Главная / Чамъият / Таъинот ва кароре, ки хангоми тайёри барои баррасии парвандаи хукуквайронкунии маъмури кабул карда мешавад

Таъинот ва кароре, ки хангоми тайёри барои баррасии парвандаи хукуквайронкунии маъмури кабул карда мешавад

Моддаи 134-и Кодекси хукуквайронкунии маъмури. Таъинот ва кароре, ки хангоми тайёри барои баррасии парвандаи хукуквайронкунии маъмури кабул карда мешавад 

  1. Хангоми тайёри барои баррасии парвандаи хукуквайронкунии маъмури масъалахои зерин хал гардида, доир ба онхо таъинот ё карор кабул карда мешавад:

– дар бораи таъин кардани вакт ва махали баррасии парванда;

– дар бораи даъвати шахсони дар моддахои 26-34 ва 36 Кодекси мазкур пешбинигардида;

– дар бораи талаб карда гирифтани маводи зарурии иловаги барои парванда;

– дар бораи таъини экспертиза;

– дар бораи мавкуф гузоштани баррасии парванда;

– дар бораи боздоштани баррасии парванда;

– дар бораи ба макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор), ки протоколро тартиб додаанд, баргардонидани протоколи хукуквайронкунии маъмури ва дигар маводи парванда бинобар аз тарафи шахсони ба он ваколатдорнабуда тартиб додани протокол ва ба расмият даровардани дигар маводи парванда ё нодуруст тартиб додани протокол ва нодуруст ба расмият даровардани маводи дигари парванда ва ё нопуррагии маводи пешниходшуда, ки наметавонад зимни баррасии парванда пурра карда шавад;

– дар бораи аз руйи тобеият барои барраси супоридани протоколи хукуквайронкунии маъмури ва дигар маводи парванда, агар судя, макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор), ки протоколи хукуквайронкунии маъмури ва дигар маводи парванда барои барраси  ба онхо ворид шудаанд, салохияти баррасии парвандаро надошта бошанд ё хангоме, ки дар бораи радкунии судя, хайати макоми коллегиали ё шахси мансабдор таъинот бароварда шуда бошад.

  1. Хангоми мавчуд будани холатхои пешбининамудаи Кодекси мазкур дар бораи катъ кардани пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури карор кабул карда мешавад.
  2. Хангоми мавкуф гузоштани пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури бинобар бе сабабхои узрнок ба мурофиа хозир нашудани шахсони дар Кодекси мазкур пешбинигардида судя, макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор), ки ин парвандаро барраси менамоянд, дар бораи мачбуран овардани ин шахсон таъинот ё карор мебароранд, агар ба мурофиа хозир нашудани онхо барои хаматарафа, пурра, вокеъбинона ва саривакт муайян кардани холатхои парванда ва мутобики конун хал гардидани он мамониат намояд.
  3. Хангоми бемор шудан ва ё дар сафар будани шахсе, ки нисбати у парвандаи хукуквайронкунии маъмури барраси мегардад, дигар иштирокчиёни пешбурди парванда, инчунин ба миён омадани дигар холатхое, ки баррасии парвандаро бе иштироки онхо ва дар мухлати муайяншуда истисно мекунад, баррасии парвандаи маъмури то бартараф шудани холатхое, ки барои боздоштани он асос мегарданд, боздошта мешавад. Дар ин бора судя таъинот ва макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор) карор кабул мекунанд.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …