Главная / Чамъият / Таъбири хоб (Китоби хобнома)

Таъбири хоб (Китоби хобнома)

Китобе, ки Шумо онро хонда истодаед, махсули кори пурмашаккати зиёдааз дахсола мебошад. Ман аз давраи чавони ба донистани таъбири хобхо шавку рагбати беандоза доштам ва дар ин боб ривоятхои зиёде шунидаам. Бисёр хобхои чолиби диккати аз дахони одамони хобдида ва муаббирон шунидаамро навишта мегирифтам. Худам низ хобхои дидаамро дар дафтаре менавиштам ва таъбираш агар мебаромад, онро кайд мекардам. Хобномахоеро, хи меёфтам, чамъ мекардам ва онхоро меомухтам.

kitob-xondan

Дар натичаи чамъовари, омухтану тахлил кардани маводхои оиди хоббини ва таъвили хобхои дида дарёфтам, ки таъбир илми бузург аст ва шариф. Илми илохист.

Дар Куръони Мачид дар сураи Юсуф худои азза ва чалл мегуяд ки “Ва бад-ин сон Юсуфро дар замин маконат додем, то ба у таъбири хоб омузем. Худо ба кори хеш голиб аст. Вале бештари мардум намедонанд”

Ба илми таъбйр на танхо пайгамбари худо Юсуфи Яъкуб, балки дигар пайгамбарон, аз он чумла хазрати Мухаммад (саллалоху алайхи ва ссалам) ва ёронаш сару кор доштанд, хобхои дидаи мардуме, ки мурочиат мекарданд, мегуфтанд, яьне хобгузори мекарданд.

Мувофики сарчашмахои таърихиву илми ва фарханги дар даврахои кадим таъбири хоб дар зиндаги ахамияти багоят мухим дошт.Табирномаи аз хама кадимии хатти кариб чор хазор сол пеш дар Миср Кадим тартиб ёфта буд, ки дар он таъбири 200 хоб ва тафсири сохир номаи онро дар бар мегирифт.

Олимон ва табибони Юнони кадим Демокрит, Афлотун, Арасту ва дигарон таъбири хобро барои ёфтани роххои муоличаи беморон истифода мекарданд. Афлотун хоббиниро манбаи илхоми эчоди меднист.

Олими бузурги точик шайхурраис Абуали Ибни Сино доир ба хоббини ва таъвили он рисолаи махсусе бо номи “Таъбир-ур-руъё навиштааст.

Олимони баъдии хам дар ин чода захмати зиёде ба харч додааш Дар байни навиштачоти онхо китоби олим ва нависандаи форсу точи Абу-фазл Хубайши Тифлиси “Комил-ут-таъбир” ё ки “Хобнома”  бисёр хам чолиби диккат аст, ки соли1992бо захмати зиёди Ч. Хотами, С. Наимбоев ва С.Хатлони бо хати кирили чоп шуда буд.

Банда, ки дар макомоти хифзи хукук солхои тулони адои вазифа мекунам ва ба назм шавку хаваси беандоза дорам, ба хулоса омадам, ки бахши зиёдеро аз хобномаи Тифлиси, аз хобномаи Хазрати Юсуф, аз таъбири хобхои шунида ва дидаи худ, хамчунин хобномахои руси ва узбеки ба назм гардонам ва ба хонандагони хушзавк пешкаш намоям.

Пораеро аз ин хобномахо дар китоби шеърхоям бо номи “Шодии; дидор” соли 1998 чоп карда будам. Навиштани хобномахоро бо шеър давом дода истодаам.

Инро хам кайд кардан лозим аст, ки дар байнн мардуми форсизабон ва дигар халкхо низ хобномаи мукаммале бо назм ё мавчуд нест, ё ки бисёр кам вомехурад.

Дар ин бора баъзе байтхо ва порахои хурди шеьри ва ё ба тарики наср вомехуранд, ки мавриде гуфта шудаанду бас. Чунончи:

Аз Саъди:

Ташнагонро намояд андар хоб,

Хама олам ба чашм чашмаи об.

АзХофиз:

Дидам ба хоби хуш, хи ба дастам пиëлаа буд,

Таъбир рафту кор ба давлат хавола буд.

Аз Санои:

Ракс кардан ба хоб дар кишти,

Бими гарк асту мояи ришти.

Дар илми хоббини муаммохои зиёде хастанд, ки олимони ин соха барои халлу фасли онхо ва ёфтани таъбири аниктаре бахс мекунанд. Ачоибаш дар он асг, ки дар бисёр холатхо вакте ки одам дар хоб шодию хурсанди бинад, таъбираш бад мебарояд ва баръакс. Масалан, гиряву гаму андух дар хоб аксар вакт таъбири шодиву хуррамиро дорад. Хобхои дар фаслхои тирамоху зимистон дида нисбати хобхои дар фаслхои бахору тобистон дида камахамиятанд. Аз хама хобхо дакиктар онхое мебошанд, ки одамон пеш аз субх ва хангоми субх мебинанд ва гайра.

Агар ин захмати хоксоронаи ман каме бошад хам ба хонандаи дуршинос писандояд, худро хушбахт хисоб мекунам. Дар холати пайдо шудани хохишу дархостхо, андешахо ё дигар масъалахо оиди ин “Хобнома” хонандагон метавонанд ба нигорандаи ин сатрхо бевосита мурочиат нпмоянд.

Китоби таъбири хоб pdf формат.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …