгузории Чумхурии Точикистон  дар сохаи таъмини  амнияти  санитарию эпидемиологии ахоли бо максади хифзи саломатии ахоли ва мухити зист;

– хадамоти санитарию эпидемиологи – системаи макомот, муассиса ва ташкилотхое, ки барои татбики назорати санитарию эпидемиологи таъин гардидаанд;

– хулосаи санитарию эпидемиологи (пешгирикунанда) – хуччати   тасдиккунандаи мутобикати (номутобикатии) омилхои мухити зист, фаъолияти хочагидори ва дигар фаъолият, мол, кор, хизматрасони, инчунин лоихахои санадхои меъёри, лоихахои сохтмони иншоот, хуччатхои истифодабари   ба коидахои санитари;

– тадбирхои санитарию зиддиэпидемиологи (пешгирикунанда)– тадбирхои ташкили, маъмури, инженерию техники, тиббию санитари, байтори ва дигар тадбирхое, ки барои  рафъ ё  кам кардани таъсири зараровари  мухити зист ба инсон, пешгирии пайдоиш ва пахншавии   беморихои   сирояти (паразити)  ва беморихои оммавии гайрисирояти нигаронида шудааст;

– карантин (тадбирхои махдудкунанда)- тадбирхои маъмури, тиббию санитари, байтори ва дигар тадбирхое, ки ба пешгирии пахншавии  беморихои сирояти (паразити) нигаронида шуда, низоми махсуси хочагидори, дигар навъи фаъолият, махдудсозии  харакати одамон, воситахои наклиёт, бор, мол ва хайвонотро пешбини менамояд;

– беморихои сирояти –беморихои инсон, ки пайдоиш ва пахншавии онхо ба таъсири омилхои биологии мухити зист ба инсон  (барангезандаи беморихои сирояти) ва имконоти интиколи бемори аз инсону хайвони бемор ба инсони солим вобастаги дорад;

– беморихои оммавии гайрисирояти (захролудшави)- бемории инсон, ки пайдоиши он ба таъсири омилхои физики ва (ё) кимиёви ва (ё) ичтимоии мухити зист вобаста аст;

– хифзи санитарии худуд– мачмуи тадбирхо барои пешгирии воридшави ва пахншавии барангезандагони беморихои карантини ва дигар беморихои сирояти (паразити) ба худуди кишвар, ки хам аз чониби хадамоти сархади ва хам аз чониби муассисахои тибби ва хадамоти  санитарию эпидемиологи анчом дода мешаванд;

– ташхиси эпидемиологи (ташхиси манбаи эпидемики)- системаи чорабинихо, ки дар манбаи эпидемики бо максади ошкорсозии сабаб ва шароити ба миён омадани он ва тахияи тадбирхо чихати махдуд намудан ва рафъи он гузаронида мешавад;

– эпидемия- категорияи мунтазамии чараёни эпидемики, ки мубталоии оммавии ахоли ё гуруххои алохидаи онро ба беморихои сирояти (паразити) мубтало месозад, ки аз сатхи беморихои маъмулан дар ин худуд сабтшаванда ба таври назаррас бештар аст;

– хуручи эпидемики (беморихои гурухи) -авчи кутохмуддати беморихои сироятии  (паразитии) гуруххои махдуди ахоли (коллектив, нуктаи ахолинишин), ки   беморихои онхо бо манбаи умумии барангезанда ё усули умумии интикол (омил) алокаманд аст;

– саломати– холати офияти пурраи чисмони, рухи ва ичтимои, на танхо  набудани бемори ва нуксонхои чисмони;

– коидахои фитосанитари– мачмуи хуччатхои асоснокшудаи меъёри, ки  талабот нисбат ба замин, чангал ва растанихо, инчунин теъдоди зараррасонхои растанихо, пахншавии бемории растанихо ва шумораи алафхои бегонаро  мукаррар менамояд;

– беморихои паразити – холати сироятёби ва ё хар гуна табаддулотхои узвхо, вобаста ба таъсири узвхои соддатаринхо ё кирмхо, ки дар натича шаклхои гуногуни чараёни сирояти ё табаддулоти ба вучуд меоянд;

– токсикология – илми сохаи тиб, ки конунмандии таъсири  мутакобилаи узвхои зиндаро бо захрхо меомузад;

– тамъиз (дезинсексия)- нобуд кардани канахои бугумпо, ки интиколдихандагони барангезандахои беморихои сирояти (паразити) мебошанд, инчунин дигар намуди хашароти ахамияти санитарию гигиени дошта, ки  ба мехнат ва фарогати одамон халал мерасонанд;

– дератизатсия- нобуд кардани хояндагон – манбаъхои интиколдиханда, инчунин бо максади аз онхо хифз намудани галладона, моли озука ва амвол;

– дезинфексия– дур кардан ё нобудсозии барангезандагони беморихои сирояти (паразити) дар  иншооти мухити зист;

-экспертизаи санитарию эпидемиологи – фаъолият оид ба муайян намудани мутобикати (номутобикатии) хуччатхои лоихави ва дигар хуччатхо, иншооти фаъолияти хочагидори ва дигар намуди фаъолият, махсулот, кор ва хизматрасони ба коида ва меъёрхои давлатии санитарию эпидемиологи. (К ЧТ аз 26.12.11с., №793)

 

Моддаи 2. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи таъмини амнияти  санитарию эпидемиологии ахоли

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии ахоли ба Конститутсияи  (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз хамин Конун, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ва санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон эътироф кардааст,  иборат аст.

 

Моддаи 3. Таъмини амнияти  санитарию эпидемиологии ахоли

Амнияти  санитарию эпидемиологии ахоли ба таври зайл таъмин мегардад:

– пешгирии беморихо мувофики вазъияти санитарию эпидемиологи ва пешгуи, чараёни инкишоф ва тагйирёбии онхо(К ЧТ аз 26.12.11с., №793)

– тахия ва татбики барномахои давлати, милли ва минтакавии таъмини амнияти санитарию эпидемиологии ахоли  ва тахкими саломатии ахоли, пешгирии беморихо ва солимгардонии мухити зисти инсон ва шароити фаъолияти у;

– ичрои тадбирхои санитарию эпидемиологи (пешгирикунанда) ва риояи хатмии коидахои санитари  хамчун кисми таркибии фаъолияти аз чониби хамаи шахсони вокеи ва хукуки амалигардида;

– мухайёкунии хавасмандии иктисодии шахрвандон, сохибкорони инфироди ва шахсони хукуки, шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванд чихати риояи конунгузори дар сохаи амнияти санитарию эпидемиологии ахоли, таъмини тадбирхо чихати ба чавобгари кашидани онхо барои вайронкунии коидахои санитари дар сохаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии ахоли;

– бамеъёргирии давлатии санитарию эпидемиологи;

– назорати давлатии санитарию эпидемиологи, назорати истехсолию чамъияти;

– сертификатсияи мол, кор ва хизматрасоние, ки ба хаёт ва саломатии  инсон   хатари имконпазир дорад;

– додани хулосахои санитарию эпидемиологи ба он намудхои фаъолияте, ки ба хаёту саломатии инсон ва вазъи мухити зист хатари имконпазир дорад;

– бакайдгирии давлатии маводи кимиёви, биологи, навъхои алохидаи мол, партовхои  истехсоли ва истеъмоли, инчунин навъхои алохидаи моли мавчуда ва бори аввал ба каламрави Чумхурии Точикистон воридшавандаи барои инсон  эхтимолан хатарнок, мувофики тартиби муайяннамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон; (К ЧТ аз 26.12.11с., №793)

– гузаронидани мониторинги ичтимоию гигиени;

– тадкикотхои илми дар сохаи  таъмини амнияти санитарию эпидемиологи;

– тадбирхо чихати сари вакт огохонидани ахоли оиди  рух додани беморихои сирояти (паразити), беморихои гайрисироятии оммави (захролудшави), холати мухити зист ва тадбирхои санитарию эпидемиологии (пешгирикунанда) гузаронидашаванда;

– тадбирхо оид ба таълиму тарбияи гигиении ахоли ва таблиги тарзи хаёти солим.

-хамохангсозии фаъолияти дигар макомоти давлати дар сохаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии ахоли. (К ЧТ аз 26.12.11с., №793)

 

Моддаи 4. Салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон дар сохаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии ахоли

Ба салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон  оид ба  таъмини амнияти санитарию эпидемиологии ахоли дохил мешаванд:

– мукаррар намудани сиёсати ягонаи давлати дар сохаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии ахоли;

– тахия ва татбики барномахои давлати дар сохаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии ахоли, барнома ва тадкикотхои комплекси дар ин соха бо вазорату идорахои дахлдор;

– хамохангсозии фаъолияти макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати ва макомоти худидоракунии шахрак ва дехот дар сохаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии ахоли; (К ЧТ аз 26.12.11с., №793)

– ташкили хадамоти давлатии санитарию эпидемиологии Чумхурии Точикистон, мукаррар намудани тартиби идора ва сохтори макомоти давлатии назорати санитарию эпидемиологи;

-мукаррар намудани тартиби пешбурди фехристхои давлатии маводи эхтимолан хатарноки кимиёви, биологи, партовхои истехсоли ва истеъмоли, инчунин навъхои алохидаи махсулоти озукаи мавчудаи бори аввал ба каламрави Чумхурии Точикистон воридшаванда ва истехсолшаванда; (К ЧТ аз 26.12.11с., №793)

– мукаррар намудани системаи ягонаи давлатии меъёрхои тарбияи мутахассисони хадамоти санитарию эпидемиологи;

– таъмини хифзи санитарии каламрави Чумхурии Точикистон;

– чори намудан ва бекор кардани тадбирхои махдудкунанда (карантин) дар каламрави Чумхурии Точикистон;

– чори намудан ва бекор кардани назорати санитарию карантини дар нуктахои гузаргох, тавассути Сархади давлатии Чумхурии Точикистон;

– анчом додани хамкорихои байналмилалии Чумхурии Точикистон ва бастани шартномахои байналмилалии Чумхурии Точикистон дар сохаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии ахоли;

– ичрои дигар салохиятхо тибки хамин Конун ва дигар конунхои Чумхурии Точикистон.

 

Моддаи 5. Салохияти макоми ваколатдори давлати дар сохаи таъмини  амнияти санитарию эпидемиологии ахоли

Ба салохияти макоми ваколатдори давлати дар сохаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии ахоли дохил мешаванд: (К ЧТ аз 26.12.11с., №793)

– татбики сиёсати ягонаи давлати дар сохаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии ахоли;

– тахияи дурнамо ва барномахои миёнамухлат ва дарозмухлат дар сохаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии ахоли;

– тахияи лоихаи конунхо ва дигар санадхои меъёрии хукуки  дар сохаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии ахоли тибки тартиби мукарраргардида;

– бамеъёргирии давлати дар сохаи  санитарию эпидемиологи;

– тахия, тасдик ва татбики меъёрхо ва коидахои санитарию гигиени  ва таъмини назорати амали намудани онхо;

– тадбирхо чихати сари вакт огохонидани ахоли оиди  рух додани беморихои сирояти (паразити), беморихои гайрисироятии оммави (захролудшави), холати мухити зист ва тадбирхои санитарию эпидемиологии (пешгирикунанда) гузаронидашаванда;

– додани хулосахои санитарию эпидемиологи ба он намудхои фаъолият (кор, хизматрасони), ки ба хаёт ва саломатии инсон ва вазъи мухити зисти у хатари имконпазир доранд.;

гузаронидани экспертизаи санитарию эпидемиологии махсулот, кор ва хизматрасони, ки барои инсон хатари имконпазир дорад;

-гузаронидани санчиш, тахкик, ташхис, озмоиш, арзёби ва экспертизаи санитарию эпидемиологи бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон; (К ЧТ аз 26.12.11с., №793)

-ташкили чорабинихо чихати хамкорихои байналмилали ва хамохангсозии фаъолият дар сохаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии ахоли;

-мунтазам такмил додани системаи назорати давлатии санитарию эпидемиологи ва мутобиксозии он ба талаботи меъёрхои байналмилали;

-чори кардани коида ва меъёрхои санитарию гигиени, ки аз санадхои хукукии байналмилалии эътирофнамудаи Точикистон бармеоянд;

-ба эътибор гирифтани сертификати сифат ва бехатарии махсулоти воридотии мамлакатхое, ки аз тарафи Чумхурии Точикистон эътироф шудаанд;

-пешниходи ахбороти муфассал дар бораи чорахои андешидашуда, коидахои санитарию гигиени ва дигар санадхои меъёрии хукуки оид ба таъмини амнияти санитарию эпидемиологии ахоли дар Чумхурии Точикистон, сифат ва бехатарии махсулоти таъиноти истехсолию техники, махсулоти хуроквори, оби нушоки, маводи эхтиёчоти шахси ва маиши, кор ва хизматрасонихое, ки ба саломатии инсон эхтимолияти хатар доранд; (К ЧТ аз 26.12.11с., №793)

– назорати давлатии санитарию эпидемиологи;

– мониторинги ичтимоию гигиени;

– хамохангсозии тадкикотхои илми дар сохаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии ахоли;

– иштирок дар тахияи системаи ягонаи давлатии бахисобгири ва хисоботдихи дар сохаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии ахоли;

– хамохангсозии фаъолияти дигар вазорату идорахои Чумхурии Точикистон, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати ва макомоти худидоракунии шахрак ва дехот ташкилоту корхона ва муассисахо, сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияти идорави, оид ба масъалахои татбики сиёсати давлати дар сохаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии ахоли; (К ЧТ аз 26.12.11с., №793)

– анчом додани аттестатсияи  мутахассисон  дар сохаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии ахолии Чумхурии Точикистон ва сертификатсияи дониши онхо;

– ичрои дигар салохиятхо тибки хамин Конун ва дигар конунхои Чумхурии Точикистон.

 

Моддаи 6. Салохияти макомоти махаллии хокимияти давлати дар сохаи таъмини  амнияти санитарию эпидемиологии ахоли

Ба салохияти макомоти махаллии хокимияти давлати дар сохаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии ахоли дохил мешаванд:

– назорат оиди риоя кардани меъёр ва коидахои санитарии Чумхурии Точикистон дар сохаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии ахоли;

– иштирок дар тахия ва татбики барномахои миёнамухлат ва дарозмухлати таъмини амнияти санитарию эпидемиологии ахоли;

– таъмини амнияти санитарию эпидемиологии ахоли ва шароит барои амали гардонидани назорати давлати оид ба вазъи санитарию эпидемиологии дар худуди тобеи идора;

– амали гардонидани тадбирхои санитарию гигиени ва зиддиэпидемики (пешгирикунанда), вобаста ба таъмини амнияти санитарию эпидемиологии худуди тобеи идора, инчунин рафъи конунвайронкунихои ошкоршуда;

– чори намудани тадбирхои махдудкунанда (карантин) хангоми хавфнокии пайдоиш ва пахншавии беморихои сирояти дар асоси таклифхои сардухтурони давлатии санитари ё муовинони онхо;

– андешидани тадбирхо чихати сари вакт огохонидани ахоли дар мавриди рух додани беморихои сирояти, беморихои гайрисироятии оммави (захролудшави), вазъи мухити зист ва тадбирхои санитарию эпидемиологи  (пешгирикунанда) гузаронидашаванда;

– хамохангсози ва назорати фаъолияти корхонахо, ташкилотхо ва муассисахои худуди тобеи идора новобаста аз шакли моликияташон оид ба таъмини талаботи санитарию эпидемиологи дар сохаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии ахоли дар доираи ваколатхояшон;

– таъмини иштироки ахоли дар мухофизат, нигахдори  ва мустахкам кардани саломатии худ ва атрофиён тавассути риояи тадбирхои санитарию гигиени, зиддиэпидемики, аз чумла ичрои талаботхои санитарию эпидемиологи нисбати мухити зист, сохтмони нуктахои ахолинишин, манбаъхои об ва системаи обтаъминкуни, сохтмон ва истифодаи бинохои истикомати, чамъияти ва объектхои дигари худуди тобеи идора;

– таъмини тадбирхо барои ошкор намудани омилхое, ки ба саломатии ахоли таъсири манфи мерасонанд ва гузаронидани чорабинихо барои бартараф сохтани онхо;

– гузаронидани тадбирхо оид ба таълиму тарбияи гигиении ахоли ва таблиги тарзи хаёти солим;

– ташаккул додани макомоти идоракуни ва мустахкам кардани бунёди моддию техникии хадамоти санитарию эпидемиологии худуди идора;

– ташаккул додани бучети дахлдори махалли барои фаъолияти хадамоти санитарию эпидемиологии худуди тобеи идора, аз чумла тайёр кардан ва бозомузии мутахассисони сохаи санитари, гигиени ва эпидемиологи, инчунин ташкили тадкикотхои илми оиди масъалахои мухими таъмини амнияти санитарию эпидемиологии ахоли;

– ичрои дигар салохиятхо тибки хамин Конун ва дигар конунхои Чумхурии Точикистон.

 

Боби II Хукук ва УХдадории шаХрвандон, соХибкорони Инфироди ва шахсони ХукукИ дар соХаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аХолИ

 

Моддаи 7. Хукуки шахрвандони Чумхурии Точикистон

Шахрвандони Чумхурии Точикистон  хукук доранд:

– ба мухити зисти мусоид (мухити табиии атроф, шароити мехнат, зист, маишат, истирохат, тарбия ва таълим, озука, моли истеъмол ё истифодашаванда), ки омилхои он набояд ба инсони имруза ва насли оянда таъсири зараровар расонад;

– мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон аз макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати ва макомоти худидоракунии шахрак ва дехот, макомоти хадамоти давлатии санитарию эпидемиологии  Чумхурии Точикистон  ва шахсони хукуки дар доираи салохияташон ба  гирифтани маълумоти комил ва мушаххас  дар бораи вазъи санитарию эпидемиологи, холати мухити зист, сифат ва бехатарии моли таъиноти истехсолию техники, озука, оби нушоки, молхои эхтиёчоти шахси ва маиши,   корхо ва хизматрасонихои эхтимолан барои инсон хатарнок, коидахои таъмини амнияти амалкунанда, тадбирхои андешидашаванда оид ба таъмини амнияти санитарию эпидемиологии ахоли ва натичаи он;

– ба анчом додани назорати чамъиятии ичрои меъёрхо ва коидахои санитари;

– ба манзури пешниходот ба макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати ва макомоти худидоракунии шахрак ва дехот, макомот ва муассисахои хадамоти давлатии санитарию эпидемиологии  Чумхурии Точикистон  дар бораи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии ахоли;

– ба иштирок дар тахияи барномаю чорабинихои макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати ва макомоти худидоракунии шахрак ва дехот оид ба таъмини амнияти санитарию эпидемиологии ахоли; (К ЧТ аз 26.12.11с., №793)

– ба тибки тартиби мукарраркардашуда чуброн кардани  зарари барояшон ва амволашон дар натичаи аз чониби дигар шахрвандон, сохибкорони инфироди ва шахсони хукуки, тавассути вайрон кардани конунгузори дар сохаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии ахоли расида, ки боиси ба миён омадани беморихои сирояти (паразити) ва захролудшавии одамон, инчунин беморихои касби расонида шудаанд.

Шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванд дорои хамон хукукхоеанд, ки шахрвандони Чумхурии Точикистон дар сохаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии ахоли доранд.

 

Моддаи 8. Хукукхои сохибкорони инфироди ва шахсони хукуки

Сохибкорони инфироди ва шахсони хукуки хукук доранд:

– мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон дар асоси шартнома, аз макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати ва макомоти худидоракунии шахрак ва дехот, макомот ва муассисахои хадамоти давлатии санитарию эпидемиологии  Чумхурии Точикистон дар бораи вазъи санитарию эпидемиологи, холати мухити зист, коидахои санитарии  амалкунанда ва бемории ахоли маълумот ба даст оранд;

– дар тахияи барномахо ва чорабинихои вобаста ба таъмини амнияти санитарию эпидемиологии ахоли аз чониби макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати ва макомоти худидоракунии шахрак ва дехот иштирок намоянд; (К ЧТ аз 26.12.11с., №793)

– зарари барояшон ва амволашон   дар натичаи аз чониби дигар шахрвандон, сохибкорони инфироди ва шахсони хукуки вайрон кардани конунгузори дар сохаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии ахоли, инчунин хангоми ичрои тадбирхои санитарию эпидемиологи (пешгирикунанда) расонидашуда тибки тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон  чуброн карда шавад.

 

Моддаи 9. Ухдадории шахрвандони Чумхурии Точикистон

Шахрвандони Чумхурии Точикистон ухдадоранд:

– талаботи конунгузориро дар сохаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии ахоли, инчунин карору дастурхо ва хулосахои санитарию эпидемиологиро, ки шахсони мансабдори анчомдихандаи назорати давлатии санитарию эпидемиологи баровардаанд, ичро намоянд;

– аз имконияти фарохамовардаи чомеа оид ба ташаккули тарзи хаёти солим истифода бурда, оид ба саломатии худ, аъзои оила ва  пахн намудани донишу малакаи санитарию эпидемиологи, байни аъзои оила гамхори намоянд;

– амалеро, ки метавонад боиси  поймол кардани хукуки дигар шахрвандон ба  саломати ва мухити мусоиди зист гардад, анчом надиханд;

– тадбирхои гигиению зиддиэпидемиологи доир намоянд ва дар гузаронидани онхо иштирок кунанд;

– тибки тартиби мукарраркардашуда зарари ба саломатии дигар шахрвандон дар натичаи вайрон кардани конунгузори дар сохаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии ахоли расонидаро чуброн намоянд.

Шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванд дорои хамон ухдадорихое мебошанд, ки шахрвандони Чумхурии Точикистон дар сохаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии ахоли доранд. (К ЧТ аз 26.12.11с., №793)

 

Моддаи 10. Ухдадорихои сохибкорони инфироди ва шахсони хукуки

Сохибкорони инфироди ва шахсони хукуки тибки фаъолияти худ ухдадоранд:

– талаботи конунгузориро дар сохаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии ахоли, инчунин карору дастурхо ва хулосахои санитарию эпидемиологиро, аз чумла оиди боздоштан ё катъи фаъолияти иншооти сохташаванда, аз нав сохташаванда ва технологияхо, бо вайрон кардани коида ва меъёрхои санитари, ки шахсони мансабдори анчомдихандаи назорати давлатии санитарию эпидемиологи баровардаанд, ичро намоянд;

– тахия ва гузаронидани тадбирхои санитарию гигиени ва зиддиэпидемиологи (иштирок дар гузаронидани чунин тадбирхо), ки ба пешгири ва рафъи ифлосшавии мухити зист, солимгардонии шароити мехнат, маишат ва истирохати кормандон, пешгирии  пайдоиш ва пахншавии беморихо нигаронида шудааст, а амал бароранд;

– барои инсон бехатар будани корхо ва хизматрасони, инчунин моли таъиноти истехсолию техники, озука ва моли таъиноти шахси ва маиширо хангоми истехсол, интикол, нигахдошт ва фуруши мол ба ахоли таъмин намоянд;

– хангоми истехсол, харид, нигахдошт, интикол, фуруши моли озукавори ва оби нушоки, иловагихои озукави, ашёи хоми озука ва маводу моли бо онхо робитадошта, коида ва меъёрхои санитариро ичро намоянд, хамчунин чихати таъмини бехатарии онхо тадбирхо андешанд; (К ЧТ аз 26.12.11с., №793)

-оид ба пешгирии беморихои сирояти ва гайрисирояти тадбирхо андешанд; (К ЧТ аз 26.12.11с., №793)

– назорати истехсолиро, аз чумла тавассути гузаронидани тадкикот ва озмоиши лаборатори, оид ба риояи меъёрхо ва коидахои санитари  ва гузаронидани тадбирхои санитарию эпидемиологи (пешгирикунанда) хангоми ичрои корхо ва хизматрасони, инчунин хангоми истехсол,   интикол, нигахдошт ва  фуруши мол анчом диханд;

– оид ба асосноксозии  барои инсон хатарнок набудани навъхои  нави мол, технологияи истехсоли он, меъёрхои бехатари ва (ё) безарарии омилхои мухити зист корхоро анчом диханд ва усулхои назорати омилхои мухити зистро тахия намоянд;

– сари вакт ахоли, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати ва макомоти худидоракунии шахрак ва дехот, макомот ва муассисахои хадамоти давлатии санитарию эпидемиологии Чумхурии Точикистонро дар хусуси холатхои садамави, боздоштани истехсолот, вайрон шудани чараёни технологи, ки ба таъмини амнияти санитарию эпидемиологии ахоли тахдид менамояд, огох намоянд; (К ЧТ аз 26.12.11с., №793)

– бо нашрияхои расмии коидахои санитари, усул ва методикаи назорати омилхои мухити зист таъмин бошанд;

– таълими гигиении кормандонро, ки ба баланд бардоштани фарханги тибби ва ташаккули тарзи хаёти солим нигаронида шудааст, ба амал бароранд;

– зарари ба саломатии дигар кормандон ва ахоли дар натичаи вайрон кардани конунгузори дар сохаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии ахоли расонидаро тибки тартиби мукарраркардашуда  чуброн намоянд;

– татбики хукуки шахрвандон ва дигар субъектхои муносибатхои хукукиро, ки Конуни мазкур пешбини менамояд, таъмин кунанд.

 

Боби III.Талаботи санитарию эпидемиологИ дар соХаи Таъмини

амнияти санитарию эпидемиологии АХолИ

 

Моддаи 11. Талаботи санитарию эпидемиологи нисбати банакшагири ва сохтмони нуктахои ахолинишин

Банакшагири ва сохтмони нуктахои ахолинишин бояд фарохам овардани шароити нисбатан мусоидро барои зиндаги ва саломатии инсон, ободонии мачмуии  шахрхо ва дигар нуктахои ахолинишин,  пешгири ва рафъи таъсири зараровар ва хатарноки омилхои мухити зист ва шароити фаъолият ба саломатии инсонро   пешбини намояд.

Хангоми тахияи меъёрхои лоихакаши, накшаи  банакшагирии рушди худуди шахрсози, накшахои генералии шахру дехсози, лоихахои банакшагирии марказхои чамъияти, минтакахои истикомати, роххои шахрхо, халли масъалахои иншооти таъиноти мулки, саноати ва кишоварзи, инчунин мукаррар намудани худуди санитарию мухофизатии онхо, интихоби китъахои замин тахти сохтмон ва хангоми лоихакаши, сохтмон, азнавсози, азнавтачхизонии техники,воситахои техники ва шабакахои инженери, тавсеа, консерватсия (боздоштан) ва бархам додани иншооти саноати, наклиёти, бино ва иншооти таъиноти фархангию маиши, бинохои истикомати, иншооти инфраструктураи инженери, ободони ва дигар иншоот (минбаъд-иншоот) бояд коидахои таъмини амнияти чори риоя гарданд.

Чудо кардани китъахои замин барои сохтмон, тасдики меъёрхои лоихакаши ва хуччатхои лоихавию меъёрии техники, дар мавриди сохтмон (азнавсози, азнавтачхизони), ба истифодадихии бинохои истикомати, бино, иншоот, корхонахои саноати, наклиёти ва дигар корхонаю иншоот (мачмуахои ба истифода додашаванда),  инчунин воситахои наклиёт, танхо  хангоми мавчудияти хулосахои макомот ё муассисахои санитарию эпидемиологи, дар бораи мутобикати онхо ба меъёрхо ва коидахои санитари ичозат дода мешавад.

Шахсони вокеи ва хукуки, ки барои ичрои корхои лоихакаши ва сохтмон, маблаггузори ва (ё) кредитонии иншоот масъуланд, дар сурати ошкорсозии вайрон кардани меъёрхо ва коидахои санитари ё имконнопазирии ичрои онхо вазифадоранд пешбурди корхои зикршуда, маблаггузори ва (ё) кредитонии ин иншоотро боздоранд ё пурра катъ намоянд.

 

Моддаи 12. Талаботи санитарию эпидемиологи нисбати  молхои таъиноти  истехсолию техники, молхои таъиноти шахси ,  маиши ва технологияи истехсоли онхо

Молхои таъиноти истехсолию техники, инчунин молхои эхтиёчоти шахси ва маишии шахрвандон хангоми истехсол, интикол, нигахдошт, татбик (истифода) ва партов, ки иштироки мустакими инсонро такозо менамоянд, набояд ба инсон ва мухити зист таъсири зараровар расонанд ва вобаста ба хусусият ва нишондихандахо бояд ба  меъёр ва коидахои таъмини амнияти шахрвандон мутобик бошанд.

Технологияхои нав, инчунин молхои таъиноти истехсолию техники, молхои эхтиёчоти шахси ва маишии шахрвандон барои истехсол, татбик ё истифода танхо дар асоси хулосаи санитарию эпидемиологии хадамоти санитарию эпидемиологии Чумхурии Точикистон дар мавриди мутобикати он ба меъёр ва коидахои санитари  ичозат дода мешавад.

Шахсони вокеи ва хукукие, ки коркард, истехсол, интикол, харидори, нигахдошт ва фуруши молро анчом медиханд, хангоми мукаррар намудани номутобикати ба талаботи меъёр ва коидахои санитари вазифадоранд чунин фаъолиятро боздоранд, молро аз муомилот гиранд ё нобуд созанд ва барои татбики истифодаи   мол бо максадхое, ки расонидани зарарро ба инсон истисно менамояд, тадбирхо андешанд.

 

Моддаи 13. Талаботи санитарию эпидемиологи  нисбати маводи кимиёви, биологи ва  навъхои алохидаи молхои барои инсон эхтимолан хатарнок

Маводи кимиёви, биологи ва навъхои алохидаи молхои барои инсон эхтимолан хатарнок баъди бакайдгирии давлатии онхо тибки тартиби мукаррарнамудаи Конуни мазкур барои тахия, истехсол, интикол, харидори, нигахдошт, фуруш ва татбик (истифода) ичозат дода мешавад.

 

Моддаи 14. Талаботи санитарию эпидемиологи  нисбати молхои озукавори, иловагихои озукави, ашёи озука, хамчунин масолех, маснуот ва технологияи истехсоли бо онхо робитадошта

Молхои озукавори бояд талаботи физиологии инсонро бо маводи зарури ва энергия конеъ гардонад, ба талаботи маъмулан ба маводи озука пешниходшаванда дар кисмати нишондихандахои хавоси (органолептики) ва физикию кимиёви чавобгу ва ба талаботи мукаррарнамудаи хуччатхои меъёри нисбати таркиби ичозатшудаи маводи кимиёви (аз чумла радиоактиви), биологи ва омехтахои он, микроорганизмхо ва дигар организмхои биологи, ки ба саломати хатарнок аст, мутобик  бошанд ва набояд ба он таъсири зараровар расонанд.

Молхои хуроквори, иловагихои озукави, ашёи озукави, хамчунин мавод ва моли дар чараёни истехсол, нигахдошт, интикол ва фуруш ба ахоли бо онхо робитадошта, бояд ба талаботи меъёр ва коидахои санитарию гигиени ва эпидемиологи мутобик бошанд. (К ЧТ аз 26.12.11с., №793)

Истехсол, татбик (истифода) ва ба ахоли фурухтани навъхои мавчуда ва инчунин навъи молхои озукавори (ки бори аввал тахия ва дар истехсолот чори мегарданд), иловагихои озукави, ашёи озука, инчунин  мавод ва моли бо онхо робитадошта, татбики чараёни нави технологии истехсоли онхо ва тачхизоти техники, хангоми мавчудияти хулосаи санитарию эпидемиологи дар бораи мутобикати онхо ба меъёр ва коидахои санитари ичозат дода мешавад.

Воридот, фуруш ва истифодаи молхои дар Чумхурии Точикистон ва берун аз худуди он истехсолшаванда танхо дар сурати мавчудияти хуччатхои тасдиккунандаи сифат ва бехатарии (хулосаи санитарию эпидемиологии) онхо ба талаботи хуччатхои меъёри мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ичозат дода мешавад.

Молхои озукавори, иловагихои озукави, ашёи озука, хамчунин маводу моли бо онхо робитадошта, ки ба меъёрхо ва коидахои санитари  мутобик нестанд ва барои инсон хатарноканд, бо карори макомоти ваколатдори давлати бояд фавран аз истехсолот ё фуруш гирифта шаванд.

Молхои озукавори, иловагихои озукави, ашёи озука, хамчунин маводи бо онхо робитадошта, ки аз истехсолот ё фуруш гирифта шудаанд, бояд аз чониби моликони онхо ба максадхое, ки расонидани зарар ба инсонро истисно менамояд, истифода гарданд ё нобуд карда шаванд.

 

Моддаи 15. Талаботи санитарию эпидемиологи ба  молхое, ки ба худуди Чумхурии Точикистон ворид карда мешаванд

Молхои аз чониби шахрвандон, сохибкорони инфироди ва шахсони хукуки ба худуди Чумхурии Точикистон вориднамуда, ки татбик ва (ё) истифодаи онхо иштироки мустакими инсонро талаб менамояд, бояд ба талаботи байналмилалии бехатар ва безарар будан ба инсон чавобгу бошанд.

Молхои дар банди 1 хамин модда зикргардида ба худуди Чумхурии Точикистон, дар мавриди мутобикати онхо ба меъёр ва коидахои санитари тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ичозат дода мешаванд.

Навъхои алохидаи молхои бори аввал ба худуди Чумхурии Точикистон воридшаванда, ки номгуи онхоро Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар менамояд, то ворид намудан ба худуди Чумхурии Точикистон бояд мутобики конунгузори ба кайди давлати гирифта шаванд.

Шахсони вокеи ва хукукие, ки барои ворид намудан ва фуруши хар як кисмати чунин махсулот ба Чумхурии Точикистон шартномахо (карордод) мебанданд, бояд ичрои талаботи мукаррарнамудаи хамин моддаро таъмин кунанд.

 

Моддаи 16. Талаботи санитарию эпидемиологи нисбати ташкили хуроки ахоли

Ташкили хуроки ахоли дар махалхои махсус чихозонидашуда (ошхона, тарабхона, кахвахона, бар ва гайра), аз чумла хангоми коркарди озука ва нушокихо, нигахдошт, интикол а фуруши онхо ба ахоли, барои пешгирии ба миён омадан ва пахншавии беморихои сирояти (паразити) ва беморихои сироятии оммави (захролудшави) бояд тибки меъёр ва коидахои санитари амали гардонида шавад. (К ЧТ аз 26.12.11с., №793)

хангоми ташкили хурок дар муассисахои томактаби ва дигар муассисахои таълими, муассисахои муоличавию пешгирикунанда, солимгардони ва муассисахои хифзи ичтимои, мукаррар намудани меъёри хурок барои хизматчиёни харби, инчунин мукаррар намудани меъёри хурок барои шахсони дар изоляторхои тафтишоти карордошта ё шахсоне, ки дар муассисахои ислохоти адои чазо мекунанд, бояд меъёрхои аз нигохи илми асоснокшудаи физиологи барои инсон хатман риоя карда шаванд.

Хангоми мукаррар намудани стандартхои хадди акалли ичтимоии сатхи зиндагии ахоли, ки давлат кафолат медихад, бояд меъёрхои физиологии хуроки инсон ба инобат гирифта  шаванд.

 

Моддаи 17. Талаботи санитарию эпидемиологи нисбат ба манбаъхои бо об таъминкуни ва объектхои об

Сифати оби манбаъхое, ки барои таъмини мутамарказ ва гайримутамарказ бо оби нушоки, шиновари, шугли варзиш, истирохат ё максадхои табобати истифода мегардад, аз чумла объектхои обии дар худуди нуктахои ахолинишин карордошта бояд ба меъёр ва коидахои санитари  чавобгу бошад.

Меъёри бехатари ва (ё) безарарии объектхои об ба инсон, аз чумла куввати (консентратсияи) ичозатшудаи нихоии маводи кимиёви, биологи, микроорганизмхо ва сатхи заминаи радиатсиони тибки коида ва меъёрхои санитари, мукаррар карда мешавад.

Ичозат барои истифодаи объекти об бо максадхои мушаххаси зикргардида хангоми мавчудияти хулосаи санитарию эпидемиологи оид ба мутобикати объектхои об ба коидахо ва меъёрхои санитари ва шароити безарари истифодаи объектхои оби барои инсон ичозат дода мешавад.

Барои хифзи объектхои об, пешгирии ифлосшавии онхо, мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон меъёрхои бо макомот ва муассисахои хадамоти давлатии санитарию эпидемиологи мувофикашудаи нихоии таъсири зараровар ба объектхои об, меъёрхои ичозатшудаи нихоии партовхои маводи кимиёви, биологи ва микроорганизмхо ба объектхои  об мукаррар карда мешавад.

Лоихахо ва минтакахои мухофизати санитарии объектхои об, ки барои нушидан, таъминоти хочагию маиши ва муоличави истифода мегарданд, тибки конунгузории Чумхурии Точикистон, хангоми мавчудияти хулосаи санитарию эпидемиологи тасдик карда мешаванд.

Макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати ва макомоти худидоракунии шахрак ва дехот, шахсони вокеи ва хукуки дар сурати номутобикатии сифати об ба талаботи меъёр ва коидахои санитари ухдадоранд чихати пешгири, боздошт ё манъи истифодаи объектхои обии зикргардида тадбирхо андешанд. (К ЧТ аз 26.12.11с., №793)

 

Моддаи 18. Талаботи санитарию эпидемиологи нисбати оби нушоки ва таъминоти ахоли бо оби нушоки

Сокинони шахр ва дигар нуктахои ахолинишин тибки конунгузории Чумхурии Точикистон бояд бо оби нушоки ба микдоре, ки барои конеъгардонии эхтиёчоти физиологи ва хочагидори кифоя буда, аз чихати эпидемиологи ва радиатсиони бехатар, аз нигохи таркиби химияви безарар ва дорои хосияти мусоиди хавоси (органолептики) бошад, таъмин карда мешаванд.

Шахсони вокеи ва хукукие, ки истифодаи системахои мутамарказ, гайримутамарказ, таксимкунанда ба хонахо ва системаи автоматии таъминоти ахоли бо об ва системахои таъминоти оби нушокиро дар воситахои наклиёт анчом медиханд, бояд мутобикати сифати оби нушокии системахои зикргардидаро ба талаботи меъёр  ва коидахои   санитари таъмин намоянд.

Макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати ва макомоти худидоракунии шахрак ва дехот, шахсони вокеи ва хукуки вазифадоранд тадбирхоеро, ки ба рушди системаи таъминоти мутамаркази об нигаронида шудааст, анчом диханд. (К ЧТ аз 26.12.11с., №793)

 

Моддаи 19. Талаботи санитарию эпидемиологи нисбат ба хавои атмосфери дар нуктахои ахолинишин, худуди корхонахои  саноати, хавои минтакахои кории бинохои  истехсоли, хонахои истикомати ва дигар бинохо

Хавои атмосфера дар нуктахои ахолинишин,  худуди корхонахои саноати, хавои минтакахои кории бинохои истехсоли, хонахои истикомати ва дигар бинохо, хамчунин дар махалли истикомати доими ва муваккатии одамон бояд ба меъёрхои мукарраргардида мутобик бошад.

Меъёрхои бехатари ва (ё) безарарии хавои атмосфера барои инсон дар нуктахои ахолинишин, дар худуди корхонахои саноати, хавои бинохои махалли истикомати доими ва муваккатии одамон, аз чумла куввати (консентратсияи) ичозатшудаи нихоии маводи кимиёви, биологи ва микроорганизмхо дар фазо тибки коида ва меъёрхои санитари мукаррар карда мешаванд.

Меъёрхои партовхои ичозатшудаи нихоии чанг, маводи кимиёви, биологи ва микроорганизмхо ба фазо, лоихахои минтакахои санитарию мухофизати тибки тартиби мукарраргардида аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик   карда мешаванд.

Макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати ва макомоти худидоракунии шахрак ва дехот, шахсони вокеи ва хукуки вазифадоранд чихати пешгири ва бархам додани ифлосшавии фазо ва хавои махалли истикомати доими ва муваккатии ахоли бо маводи зараровар, ба онхо таъсир намудани омилхои физики, ки ба саломатии инсон таъсири номусоид мерасонанд,  тадбирхо андешанд. (К ЧТ аз 26.12.11с., №793)

 

Моддаи 20. Талаботи санитарию эпидемиологи  нисбати хок,  холати нигохубини худуди нуктахои ахолинишин, майдончахои саноати

Дар таркиби хоки нуктахои ахолинишин, заминхои кишоварзи таркиби ичозатшудаи нихоии маводи кимиёви, биологи ва микроорганизмхои барои инсон эхтимолан хатарнок, инчунин сатхи заминаи радиатсиони, набояд аз куввати (консентратсияи) ичозатшудаи нихоии мукаррарнамудаи меъёр ва коидахои    санитари бештар бошад.

Шароити нигахдошти худудхои нуктахои ахолинишин ва майдончахои саноати бояд ба талаботи меъёр ва коидахои санитари чавобгу бошанд.

Тартиб ва шароити  нигахдошти худудхои нуктахои ахолинишин аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон  мукаррар карда мешавад.

Макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати ва макомоти худидоракунии шахрак ва дехот,  шахсони вокеи ва хукуки  мутобики салохияти худ ухдадоранд чихати пешгири ва кам кардани ифлосшавии таркиби хок дар нуктахои ахолинишин  тадбирхо андешанд. (К ЧТ аз 26.12.11с., №793)

 

Моддаи 21. Талаботи санитарию эпидемиологи нисбати чамъовари, истифода, безараргардони,  интикол, нигахдошт ва гур кардани партовхои истехсоли ва  маиши

Партовхои истехсоли ва маиши бояд  чамъовари, истифода, безараргардони, интикол, нигахдошт ва гуронида шаванд, ки шароит ва усули онхо бояд ба саломатии ахоли ва мухити зист бехатар бошад ва тибки меъёр ва коидахои санитари ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон  анчом дода шавад.

Тартиб, шарт ва усули чамъовари, истифода, безараргардони, интикол, нигахдошт ва гуронидани партовхои истехсоли ва маиши аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.

Дар чойхои мутамаркази чамъовари, истифода, безараргардони, интикол, нигахдошт ва гуронидани партовхои истехсоли   ва маиши бояд назорати санитарию эпидемиологи ва радиатсиони анчом дода шавад.

Партовхои истехсоли ва маишие, ки дар сурати амали гардонидани  назорати радиатсиони, баландравии сатхи заминаи мукарраршудаи  радиатсиони тибки меъёр ва коидахои санитари ошкор шудааст, бояд мутобики конунгузори дар сохаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии ахоли истифода, безараргардони, нигахдори ва гуронида шаванд.

 

Моддаи 22. Талаботи санитарию эпидемиологи нисбати бинохои истикомати

Бинохои истикомати вобаста ба майдонча, сохт, рушнои, инсолятсия, микроиклим, мубодилаи хаво, сатхи садо, ларзиш, афканишоти ионикунанда ва гайриионикунанда бояд бо максади таъмини шароитхои безарари зист, сарфи назар аз мухлати онхо ба талаботи меъёр ва  коидахои санитари   мутобик бошанд.

Нигахдошти бинохои истикомати бояд чавобгуи меъёр ва коидахои санитари   бошанд.

 

Моддаи 23. Талаботи санитарию эпидемиологи нисбати истифодаи иморатхои саноатию чамъияти, бинохо, иншоот, тачхизот ва наклиёт

Хангоми истифодаи иморатхои саноатию  чамъияти, бинохо, иншоот, тачхизот, инчунин наклиёти хавои, оби ва руизамини бояд тадбирхо чихати хифзи мухити табиии зист ва чорабинихои санитарию эпидемиологи (пешгирикунанда) амали гардида,  ба инсон шароити бехатари кор, маишат ва истирохат мутобики талаботи меъёр ва коидахои санитари, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон  фарохам оварда шавад.

Шахсони вокеи ва хукуки вазифадоранд фаъолият ё кори худ ё кори сеххо,  китъахои алохида, истифодаи иморатхо, бинохо, иншоот, тачхизот, инчунин наклиёти хавои, оби ва руизамини, ичрои намуди алохидаи корхо ва хизматрасониро боздоранд ё катъ намоянд, агар дар сурати ичрои чунин фаъолият, кор ва хизматрасони меъёр ва коидахои   санитари вайрон гарданд.

 

Моддаи 24.  Талаботи санитарию эпидемиологи нисбати шароити мехнат

Шароити мехнат, чои кор ва чараёни мехнат набояд ба инсон таъсири зараровар расонад. Талабот чихати таъмини шароити мехнати барои инсон бехатар, тибки меъёр ва коидахои санитари, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешавад.

Шахсони вокеи ва хукуки вазифадоранд  талаботи   меъёр ва коидахои санитари, инчунин дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистонро  нисбати чараёни истехсоли ва тачхизоти технологи, ташкили чойхои кори, воситахои хусуси ва дастачамъии хифзи кормандон, низоми кор, фарогат ва хизматрасонии маишии кормандон, бо максади пешгирии чарохатбардори, беморихои касби, беморихои сирояти (паразити) ва беморихои (захролудшави) вобаста ба шароити мехнати онхоро ичро намоянд.

Шароити кор бо маводи биологи, организмхои биологи,  микробиологи ва токсинхои онхо, инчунин  шароити кор бо ангезандагони беморихои сирояти (паразити)  набояд ба инсон таъсири зараровар расонад.

Талабот чихати таъмини шароити мехнати барои инсон ва мухити зист бехатар, ки дар кисми 3 хамин модда зикр гардидааст, тибки коидахои санитари ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешавад.

Ичрои корхо бо маводи биологи, организмхои биологи, микробиологи ва токсинхои онхо хангоми мавчудияти хулосаи санитарию эпидемиологи дар мавриди мутобикати шартхои ичрои чунин корхо ба талаботи меъёр ва коидахои санитари ичозат дода мешавад.

Хангоми кор бо маводи радиоактиви ва дигар манбаъхои афканишоти ионикунанда ва гайриионикунанда, мошину тачхизот, олот, асбобу анчом ва дастгоххо, ки манбаи омилхои таъсири физики  ба инсон мебошанд (садо, ларзиш, таъсири ултрасадо, инфрасадо, афканишоти гарми, ионикунанда, гайриионикунанда ва дигар афканишот), бояд талаботи меъёр ва коидахои санитари риоя карда шаванд.

Меъёрхои бехатари ва (ё) безарарии шароити кор ва манбаъхои омилхои физикии таъсир ба инсон, аз чумла сатхи ичозатшудаи нихоии таъсир, тибки талаботи меъёр ва коидахои санитари   мукаррар карда мешаванд.

Истифодаи мошин, механизмхо, тачхизот, олот ва дастгоххо, инчунин истехсол, татбик (истифода), интикол, нигахдори  ва гуронидани воситахои  радиоактиви, дигар манбаъхои афканишоти ионикунанда, мавод  ва партовхо,  ки манбаи дар кисми 6 хамин модда зикршудаи омилхои таъсири физики  ба инсон мебошанд, танхо хангоми мавчудияти хулосаи санитарию эпидемиологи оиди мутобикаташон ба меъёр ва коидахои санитари ичозат дода мешавад.

Муносибатхое, ки дар сохаи таъмини амнияти радиатсионии   ахоли ва бехатарии корхо бо манбаъхои афканишоти ионикунанда ба миён меоянд, тибки санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон танзим карда мешаванд.

 

Моддаи 25. Талаботи санитарию эпидемиологи нисбати шароити таълим ва тарбия

Дар муассисахои томактаби ва солимгардони, мактабхо, муассисахои таълимии оли ва миёнаи махсус, омузишгоххои касбию техники, корхонаю ташкилот, ки сарфи назар аз шаклхои ташкилию хукуки ба тарбия, таълим ва омодагии касби машгуланд, бояд шароит чихати хифз ва тахкими саломатии шахрвандон ва пешгирии беморихо, аз чумла   ташкили гизои онхо андешида шавад ва талаботи конунгузори дар сохаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии ахоли  ичро гардад.

Барномахо, усул ва низоми тарбия ва таълим, воситахои техники, аудиовизуали ва дигар воситахои таълиму тарбия, мебели таълими, инчунин адабиёт ва дигар махсулоти нашри барои истифода, хангоми мавчудияти хулосаи санитарию эпидемиологи дар бораи мутобикати онхо ба талаботи меъёр ва коидахои санитари  тасдик карда мешаванд.

Дар мактабхо ва муассисахои томактаби истифодаи воситахои тарбияви, таълими ва мебелхое, ки ба стандарти давлати ва дигар меъёру коидахои санитари чавобгу намебошанд, манъ аст.

 

Боби IV.ТадбирХои санитарию гигиенИ ва зиддиэпидемикИ (пешгирикунанда)

 

Моддаи 26. Ташкил ва гузаронидани тадбирхои санитарию гигиени ва зиддиэпидемики

Бо максади пешгирии пайдоиш ва пахншавии беморихои сирояти (паразити) ва беморихои гайрисироятии оммави (захролудшави) бояд  сари вакт ва дар хачми пурра тадбирхои зарурии ташкили, инженерию техники, муоличавию пешгирикунанда, санитарию   зиддиэпидемики, аз чумла тадбирхо оид ба анчом додани хифзи санитарии каламрави Чумхурии Точикистон, чори кардани чорабинихои махдудкунанда (карантин), анчом додани назорати истехсоли, тадбирхо нисбати шахсони мубталои беморихои сирояти, доир намудани муоинахои тибби, эмкунихои пешгирикунанда, тарбия ва таълими гигиении шахрвандон  анчом дода шавад.

Чорабинихои санитарию гигиени ва зиддиэпидемики (пешгирикунанда) тибки тартиби хатми аз чониби шахрвандон, шахсони вокеи ва хукуки мутобики фаъолияти аз чониби онхо ичрошаванда, инчунин дар холатхои пешбининамудаи Конуни мазкур гузаронида мешаванд.

Моддаи 261. Истифодабари ва мутобикати тадбирхои санитарию гигиени ва зиддиэпидемики”

Тадбирхои санитарию гигиени ва зиддиэпидемики барои химоя, хифзи хаёт ва солимии ахоли татбик гардида, бояд ба доираи санадхои меъёрии хукукии амалкунанда мутобик буда, ба дастовардхои нави илми асос ёфта бошанд.

Хамаи тадбирхои санитарию гигиени ва зиддиэпидемикие, ки аз чониби дигар давлатхо, аз чумла дар сатхи байналмилали андешида шудаанд, мувофик ба тадбирхои амалкунандаи Чумхурии Точикистон эътироф мегарданд, агар аз тарафи макоми ваколатдори Чумхурии Точикистон муайян карда шавад, ки ин тадбирхо мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон бехатарии инсонро дар сатхи баробар ва бехтар таъмин менамоянд.

Хангоми мавчуд набудани санадхои меъёрии хукукии давлати, стандартхо, дастурхо ва тавсияхои байналмилали ва ё агар тадбирхои андешидашаванда аз стандартхо,  дастурхо ва тавсияхои байналмилали ба кулли фарк намоянд ва ё тадбирхои андешидашаванда ба савдо таъсири назаррас расонанд, макоми ваколатдор дар сохаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологи ухдадор аст:

чихати таъмини шаффофияти тадбирхои татбикшаванда тамоми чорахоро андешад;

-тарафхои манфиатдорро ба таври расми оид ба нияти андешидани тадбири мушаххаси санитарию гигиени ва зиддиэпидемики дар мархилаи пешакии омодаги огох намояд, то ки ба давлатхои манфиатдор барои шиносои имконият фарохам оварда шавад;

-барои гирифтани эзох, пешниходот ва ворид намудани тагйиру иловахо тибки созишномахои байналмилалие, ки Чумхурии Точикистон ба имзо расонидааст, матни тадбирхои андешидашаванда ё санадхои меъёрии хукукии тахияшударо пешаки нашр намояд;

-хамаи чорахоро оид ба асосноккунии илмии тадбирхои татбикшаванда андешад;

-доираи вактиро барои баррасии пешниходот ва эзохот бо тарафхои манфиатдор муайян намояд;

-тамоми чорахоро андешад, ки огохсози оид ба андешидани чорахо ё чори намудани санадхои меъёрии хукуки вобаста ба масолехи муайян ё махсулот ва асосноккунии он 75 руз пеш аз кабули татбики расмии он нашр карда шавад.

 

Моддаи 262. Тадбирхо хангоми баходихии сатхи хатари махсулот ба хаёт ва саломатии нсон

Хангоми баходихии сатхи хатари махсулот ба хаёт ва саломатии инсон дар раванди тахия ва татбики тадбирхои санитари макоми ваколатдор ухдадор аст холатхои зеринро ба инобат гирад:

-асосноккунии илми, усулхои мавчудаи истехсол, коркард, усулхои бозраси, интихоб барои озмоиш ва санчиш, сатхи пахншавии беморихо, мавчуд будани минтакахои озод аз беморихо ва зараррасонхо, шароити мусоиди экологи, чорахои карантини ва гайрахо;

-омилхои дахлдори иктисоди, аз чумла зарари эхтимоли аз кам кардани хачми истехсолот ё фуруш дар холати воридшави, нобудсози ё пахншавии ин ё он зараррасон ва ё бемори, харочот барои мубориза бар зидди онхо ё нест кардани онхо ва таносуби нисбии харочот ва самаранокии усулхои алтернативи барои кам кардани хатар.

Дар холатхое, ки асосноккунии илми нокифоя аст, макоми ваколатдор метавонад дар асоси иттилооти зарурии мавчуда, аз чумла иттилооте, ки аз ташкилотхои байналмилали гирифта шудааст ва хамчунин иттилооот оид ба тадбирхои санитарие, ки дар дигар давлатхо татбик мегардад, тадбирхои санитарии муваккатиро амали намояд.

Тадбирхои санитари бо назардошти хусусиятхои санитарии махал, ё дар тамоми каламрави мамлакат ва ё дар минтакахои алохидаи он ё дар якчанд мамлакат ё кисмхои онхо, ки дар каламрави онхо махсулот истехсол мешавад ва барои он пешбини шудааст, татбик карда мешаванд.

Дар мавриди бахогузории хусусиятхои санитарии минтака, макоми дахлдор дар катори дигархо дарачаи пахншавии зараррасонхо ё беморихои мушаххас, мавчуд будани барномахои мубориза бар зидди онхо ё нест кардани онхо ва меъёрхо ё талаботе (нишондихандахо, дастурхое), ки метавонанд аз тарафи ташкилотхои байналмилалии дахлдор тахия шаванд, ба инобат мегирад.  Макоми дахлдор консепсияи минтакахои озод аз зараррасонхо ё беморихо ва минтакахои пахншавии на он кадар назарраси зараррасонхо ё беморихоро эътироф мекунад. Хангоми муайян кардани чунин минтакахо омилхое, ба монанди чугрофия, экосистема, назорати эпидемиологию санитари ва самарабахшии он ба асос гирифта мешаванд.

Давлатхои содиркунандае, ки худуди худро минтакахои озод аз зараррасонхо ё беморихо ва ё минтакахои пахншавии на он кадар назарраси зараррасонхо ё беморихо эълон кардаанд, бояд ба макоми дахлдор хуччати тасдиккунандаро пешниход намоянд.

Тадбирхои санитарии татбикшаванда назар ба тадбирхое, ки ба заминаи стандартхо, дастурхо ва тавсияхои байналмилали асос ёфтаанд, метавонанд сатхи баланди химояи санитариро таъмин намоянд, агар дорои асосноккунии илмии дахлдор бошанд ва ё ин сатхи химояи санитари зарури дониста шаванд.

 

Моддаи 263. Пешниходи маълумот

Хамаи коидахои санитари фавран нашр карда мешаванд.

Макоми ваколатдор дар сохаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологи мутобики созишномахои байналмилалии аз тарафи Чумхурии Точикистон ба имзо расонидашуда бояд тавассути системаи ягонаи иттилоотии давлати ахбороти мавчуда ва хуччатхои меъёрии хукукии зеринро пешниход намояд:

-тадбирхои чори ё тахияшаванда дар сохаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии ахоли;

-хамаи расмиёти назорати ва бозраси, коидахои истехсолот ва карантин, расимёти розиги додан ба микдори имконпазири иловахои гизои, ки дар худуди Чумхурии Точикистон амал мекунанд;

-андешидани тадбирхо дар холатхои фавкулодда ва муайянкунии дарачаи зарурии химояи хаёт ва солимии ахоли дар Чумхурии Точикистон;

-узвият ва иштирок дар ташкилотхои байналмилали, минтакави ва машваратхо, тартиб ва расмиёти химояи хаёт ва солимии ахоли, мавчудият ва нигохдории санадхои хукукии байналмилалии дучониба ва бисёрчониба.

 

Моддаи 264. Хамарзишии тадбирхои санитарию гигиени ва зиддиэпидемики

Тадбирхои санитарию гигиени ва зиддиэпидемикии дар дигар давлатхо татбикшаванда ба тадбирхои чории Чумхурии Точикистон ба шарте хамарзиш хисобида мешаванд, ки макоми ваколатдор ва ё макомоти давлатии дахлдори Чумхурии Точикистон муайян намоянд, ки ин тадбирхо ба дарачаи баробар ва ё бехтар бехатарии хаёт ва солимии одамро таъмин менамоянд.

Карор оид ба хамарзиш донистани тадбирхои санитарию гигиени ва зиддиэпидемики бояд интишор шавад.

 

Моддаи 265. Чорабинихо дар сохаи назорат, бозраси ва маъкул донистани тадбирхои санитарию гигиени ва эпидемиологи

Чорабинихо дар сохаи назорат, бозраси ва маъкул донистани тадбирхои санитарию гигиени ва эпидемиологи бояд ба таври зайл анчом дода шаванд:

-дар доираи вакти муайяншуда, батаъхирандозии беасос байни махсулоти воридшаванда ва махсулоти ба ин монанди ватани;

-дар асоси маълумоти камтарин гузаронидани назорат, бозраси ва маъкул донистан;

-огох намудани мурочиаткунанда дар бораи мухлати хотимаёбии расмиёт, нишон додани тамоми камбудихо дар хуччатхои тахияшуда, доираи вакти хуччатгузори ва додани натичахо;

-риояи катъии махфияти маълумоти дастрасшуда;

-риояи коида ва меъёрхо, хангоми гирифтани намунахои барои сертификатсияи махсулот зарури;

-агар гурухбандии махсулот нисбат ба талаботи татбикшаванда пас аз назорат ва бозраси тагйир ёбад, он гох расмиёти татбикшаванда ба махсулоти тагйирёфта то даме махдуд карда мешавад, ки махсулоти тагйирёфта новобаста ба меъёр ва стандартхои мавчудбуда, хамчун пештара мутобик мебошад;

-хамаи талабот оид ба назорат, бозраси ва маъкул донистан ба намунаи алохидаи махсулот дар холате махдуд карда мешавад, ки он асоснок ва зарури шуморида шавад;

-бочхои давлати вобаста ба расмиёти ба молхои воридшаванда татбикшаванда бояд аз намуди бочхои молхои хамшабехи ватани ё молхои интиколшаванда дар худуди дигар давлатхо истехсолшуда, аз нархи вокеии хизматрасонихо зиёд набошанд. (К ЧТ аз 26.12.11с., №793)

Моддаи 27. Мухофизати санитарии каламрави Чумхурии Точикистон

Мухофизати санитарии каламрави Чумхурии Точикистон барои пешгирии ба каламрави Чумхурии Точикистон  ворид намудан ва пахн кардани беморихои сирояти (паразити), ки барои ахоли дорои хатар мебошанд, инчунин чихати пешгирии ба каламрави Чумхурии Точикистон ворид намудани мол, маводи кимиёви, биологи ва радиоактиви, партовхо ва дигар борхо (минбаъд –  бор ва молхои хатарнок), ки барои инсон хатарнок аст, нигаронида шудааст.

Номгуи беморихои сирояти (паразити), ки гузаронидани чорабинихоро оид ба хифзи санитарии  каламрави Чумхурии Точикистон  такозо менамоянд, аз чониби макомоти назорати давлатии санитарию эпидемиологи   муайян карда мешавад.

Ба каламрави Чумхурии Точикистон  ворид намудани молхои хатарнок, ки воридоти онхо ба Чумхурии Точикистон тибки конунгузории Чумхурии Точикистон манъ аст, инчунин молхое, ки хангоми гузаронидани назорати санитарию эпидемиологи муайян гардидааст, ки ворид намудани онхо ба каламрави Чумхурии Точикистон  барои пайдоиш ва пахншавии беморихои сирояти (паразити) ё беморихои гайрисироятии оммави (захролудшави) тахдид мекунанд, ичозат дода намешавад.

Хифзи санитарии каламрави Чумхурии Точикистон дар нуктахои гузаргох тавассути сархади давлатии Чумхурии Точикистон аз чониби  нуктахои санитарию карантинии хадамоти назорати санитарию эпидемиологи анчом дода мешавад.

Шартхои чорабинихо оид ба анчом додани хифзи санитарии  каламрави Чумхурии Точикистон тибки коидахои санитарию эпидемиологи ва дигар санадхои меъёрии хукукии  Чумхурии Точикистон анчом дода мешаванд.

Тартиби кори нуктахои санитарию карантиниро Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар менамояд.

 

Моддаи 28. Тадбирхои махдудкунанда (карантин)

Тадбирхои махдудкунанда (карантин) дар нуктахои гузаргох тавассути сархади давлатии Чумхурии Точикистон, дар каламравхои алохида ва нуктахои ахолинишин, ташкилот ва иншооти фаъолияти хочагидори ва дигар фаъолият  хангоми тахдиди пайдоиш ва пахншавии беморихои сирояти (паразити) аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон чори карда мешаванд.

Тадбирхои махдудкунанда (карантин) дар асоси таклифхо ва амрномахои сардухтурони давлатии санитари ё муовинони онхо аз чониби  Хукумати Чумхурии Точикистон   ва макомоти махаллии хокимияти давлати чори (бекор) карда   мешаванд.

Тартиби анчом додани тадбирхои махдудкунанда (карантин) ва номгуи беморихои сирояти (паразити), ки хангоми  пайдоиш ё пахншавии  онхо тадбирхои махдудкунанда (карантин) чори карда мешавад, тибки меъёр ва коидахои санитари ё дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон мукаррар мегардад.

Бо максади хамохангсозии фаврии фаъолияти вазорату идорахо ва ташкилотхои чамъиятии дахлдор чихати гузаронидани чорабинихо оиди пешгири, махдудкуни ва рафъи эпидемияхо, беморихои сирояти (паразити)  ва захролудшавии одамон дар каламрави Чумхурии Точикистон аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон ва макомоти махаллии хокимияти давлати комиссияхои фавкулоддаи зиддиэпидемикии чумхурияви, вилояти, шахри ва нохияви таъсис дода мешаванд.

Салохият ва тартиби фаъолияти комиссияхои дар хамин модда зикргардидаро Хукумати Чумхурии Точикистон муайян мекунад.

 

Моддаи 29. Тадбирхо нисбати шахсони мубталои беморихои сирояти (паразити)

Шахсони мубталои беморихои сирояти (паразити), шахсони ба чунин беморихо гумонбаршуда ё бо шахсони мубталои беморихои сирояти (паразити) робитадошта ва шахсони интиколдихандаи ангезиши беморихои сирояти (паразити), бояд тахти ташхиси лаборатори, муоинаи тибби ё муолича ва дар холати  ба атрофиён хатарнок буданашон, бояд хатман бистари гардонида шаванд ё  дар асоси меъёр ва коидахои санитари, ё дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон алохида нигох дошта шаванд.

Шахсони интиколдихандаи ангезиши бемори, дар холате, ки   онхо метавонанд вобаста ба хусусияти шугли истехсолоти ё коре, ки ичро менамоянд, манбаи пахншавии беморихои сирояти (паразити) гарданд, муваккатан то шифо ёфтан ба кори дигар, ки ба хатари   пахн кардани беморихои сирояти (паразити) алокаманд намебошад, гузаронида мешаванд. Дар сурати вобаста ба шароити истехсоли имконнопазирии гузаронидан ба кори дигар бахс тибки тартиби мукаррарнамудаи конунгузории мехнат хал карда мешавад.

Хамаи ходисахои  беморихои сирояти (паразити) ва беморихои гайрисироятии оммави (захролудшави) бояд аз чониби макомот ва муассисахои системаи тандурустии махалли ошкорнамудаашон ба кайд гирифта шуда, оид ба онхо бахисобгирии давлати ва пешбурди  хисобот доир ба онхо аз чониби макомоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Чумхурии Точикистон анчом дода мешавад.

Тартиби бахисобгирии давлатии чунин ходисахо (захролудшави),  инчунин пешбурди хисобот доир ба онхо, аз чониби макомоти  назорати давлатии  санитарию эпидемиологи мукаррар карда мешавад.

 

Моддаи 30. Тадбирхои дезинфексиони, дератизатсиони ва дезинсексиони

Бо максади пешгирии пайдоиш ва пахншавии беморихои сирояти  ва паразити шахсони вокеи ва хукуки бояд аз хисоби худ вобаста ба нишондихандахои эпидемиологи ва дастурхои макомоти назорати давлатии санитарию эпидемиологи тадбирхои дезинфексиони, дератизатсиони ва дезинсексиони гузаронанд.

Хангоми пайдоиши холатхои фавкулоддаи эпидемики бо карори макомоти махаллии хокимияти давлати тибки пешниходи макомоти назорати давлатии санитарию эпидемиологи аз хисоби маблагхои бучети махалли тадбирхои гайринавбатии хатмии дезинфексиони, дератизатсиони ва дезинсексиони гузаронида мешавад.

Дезинфексияи макон тавассути муассисахои муоличавию пешгирикунанда, инчунин муассисахои кумаки аввалияи тиббию санитари ва марказхои дезинфексияи профилактики гузаронида мешавад.

 

Моддаи 31.  Муоинаи хатмии тибби

Бо максади хифзи саломати, пешгирии пайдоиш ва пахншавии беморихои сирояти (паразити), беморихои гайрисироятии оммави (захролудшави), беморихои касби ва ходисахои нохуш,  сохибкорони инфироди, кормандони истехсолот ва ташкилот, сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияти идори, ки ягон фаъолияти хочагидори ва (ё) дигар фаъолиятро анчом медиханд, бояд пеш аз дохилшави ба кор ва ба таври даврави, тахти муоинаи хатмии тиббии пешгирикунанда карор гиранд, инчунин аз ташхиси махсуси тибби (минбаъд- муоинаи тибби) гузаранд.

Хангоми зарурат, дар асоси пешниходоти макомоти муассисахои санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустии Чумхурии Точикистон, бо карори макомоти махаллии хокимияти давлати дар ташкилотхои алохида (сеххо, лабораторияхо ва дигар вохидхои сохтори) метавонад дар мавриди муоинаи кормандон нишондодхои нав чори карда шаванд.

Шахсони вокеи ва хукуки, ки дар сохаи истехсолот ва фаъолияти хочагидори машгуланд, вазифадоранд  сари вакт доир намудани муоинаи тиббии кормандон ва муоинаи тибби оид ба нишондихандахои эпидемиологиро таъмин созанд.

Шахсони вокеи ва хукуки, ки дар сохаи истехсолот ва фаъолияти хочагидори машгуланд, хукук надоранд шахсонеро, ки аз муоинаи тиббии пешаки ё даврави нагузаштаанд ё вобаста ба вазъи саломати корношоям эътироф шудаанд, ба кор рох диханд.

Маълумот дар бораи муоинаи тибби, бояд дар дафтари шахсии тибби сабт гардида, аз чониби муассисахои муоличавию пешгирикунанда, инчунин макомоти давлатии хадамоти санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустии Чумхурии Точикистон  ба хисоб гирифта шавад.

Номгуи омилхо, кор ва хизматрасонии зарарнок, ки хангоми ичрои онхо бояд муоинахои хатмии пешаки ё давравии  тибби гузаронида шавад, аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешавад.

Тартиб ва мунтазамии гузаронидани онхо, бахисобгири, пешбурди хисоботдихи ва ба кормандон додани дафтарчахои шахсии тибби  аз чониби Вазорати тандурустии Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешавад.

 

Моддаи  32.  Эмкунихои пешгирикунанда

Эмкунихои пешгирикунандаи шахрвандони Чумхурии Точикистон бо максади пешгирии пайдоиш ва пахншавии беморихои сирояти анчом дода мешавад.

Номгуи беморихо, ки алайхи онхо эмкунихои пешгирикунанда сурат мегирад, тартиб, мухлати гузаронидан ва гуруххои ахолии   эмшавандаро Вазорати тандурустии Чумхурии Точикистон муайян менамояд.

 

Моддаи 33.  Назорати истехсоли

Назорати истехсоли аз чониби сохибкорони инфироди ва шахсони хукуки, ки дар сохаи истехсолот ва фаъолияти дигари истехсолию хочагидори машгуланд, анчом дода шуда, гузаронидани ташхиси лаборатори, озмоиши риояи коидахои санитари ва ичрои коидахои санитарию эпидемиологиро (пешгирикунанда) дар чараёни истехсол, нигахдошт, интикол ва фуруши махсулот, ичрои корхо ва хизматрасони дар бар мегирад.

Назорати истехсоли барои пешгири ва рафъи ифлосшавии мухити зист, вобаста ба шароити мехнат, истирохат, таълим ва тарбияи одамон, нишондихандахои гигиении сифати махсулоти истехсолшаванда, тибки тартиби мукаррарнамудаи меъёр ва коидахои санитари ва стандартхои давлати анчом дода мешавад.

Ашхосе, ки назорати истехсолиро анчом медиханд, барои ичрои саривакти, мукаммали ва сахехии он масъуланд.

 

Моддаи  34. Таълим ва тарбияи гигиени

Таълим ва тарбияи гигиении шахрвандон ба баланд бардоштани   маданияти санитари, пешгирии беморихо, пахн намудани маърифат оид ба тарбияи хаёти солим нигаронида шудааст.

Таълим ва тарбияи гигиени дар оила аз чониби волидон, дар    чараёни таълиму тарбия дар муассисахои томактаби – аз чониби мураббиён, хангоми таълим дар мактаб ва дигар муассисахои таълими, муассисахои тахсилоти оли ва миёнаи махсус, хангоми тайёркуни, бозомузи ва такмили ихтисоси кормандон бошад,  аз чониби муаллимон тавассути ба барномаи таълими ворид намудани фаслхо оид ба донишхои гигиени амали гардонида мешавад.

Таълим ва тарбияи гигиени хангоми тарбияи касбии гигиени, аттестатсияи шахсони мансабдор ва кормандони ташкилот, ки фаъолияти онхо ба истехсол, нигахдошт, интикол ва фуруши махсулоти озука, оби нушоки, тарбия ва таълими атфол, хизматрасонии коммунали ва маишии ахоли алокаманд аст, гузаронида мешавад.

 

Моддаи  35.  Экспертизаи санитарию эпидемиологи

Экспертизаи санитарию эпидемиологи кисми таркибии таъмини   амнияти санитарию эпидемиологии  ахоли буда, аз чониби хадамоти давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустии Чумхурии Точикистон  гузаронида мешавад.

Экспертизаи санитарию эпидемиологи  вазифахои зайлро анчом медиханд:

– ташхиси сабабхо ва шароити пайдоиши беморихои сирояти (паразити), беморихои гайрисироятии оммави ва захролудшавии ахоли;

– арзёбии мачмуии таъсири мухити зист ба вазъи санитарию эпидемиологи;

– арзёбии мутобикати карорхои  дар чараёни фаъолияти хочагидори ва дигар фаъолият кабулшаванда ба коида ва меъёрхои санитарию гигиени;

– муайян намудани  мутобикати (номутобикатии)  хуччатхои лоихавии объектхои таъиноти истехсоли, хочагидори ва дигар фаъолият ба   коида ва меъёрхои санитаридар доираи экспертизаи давлатии лоихахои меъмори, шахрсози ва сохтмони. (К ЧТ аз 26.12.11с., №793)

Экспертизаи санитарию эпидемиологи ва маслихатхо оид ба арзёбии таъсири омилхои мухити зисти инсон ба саломатии у тибки мукарраркардашуда ва бо супориши сардухтурони давлатии санитари, инчунин аз руи аризаи шахсони вокеи ва хукуки гузаронида мешавад.

Маблаггузории экспертизаи санитарию эпидемиологи аз чониби шахсони вокеи ва хукуки, ки фаъолияти (мол, кор, хизматрасони) онхо тахти тадкикоти мазкур карор мегирад ва дар хачми харочоти ичрошуда таъмин карда мешавад.

Муассисахои хадамоти санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустии Чумхурии Точикистон ва экспертхо, ки экспертизахои санитарию эпидемологиро анчом медиханд, барои сифат ва сахехии он мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон масъулият доранд.

 

Моддаи 36. Хулосаи санитарию эпидемиологи

Дар асоси натичахои экспертизахои санитарию эпидемиологи, тадкикот, муоина, ташхис,  озмоиш ва арзёбихои токсикологию гигиени ва дигар навъи арзёби, ки тибки тартиби мукарраргардида  ба расмият дароварда шудааст, сардухтурони давлатии санитари дар доираи салохияташон хулосаи санитарию эпидемиологи    медиханд.

Оид ба навъхои алохидаи фаъолият (кор, хизматрасони), ки барои хаёт ва саломатии инсон хатари имконпазир доранд, бояд хатман экспертизаи санитарию эпидемиологи бо додани хулосаи санитарию эпидемиологи, тибки тартиби мукаррарнамудаи Конуни мазкур гузаронида шавад.

хангоми додани хулосаи санитарию эпидемиологи маблаг дар хачми харочоти вокеи ситонида мешавад.

 

Боби V. Танзими давлатИ дар соХаи таъмини амнияти cанитарию  эпидемиологии аХолИ

 

Моддаи  37.  Бамеъёргирии давлатии санитарию эпидемиологи

Бамеъёргирии давлатии санитарию эпидемиологи  инхоро дар бар мегирад:

– тахияи талаботи ягонаро чихати гузаронидани корхои илмию тадкикоти оид ба асосноксозии меъёр ва коидахои санитари;

– назорати гузаронидани корхои илмию тадкикотиро дар мавриди бамеъёргирии назорати давлатии санитарию эпидемиологи;

– тахия (тачдиди назар), экспертиза, тасдик ва интишори коидахои санитариро;

– назорати татбики меъёр ва коидахои санитари, омузиш ва чамъбасти амалияи татбики онхоро;

– ба кайдгири, ба системадарории меъёр ва коидахои санитари, ташаккул ва пешбурди махзани маълумоти ягонаи чумхури дар сохаи бамеъёргирии давлатии санитарию эпидемиологи.

Бамеъёргирии давлатии санитарию эпидемиологи аз чониби макомот ва муассисахои хадамоти давлатии санитарию эпидемиологии Чумхурии Точикистон  анчом дода мешавад.

 

Моддаи 38.  Тахия ва тасдики меъёр ва коидахои санитари

Меъёр ва коидахои санитари аз чониби хадамоти санитарию эпидемиологии Чумхурии Точикистон тахия мегардад.

Санадхои мукарраркунандаи меъёр ва коидахои санитари тахти тобеияти мустакими хадамоти санитарию эпидемиологии  Чумхурии Точикистон карор доранд ва истифодаи онхо дар санадхои дигар вазорату агентихо ва идорахо бояд бо Сардухтури давлатии санитарии  Чумхурии Точикистон мувофика шаванд.

Дар худуди Чумхурии Точикистон меъёр ва коидахои санитарие амал мекунанд, ки аз чониби хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологи мувофики тартиби мукаррарнамудаи Конуни мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон  тасдик ва татбик мегарданд.

Меъёр ва коидахои санитари бояд тибки тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба кайд гирифта шаванд ва расман интишор гарданд.

 

Моддаи 39.  Талаботи санитарию эпидемиологи

Меъёр ва коидахои санитари нисбат ба инхо талаботи санитарию эпидемиологиро мукаррар менамояд:

– таркиб ва истифодаи бино, иморат, иншоот, тачхизот, воситахои наклиёт;

– интихоби китъаи замин барои сохтмон;

– лоихакаши, сохтмон, азнавсози, боздоштан (консерватсия), истифодадихи ва бархамдихии иншоот, аз чумла истехсоли, моли  таъиноти истехсолию техники;

– молхо барои эхтиёчоти шахсию маиши ва технологияи истехсоли онхо;

– маводи озукавори, истехсол, воридот, интикол, нигахдошт ва фуруши онхо;

– ташкили хуроки ахоли;

– истифодаи маводи кимиёви, воситахои биологи, дорувори ва мол;

– таъмини оби нушокию таъиноти хочаги ва чойхои мадани-маишии истифодаи об;

– хавои атмосфера дар нуктахои ахолинишин, каламрави корхонахои саноати, хаво дар бинохои истехсоли, манзил ва дигар иншоот;

– дар хок, нигахдошти каламрави нуктахои ахолинишин, майдончахои саноати;

– чамъовари, истифода, безараргардони, интикол, нигахдошт ва гур кардани партовхои истехсоли ва маиши;

– истифодаи иморатхо, бинохои истехсоли, чамъияти ва истикомати, иншоот, тачхизот ва наклиёт;

– шароити мехнат;

– шароити кор бо маводи биологи, организмхои биологи, микробиологи ва токсинхо;

– шароити кор бо манбаъхои омилхои физикии таъсир ба инсон;

– шароити тарбия ва таълим ва тачрибаи амалии кудакон ва наврасон;

– таълим ва тарбияи гигиении ахоли;

– воситахои наклиёт ва шароити хамлу накли мусофирон;

– хуччатхои меъёрию техники (стандартхо, шартхои техники ва гайра), ки нисбат ба навъхои нави ашё, тачхизоти техники ва чараёнхо, асбобу анчом, ашёи хоми озукавори ва махсулоти озука, маводи сохтмон, манбаъхои афканишоти ионикунанда, зарф, маводи кимиёви, биологи ва дорувори, маводи басту банд ва полимери, молхои атторию косметики, молхои  полиграфи ва дигар молхои ниёзи мардум тахия карда мешаванд.

 

Моддаи  40. Сертификатсияи навъхои алохидаи фаъолият (кор, хизматрасони), ки барои  инсон хатари  имконпазир доранд

Сертификатсияи навъхои алохидаи фаъолият (кор, хизматрасони), ки барои инсон хатари имконпазир доранд, тибки конунгузории Чумхурии Точикистон, хангоми мавчудияти хулосаи санитарию эпидемиологии Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустии Чумхурии Точикистон дар мавриди мутобикати чунин молхо, кор ва хизматрасони ба меъёр ва коидахои санитари анчом дода мешавад. (К ЧТ аз 26.12.11с., №793)

 

Моддаи 41. Бакайдгирии давлатии навъхои алохидаи мавод ва моле,  ки ба инсон таъсири зараровар мерасонанд

Навъхои алохидаи мол ва маводе, ки ба инсон таъсири зараровар доранд,  бояд дар Вазорати тандурустии Чумхурии Точикистон ба кайди давлати гирифта шаванд:

– маводи мавчуда ва бори аввал дар истехсолот чоришаванда ва каблан истифоданашуда ва воситахои дар асоси онхо тахияшаванда (минбаъд – мавод), ки барои саломатии ахоли эхтимолан хатарноканд;

– иловагихои озукавори, рангомезихо, мол ва маводи бо об, молхои озука робитадоштаи мавчуда, ё ки бори аввал ба каламрави Чумхурии Точикистон воридкардашаванда.

Бакайдгирии давлатии мавод ва навъхои алохидаи махсулоти дар хамин модда зикршуда дар асоси зайл сурат мегирад:

– арзёбии экспертии маводи хатарнок ва навъхои алохидаи махсулот барои инсон ва мухити зист;

– мукаррар намудани меъёрхои гигиени ва дигар меъёрхои таркиби мавод, унсурхои алохидаи махсулот;

– тахияи тадбирхои махсус, аз чумла шартхои партов кардан ва нобуд сохтани мавод ва навъхои алохидаи мол, оид ба пешгирии таъсири зараровари онхо ба инсон ва мухити зист.

Бакайдгирии давлатии мавод ва навъхои алохидаи моли дар   хамин модда зикршуда тибки тартиби мукаррарнамудаи Вазорати тандурустии Чумхурии Точикистон анчом дода мешавад. Барои бакайдгири маблаг ба андозаи харочоти вокеи ситонида мешавад.

Фехристи мавод ва моле, ки истифодаи онхо дар Чумхурии Точикистон ичозат дода шудааст, бояд нашр гардад.

 

Моддаи 42. Мониторинги ичтимоию гигиени

Барои арзёби, ошкор намудани тагйирот ва пешбинии вазъи саломатии ахоли ва мухити зист, муайянсози ва рафъи таъсири зараровари  мухити зист ба инсон мониторинги ичтимоию гигиени анчом дода мешавад.

Мониторинги ичтимоию гигиени дар сатхи чумхурияви ва махалли аз чониби макомот ва муассисахои хадамоти давлатии санитарию эпидемиологии Чумхурии Точикистон  якчоя бо макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати ва макомоти худидоракунии шахрак ва дехот анчом дода мешавад. (К ЧТ аз 26.12.11с., №793)

Тартиби гузаронидани мониторинги ичтимоию гигиени аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон  мукаррар карда мешавад.

 

Моддаи 43. Назорати давлатии санитарию эпидемиологи

Назорати давлатии санитарию эпидемиологи аз чониби Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Чумхурии Точикистон анчом дода мешавад. (К ЧТ аз 26.12.11с., №793)

Назорати давлатии санитарию эпидемиологи инхоро дар бар мегирад:

– тадбирхои пешгирии вайрон намудани ичрои конунгузориро дар сохаи бехдошти санитарию эпидемиологии ахоли, додани дастур ва баровардани карорро дар мавриди далелхои вайрон кардани конунгузори дар сохаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии ахоли  ва ба чавобгари кашидани шахсони онро содирнамуда;

– назорати ичрои конунгузориро дар сохаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии ахоли, тадбирхои санитарию зиддиэпидемики (пешгирикунанда), дастур ва карорхои шахсони мансабдорро, ки  назорати давлатии санитарию эпидемиологиро анчом медиханд;

– назорати санитарию эпидемиологиро дар нуктахои гузаргох, тавассути Сархади давлатии Чумхурии Точикистон;

– назорати вазъи санитарию эпидемиологиро;

– гузаронидани тадкикоти санитарию эпидемиологи, ки барои ошкор намудани сабабхо ва   шароити пайдоиш ва пахншавии беморихои сирояти (паразити) ва беморихои гайрисироятии оммави (захролудшави) нигаронида шудааст;

– тахияи пешниходотро оид ба гузаронидани тадбирхои санитарию эпидемиологи  (пешгирикунанда);

– назорат, арзёби ва пешбинии вазъи саломатии ахолиро вобаста ба холати мухити зист;

– назорати омориро дар сохаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии ахоли дар сатхи давлати, бакайдгирии давлатии беморихои сирояти (паразити), беморихои касби, беморихои гайрисироятии оммави, захролудшавиро вобаста ба таъсири зараровари омилхои мухити зист бо максади ташаккули захирахои иттилоотии давлати.

 

БОБИ VI. ХАДАМОТИ ДАВЛАТИИ САНИТАРИЮ

ЭПИДЕМИОЛОГИИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

 

Моддаи 44. Принсипхои асосии ташкил ва фаъолияти системаи давлатии хадамоти санитарию эпидемиологии Чумхурии Точикистон

Хадамоти давлатии санитарию эпидемиологии Чумхурии Точикистон  системаи ягонаи давлатии мутамаркази макомот ва ташкилот мебошад, ки назорати давлатии санитарию эпидемиологиро дар Чумхурии Точикистон анчом медихад.

Системаи хадамоти давлатии санитарию эпидемиологи инхоро дар бар мегирад:

– макомот ва муассисахои хадамоти давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустии Чумхурии Точикистонро;

– вохидхои сохтории хадамоти давлатии санитарию эпидемиологи дар дигар вазорату идорахо;

– ташкилотхои илмию тадкикотиеро, ки мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон дар сохаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии ахоли  фаъолиятро анчом медиханд;

– дигар ташкилотхои санитарию пешгирикунанда.

Макомот ва муассисахои хадамоти давлатии санитарию эпидемиологии Чумхурии Точикистон вазифадоранд дар доираи салохияти худ хамкории доимию кавиро оид ба масъалахои хифз ва тахкими саломатии ахоли, пешгирии беморихо ва таъмини амнияти санитарию эпидемиологии ахоли анчом диханд.

Ташкили фаъолияти системаи хадамоти давлатии санитарию эпидемиологии Чумхурии Точикистон аз чониби Сардухтури давлатии санитарии  Чумхурии Точикистон – муовини Вазири тандурустии Чумхурии Точикистон, инчунин сардухтурони давлатии санитарии вилоятхо, шахру нохияхо, дар наклиёт (наклиёти оби, хавои, рохи охан), сардухтурони  вохидхои сохтории дигар вазорату идорахо, ки дар сархати чоруми кисми дуюми хамин модда зикр гардидаанд, амали гардонида мешавад.

Сардухтурони санитарии вохидхои сохтории дигар вазорату идорахо, ки дар сархати чоруми кисми дуюми хамин модда зикр гардидаанд, вобаста ба ухдадорихои вазифавии хеш ба Сардухтури  давлатии санитарии Чумхурии Точикистон тобеъ мебошанд.

Сардухтурони давлатии санитари рохбарони макомот ва муассисахои дахлдори хадамоти санитарию эпидемиологии Чумхурии Точикистон мебошанд;

Сохтор, максад, вазифа ва тартиби ба амал баровардани фаъолияти хадамоти давлатии санитарию эпидемиологии Чумхурии Точикистон аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон  мукаррар карда мешавад.

 

Моддаи 45. Маблаггузории хадамоти давлатии санитарию эпидемиологии Чумхурии  Точикистон

Маблаггузори ва таъминоти моддию техникии хадамоти давлатии санитарию эпидемиологии Чумхурии Точикистон  аз хисоби зайл анчом дода мешавад:

– бучетхои чумхурияви ва махалли;

– маблагхое, ки барои ичрои корхо ва хизматрасонии муассисахои хадамоти давлатии санитарию эпидемиологии Чумхурии Точикистон тибки шартномахо бо шахрвандон, сохибкорони инфироди ва шахсони хукуки ворид гардидаанд;

– маблагхое, ки аз чониби шахсони вокеи ва хукуки ба тарики пардохти харочоти иловагии макомот ва муассисахои хадамоти давлатии санитарию эпидемиологии Чумхурии Точикистон  барои гузаронидани тадбирхои санитарию эпидемиологи  (пешгирикунанда) ворид мешаванд;

– маблагхое, ки аз фаъолияти интишори ба даст меоянд;

– сахмхои ихтиёри ва хайрияхои шахрвандон (аз чумла шахрвандони хоричи ва шахсони шахрванд) ва шахсони хукуки;

– дигар манбаъхое, ки тибки конунгузории Чумхурии Точикистон  манъ карда нашудаанд.

Бо максади маблаггузории харочот барои гузаронидани тадбирхои гигиени ва зиддиэпидемики дар холатхои фавкулодда оид ба рафъ ва пешгирии пахншавии беморихои сирояти (паразити), гайрисирояти ва захролудшавии ахоли дар назди Вазорати тандурустии Чумхурии Точикистон фонди махсуси «эпидемиологи» пешбини мегардад, ки хукуки ихтиёрдории он ба зиммаи Сардухтури давлатии санитарии Чумхурии Точикистон ва муовини у гузошта мешавад.

 

Моддаи 46. Хукуки макомот ва муассисахои хадамоти давлатии санитарию эпидемиологии Чумхурии Точикистон  барои истифодаи амвол ва китъахои замин

Бино, иморат, иншоот, тачхизот, воситахои наклиёт ва дигар амволе, ки макомот ва муассисахои давлатии хадамоти санитарию эпидемиологии Чумхурии Точикистон  барои ичрои вазифахои ба зиммаашон гузошташуда истифода мебаранд, тахти моликияти давлати карор доранд ва ба ин макомот ва муассисахо барои истифода бо хукуки пешбурди хочагидори ё идора тибки тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон вогузошта мешаванд.

Китъахои замине, ки дар онхо бино ва иншооти макомот ва муассисахои хадамоти давлатии санитарию эпидемиологии Чумхурии  Точикистон чойгир шудаанд, тибки тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон  ба онхо ба таври ройгон барои истифодаи доими дода мешаванд.

 

Моддаи  47. Шахсони мансабдори макомоти хадамоти  давлатии санитарию эпидемиологи

Шахсони мансабдори хадамоти давлатии санитарию эпидемиологии Чумхурии Точикистон, ки мутобики Конуни мазкур ваколатдоранд аз номи макомот ва муассисахои хадамоти зикргардида назорати давлатии санитарию эпидемиологиро  анчом диханд (минбаъд – шахсони мансабдоре, ки назорати давлатии санитарию эпидемиологиро анчом медиханд), сардухтурони давлатии санитари ва муовинони онхо, рохбарони вохидхои сохтори ва муовинони онхо, мутахассисони макомот ва муассисахои хамин хадамот мебошанд.

Номгуи мутахассисоне, ки ваколатдоранд назорати давлатии санитарию эпидемиологиро анчом  диханд, тибки низомномаи хадамоти санитарию эпидемиологии Чумхурии Точикистон, ки Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик намудааст, мукаррар карда мешавад.

Таъсиррасони дар хар шакле, ки набошад, ба шахсони мансабдоре, ки назорати давлатии санитарию эпидемиологиро анчом медиханд, ба максади таъсир ба карори кабул намудаи онхо ё монеа ба он дар хама гуна навъи фаъолияти онхо манъ буда, боиси масъулияти мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон мегардад.

Шахсони мансабдоре, ки назорати давлатии санитарию эпидемиологиро анчом медиханд, тибки тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон тахти химояи махсуси давлат карор доранд.

Барои ишголи мансабхои сардухтурони давлатии санитари ва муовинони онхо шахрвандони  Точикистон, ки тахсилоти олии тибби доранд ва вобаста ба ихтисоси “санитария, гигиена ва эпидемиология” ё тандурустии чамъияти сертификат гирифтаанд, хукук доранд. (К ЧТ аз 26.12.11с., №793)

 

Моддаи 48. Тартиби ба вазифа таъин ва аз вазифа озод кардани шахсони мансабдори хадамоти санитарию эпидемиологии Чумхурии Точикистон
Сардухтури давлатии санитарии Чумхурии Точикистон – муовини Вазири тандурустии Чумхурии Точикистон аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
Ба зиммаи сардори раёсати санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустии Чумхурии Точикистон ва сардори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологи ухдадории муовини сардухтури давлатии санитарии Чумхурии Точикистон гузошта мешавад. (КЧТ аз 22.07.2013с. №1010)

 

Моддаи 49. Хукуки шахсони мансабдоре, ки назорати давлатии санитарию эпидемиологиро анчом медиханд

Шахсони мансабдоре, ки назорати давлатии санитарию эпидемиологиро анчом медиханд, хангоми ичрои ухдадории хизматии худ ва пешниход намудани шаходатномаи хизмати хукук доранд:

– аз вазоратхо, идорахо, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати ва макомоти худидоракунии шахрак ва дехот, шахсони вокеи ва хукуки  оид ба масъалахои таъмини амнияти  санитарию эпидемиологии ахоли  иттилооти расмиро дархост намоянд ва ба даст оранд; (К ЧТ аз 26.12.11с., №793)

– санчиши санитарию эпидемиологиро  доир намоянд;

– ба худуд ва биною иншоот, ки бояд тахти назорати давлатии санитарию эпидемиологи карор гиранд, бо максади санчиши риояи конунгузори ва ичрои тадбирхои санитарию эпидемиологи (пешгирикунанда) ва конунгузори дар сохаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии ахоли аз чониби сохибкорони инфироди, шахсоне, ки вазифахои идоракуниро дар ташкилотхои тичорати ва дигар ташкилотхо анчом медиханд, инчунин шахсони мансабдор бе монеа ворид шаванд;

– бо розигии шахрвандон ва бо максади санчиши шароити зист ба бинохои истикоматашон ворид шаванд;

– барои интихоби тахкики мол, аз чумла ашёи хоми озукавори ва молхои озука тибки хачм ва микдори муайяннамудаи Вазорати тандурустии  Чумхурии Точикистон, намунахо гиранд;

– азназаргузаронии наклиёт ва борхои интиколшаванда, аз чумла ашёи хоми озукавори ва молхои озукаро бо максади муайян намудани  мутобикати воситахои наклиёт ва бори интиколии онхо ба талаботи коида ва меъёрхои санитари   анчом диханд;

– омилхои мухити зистро бо максади мукаррар намудани мутобикати чунин омилхо ба талаботи меъёр ва коидахои санитари тахкик ва чен кунанд;

– дар бораи вайрон кардани конунгузори  дар сохаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии ахоли протокол тартиб диханд.

Хангоми ошкорсозии вайрон намудани конунгузори  дар сохаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии ахоли, инчунин хангоми тахдиди пайдоиш ва пахншавии беморихои сирояти (паразити) ва беморихои гайрисироятии оммави (захролудшави) шахсони мансабдори анчомдихандаи назорати давлатии санитарию эпидемиологи хукук доранд ба шахрвандон ва шахсони хукуки амрномахо диханд, ки барои ичро дар мухлатхои мукарраргардида  хатми мебошанд:

– дар бораи бартараф намудани вайронкунии талаботи меъёр ва  коидахои санитарии ошкоргардида;

– дар бораи катъи фуруши мол, аз чумла ашёи хоми озукавори ва молхои озука, ки ба меъёр ва коидахои санитари мутобикат намекунанд ва дорои хулосаи санитарию эпидемиологи намебошанд;

– дар бораи гузаронидани тадбирхои иловагии санитарию  гигиени ва зиддиэпидемики;

– дар бораи гузаронидани ташхиси лаборатории шахрвандоне, ки бо шахсони мубталои беморихои сирояти робита доранд ва назорати тиббии чунин шахрвандон;

– дар бораи ичрои корхо оид ба дезинфексия, дезинсексия ва дератизатсия дар манбаъхои беморихои сирояти, инчунин дар худуд ва бинохое, ки хануз имконияти пайдоиш ё пахншавии беморихои сирояти вучуд дорад.

 

Моддаи 50. Ваколати сардухтурони давлатии санитари ва муовинони онхо

Сардухтурони давлатии санитари ва муовинони онхо  дар доираи салохияти худ хамзамон бо хукукхои пешбининамудаи Конуни мазкур дорои ваколатхои зайл мебошанд:

– баррасии маводхо дар бораи вайрон кардани конунгузори дар сохаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии ахоли;

– пешниходи мавод ба суд тибки тартиби мукарраршуда, хангоми вайрон кардани конунгузори дар сохаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии ахоли;

– ба шахсони вокеи ва хукуки додани хулосахои санитарию эпидемиологи, ки тибки Конуни мазкур пешбини шудааст;

– ба макомот ва муассисахои хадамоти санитарию эпидемиологии Чумхурии Точикистон даъват намудани шахрвандон, сохибкорони инфироди, шахсони мансабдор чихати баррасии маводхо дар мавриди вайрон кардани конунгузори дар сохаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии ахоли;

– ба шахсони вокеи ва хукуки додани амрномахо, ки барои ичро дар мухлатхои мукарраргардида хатми мебошад:

– мутобики фаъолияти аз чониби онхо ичрошаванда гузаронидани экспертизаи санитарию эпидемиологи, ташхис, тадкикот ва озмоиши баррасихои токсикологи, гигиени ва дигар навъи арзёбихои пешбининамудаи Конуни мазкур.

Хангоми ошкорсозии вайрон намудани конунгузори дар сохаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии ахоли, ки ба пайдоиш ва пахншавии беморихои сирояти (паразити) ва беморихои гайрисироятии оммави (захролудшави) тахдид  мекунад, баровардани карори асоснок дар бораи то бартараф намудани чунин вайронкуни боздоштани истифодаи он ё дар сурати имконнопазирии бартарафсози манъ кардани он хангоми:

– лоихакаши, сохтмон, азнавсози, азнавтачхизонии техникии объектхо ва ба истифода додани онхо;

– истифодаи объектхо, сеххо ва китъахои истехсоли, бинохо, иншоот, иморатхо, тачхизот, воситахои наклиёт,  ичрои корхои алохида ва хизматрасони;

– тахия, истехсол, фуруш ва  татбики (истифодаи) мол;

– истехсол, воридот, нигахдошт, интикол ва фуруши ашёи хоми озукавори, иловагихои озукави, молхои озука, оби нушоки, пестисидхо ва маводу молхои ба онхо робитадошта;

– истифодаи объектхои оби бо максади таъмини оби нушокию  хочагию маиши ва эхтиёчоти дигар;

– ба каламрави Чумхурии Точикистон ворид намудани молхое, ки дар мавриди мутобикат ба коида  ва меъёрхои санитари дорои хулосаи санитарию эпидемиологи намебошанд ё маводи тибки тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон, эхтимолан барои инсон хатарнок ба кайд гирифтанашудаи кимиёви, биологи, радиоактиви, навъхои алохидаи махсулот, партовхо, мол ва бор.

Хангоми тахдиди пайдоиш ва пахншавии беморихои сироятии барои атрофиён  хатарнок дар мавриди зайл карорхои асоснок мебарорад:

– бистарикунони барои ташхис ё алохида нигох доштани шахсони мубталои беморихои сирояти, ки барои атрофиён хатарноканд ё шахсони ба чунин бемори гумонбаршуда;

– гузаронидани ташхиси хатмии тибби, бистарикунони ё алохида нигох доштани шахрвандоне, ки бо шахсони мубталои беморихои сироятии ба атрофиён хатарнок робита доранд;

– муваккатан аз кор барканор намудани шахсоне, ки интиколдихандагони ангезандаи беморихои сирояти мебошанд ва метавонанд манбаи пахншавии беморихои сирояти гарданд;

– аз кор барканор намудани шахсоне, ки интиколдихандагони ангезандаи беморихои сирояти мебошанд ва метавонанд вобаста ба хусусиятхои корхои аз чониби онхо ичрошаванда ё истехсолот пахнкунандагони беморихои сирояти шаванд;

– гузаронидани эмкунихои пешгирикунандаи шахрвандон ё гуруххои алохидаи шахрвандон вобаста ба нишондихандахои эпидемики;

– чори намудани (бекор кардани) тадбирхои махдудкунанда (карантин) дар ташкилот ва объектхо.

Барои вайрон кардани конунгузори дар сохаи таъмини амнияти  санитарию эпидемиологии ахоли баровардани карори асоснок дар мавриди зайл:

– оид ба чазодихии маъмури;

– ба макомоти хифзи хукук фиристодани мавод дар мавриди вайрон кардани конунгузори дар сохаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии ахоли барои халли масъалахо оид ба огоз намудани парвандахои чинояти.

Пешниходот манзур медоранд:

– ба Хукумати Чумхурии Точикистон, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати ва макомоти худидоракунии шахрак ва дехот дар бораи татбики тадбирхо оид ба бехбуди вазъи санитарию эпидемиологи ва ичрои талаботи конунгузори дар сохаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии ахоли, инчунин пешниходот марбут ба лоихахои барномаи рушди ичтимоию иктисодии худудхо, барномахои максадноки чумхурияви ва барномахои максадноки минтакавии таъмини амнияти санитарию эпидемиологии ахоли,  хифз ва тахкими саломатии ахоли ва хифзи мухити зист; (К ЧТ аз 26.12.11с., №793)

– ба макомоти махаллии хокимияти давлати дар бораи чори намудани (бекор кардани) тадбирхои махдудкунанда (карантин); (К ЧТ аз 26.12.11с., №793)

– ба шахсони хукуки хангоми мутобики конунгузори дар сохаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии ахоли дар амал татбик намудани карорхо, фармоишхо ва дастурамалхо дар кисмати масъалахои таъмини амнияти санитарию эпидемиологии ахоли;

– ба ташкилотхои молиявию кредити дар мавриди боздоштани амалиёти шахсони вокеи ва хукуки вобаста ба суратхисобхо ва хисобномахо, дар холати аз чониби ин шахсон вайрон кардани меъёр ва коидахои санитари хангоми ичрои корхо оид ба лоихакаши, сохтмони бинохо, иморатхо, иншоот ва ичро нанамудани карорхо дар мавриди боздоштан ё катъи чунин корхо;

– ба макомоти масъули сертификатдиханда  дар бораи боздоштани амал ё кашида гирифтани сертификати мутобикати корхо, хизматрасони, махсулот, хангоми ошкорсозии номутобикатии чунин корхо, хизматрасони, махсулот ба коидахо ва меъёрхои санитари;

– ба макомоти масъули ичозатдиханда (литсензиядиханда) дар бораи боздоштани амали ичозатнома (литсензия) ба навъхои алохидаи фаъолият ё дар мавриди бозпасгардонидани чунин ичозатномахо (литсензияхо) хангоми ошкорсозии вайрон кардани коида ва меъёри санитари  хангоми ичрои чунин навъи фаъолият;

– ба корфармоён дар бораи татбики чазои интизоми нисбат ба кормандоне, ки ба вайрон намудани коидахои санитари рох додаанд;

– ба шахсони вокеи ва хукуки  дар мавриди чуброни зарар ба шахрванд, ки дар натичаи аз чониби онхо рох додан ба вайронкунии конунгузори дар сохаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии ахоли расонида шудааст, инчунин дар бораи чуброни харочоти иловагие, ки муассисахои табобатию профилактики, комот ва муассисахои хадамоти санитарию эпидемиологии Чумхурии Точикистон барои гузаронидани тадбирхо оид ба рафъи беморихои сирояти ва беморихои гайрисироятии оммави (захролудшави) вобаста ба вайрон кардани конунгузори дар сохаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии ахоли  зикршуда сарф намудаанд. (К ЧТ аз 26.12.11с., №793)

Сардухтури давлатии санитарии Чумхурии Точикистон ва муовинони он дар доираи салохияти худ, хамзамон бо хукук ва ваколатхои пешбининамудаи Конуни мазкур дорои ваколатхои иловагии зайл мебошанд:

– дар мавриди мутобикати лоихахои меъёрхои лоихакаши, лоихахои стандартхои давлати, меъёр ва коидахои сохтмон, лоихахои коидахои байтори ва фитосанитари, лоихахои коидахои хифзи мехнат, коидахои хифзи мухити зист, лоихахои стандартхои таълими, лоихахои дигар санадхои меъёри ва барномахои максадноки чумхуриявии таъмини амнияти санитарию эпидемиологии ахоли (минбаъд–хуччатхо) ба меъёр ва коидахои санитари, ки аз чониби макомоти махаллии хокимияти давлати тасдик мегарданд,  хулосаи санитарию эпидемиологи  диханд; (К ЧТ аз 26.12.11с., №793)

– меъёр ва коидахои санитари, хуччатхои меъёри ва дигар хуччатхои танзимкунандаи фаъолияти макомот ва муассисахои хадамоти санитарию эпидемиологии Чумхурии Точикистонро тасдик кунанд;

– ба макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати ва макомоти худидоракунии шахрак ва дехот дар мавриди ба конунгузори дар сохаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии ахоли  мутобик гардонидани хуччатхои тасдикнамудаи макомоти дахлдор, ки тибки конунгузории мазкур пешбини  шудааст, пешниход манзур доранд; (К ЧТ аз 26.12.11с., №793)

– ба Хукумати Чумхурии Точикистон  дар мавриди чори намудани (бекор намудани) тадбирхои махдудкунанда (карантин) дар каламрави Чумхурии Точикистон  пешниход манзур доранд;

– дастурамалхо ва дигар хуччатхои танзимкунандаи тартиби ичрои назорати давлатии санитарию эпидемиологиро дар объектхои наклиёти хавои, оби, рохи охан, автомобили, мудофиа ва дигар объектхои таъиноти махсус тасдик  намоянд.

Дар сурати ичро накардани карорхо ва амрномахои сардухтурони давлатии санитари аз чониби шахсони вокеи ва хукуки маводхо ба суди махалли чойгиршавии чавобгар барои таъмини ичрои мачбури, тибки тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон фиристода мешаванд.

 

Моддаи 51. Ухдадорихои шахсони мансабдоре, ки назорати давлатии санитарию  эпидемиологиро  анчом медиханд

Шахсони мансабдоре, ки назорати давлатии санитарию эпидемиологиро  анчом медиханд, ухдадоранд:

– сари вакт ва дар хачми пурра ваколатхоро оид ба пешгири, ошкор намудан ва рафъи вайронкунии конунгузори дар сохаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии ахоли, ки дар Конуни мазкур пешбини  шудааст, ичро кунанд;

– сабабхоро муайян сохта,  шароитхои пайдоиш ва пахншавии беморихои сирояти (паразити)  ва беморихои сироятии оммавиро (захролудшави) дар байни ахоли ошкор намоянд;

– мурочиати шахсони вокеи ва хукукиро оид ба масъалахои таъмини амнияти санитарию эпидемиологии ахоли  барраси намуда, тадбирхои дахлдор андешанд;

– вазоратхо, идорахо, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати ва макомоти худидоракунии шахрак ва дехот ва ахолиро оид ба вазъи санитарию эпидемиологи  ва тадбирхое, ки макомот ва муассисахои хадамоти давлатии санитарию эпидемиологии Чумхурии Точикистон чихати таъмини амнияти санитарию эпидемиологии ахоли  анчом медиханд, огох созанд;

– фаъолияти худро оид ба таъмини амнияти санитарию эпидемиологии ахоли дар хамоханги бо вазоратхо, идорахо, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати ва макомоти худидоракунии шахрак ва дехот ва иттиходияхои чамъияти анчом диханд;

– махфияти сирри давлати,  духтури ва дигар сирри аз тарафи конун хифзшавандаро нисбати  иттилооте, ки хангоми ичрои ухдадорихои хизмати барояшон маълум гардидааст, риоя кунанд;

– ба макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати ва макомоти худидоракунии шахрак ва дехот, иттиходияхои чамъияти дар масъалахои таъмини амнияти санитарию эпидемиологии ахоли мусоидат намоянд.

 

Моддаи 52. Чавобгарии шахсони мансабдоре, ки назорати давлатии санитарию эпидемиологиро  анчом медиханд

Шахсони мансабдоре, ки назорати давлатии санитарию эпидемиологиро анчом медиханд, барои ичрои номатлуби ухдадорихои хизмати, инчунин барои пинхон доштани далел ва холатхое, ки ба амнияти санитарию эпидемиологии ахоли тахдид мекунанд, тибки тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон  ба чавобгари кашида мешаванд.

 

Моддаи 53. Шикоят аз амали ( беамалии) шахсони мансабдоре, ки назорати давлатии  санитарию эпидемиологиро  анчом медиханд

Нисбат ба амали (беамалии) шахсони мансабдоре, ки назорати давлатии санитарию эпидемиологиро  анчом медиханд, ба макоми болоии назорати давлатии санитарию эпидемиологи, Сардухтури давлатии санитари дар чараёни як мох шикоят кардан мумкин аст.

Шикоят тибки тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон  барраси мегардад.

Додани ариза ичрои амали шикоятшударо бознамедорад, агар ичрои амали арзшуда бо карори суд боздошта нашавад.

 

Моддаи 54. Вазъи хукуки ва хифзи ичтимоии шахсони мансабдоре, ки назорати давлатии санитарию эпидемиологиро  анчом медиханд

Шахсони мансабдор ва мутахассисоне, ки назорати давлатии санитарию эпидемиологиро  анчом медиханд, намояндагони макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати буда, тахти хифзи давлат карор доранд. (К ЧТ аз 26.12.11с., №793)

Дар фаъолияти худ онхо мустакил буда, Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон, Конуни мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистонро ба рохбари мегиранд.

Хама гуна таъсиррасони, дар хар шакле набошад, нисбат ба  мутахассисон ва шахсони мансабдоре, ки назорати давлатии санитарию эпидемиологиро анчом медиханд ва он барои ичрои ухдадорихои касбии онхо монеа мегардад ё дахолат ба фаъолияти онхо манъ аст.

Дар вакти ичрои ухдадорихои хизматии худ шахсони мансабдор ва мутахассисони хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологи аз химояи ичтимоии мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон истифода мебаранд.

 

БОБИ VII. МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ

Моддаи 55. Чавобгари  барои вайрон кардани талаботи Конуни мазкур

Шахсони вокеи, мансабдор ва хукуки барои вайрон кардани талаботи Конуни мазкур мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон  ба чавобгари кашида мешаванд. (КЧТ  аз 31.12.08с №481).

 

(Моддаи 56. Чавобгарии шахсони хукуки  барои вайрон кардани Конуни мазкур).  (Хорич карда шудааст  бо КЧТ  аз 31.12.08с №481).

 

Моддаи 57. Дар бораи беэътибор донистани Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи назорати санитарии давлати”

Конуни Чумхурии Точикистон аз 20 июли соли 1994 “Дар бораи назорати санитарии давлати” (Ахбори Шурои Олии Чумхурии Точикистон, соли 1994, № 15-16, мод. 239; Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, соли 1996, №3, мод. 48, фасли IХ; соли 1997, №23- 24, мод. 333, фасли ХХII) беэътибор дониста шавад.

 

Моддаи  58. Тартиби  мавриди амал карор додани Конуни мазкур

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

 

Президенти

Чумхурии Точикистон                 Э.РАХМОНОВ

    ш. Душанбе

8 декабри соли 2003

№ 49

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …