Главная / Гуногун / ТУЛУЪ ДАР ГУРУБ (Хикоя)

ТУЛУЪ ДАР ГУРУБ (Хикоя)

– Модарчон!.. Омад…

Аз ин нидо, ки булури сукутро пора-пора месозад, модар як кад мепарад. Дилаш чиггас мезанад ва биму хатар аз гулуяш мегирад. Сипас ба худ мепечаду харосон сар ба руи писар хам карда, бо тарсу тахлука мепурсад:

– Чи гуфти, чонакам? Ки омад?

– Падарам омад, – чехраи писар кушодатар мегардад, чашмонаш гуё лахчавор медурахшанд. – Падарам.

Аз ин харфи ногахонии писар тамоми аъзои бадани модар меларзад, набзаш якбора ба талотум меояд. Ба у чунин менамояд, ки гуё нафасаш катъ мегардад. Баъд баданаш суст мешавад, безобитаву бесаранчом зуд-зуд мижа зада мепурсад:

– Падарат омад?.. Кани у?

priroda-rassvet-solnce

Писар суи тиреза ишора мекунад:

– Ху-у, ана, ана.

Модар охи сабук мекашад:

– Вай чанор аст, чонакам, чанор.

Писар лабони парсинбастаашро лесида, нафаси чукуре мекашаду даме хомуш меистад. Сипас дар холе, ки чашм аз модар намеканд, боз ба сухан меояд:

– Падари ман хам мисли чанор аст… Чанори бузург.

Дили модар аз яъс сих мезанад. Бугз гулуяшро буги мекунад. Лаб зери дандон мекашад, ашк марчонвор руи рухсорахояш мерезад.

– Ман барои шумо сихат мешавам, модарчон!

Ин суханон рухи модарро бардошта, умед мебахшад: чигарбандаш сихат мешавад. Сихат мешавад!

Оре, у сихат мешавад!

Печидахаёл суяш бо мехр нигох мекунад.

Уро мехононад, хонадор мекунад. Духтареро келин мекунад, ки Вафо дусташ дорад. Туйи калон мекунад, хеч чизро дарег намедорад. Шаби туйи чигарбандаш хамаи армонхои дилашро мешиканад. Армонхое, ки дар дили худ дошту нашикаста монд. Охир, дар насиби у тую тамошо набудааст…

Нолиши писар уро ба худ меорад. Ду бари руи Вафо лолагун, гуё ду нони нав аз танур канда шуда. Модар кафи даст ба пешонаи писар мегузорад. Ин дам дари палата охиста кушода шуда, хамшираи мавзункомати малламую бодомчашми хандонруй медарояд.

– Тафс кардааст? – охиста мепурсад хамшира.

Охи сузоне мекашад Нозанин ва ба тасдик сар мечунбонад. Хамшира харорати Вафоро месанчад. Нуги сутунчаи симоби сурх таги раками чил карор дошт. Ин хамшираро ба изтироб меорад. Вай зуд ба тани Вафо дору мегузаронад. Лахзае пас модар боз каф ба пешонаи писар мегузорад.

– Табаш фаромад, – охи сабук мекашад. – Шукр.

Гули чехраи хамшира аз нав мешукуфад.

Мижгонхои писар хам хурда-хам хурда, окибат ба хам мепечанд. Модар охиста дасташро аз пешонаи у мегирад. Ва хамзамон хаёлаш чун мурги нимбисмил дар хастиаш метапад.

“Ёди падар сабаби хуручи дард бошад?” – ин андеша чун нештар ба дилаш мехалад. Дили озордидааш бештар дар озор монда, бо дарду алам охи сузоне мекашад. Ва тачанг шуда, боз ба худ суол медихад: “Фоли бад бошад?” Вале аз ин савол дилаш якбора харос мекашад. Ва зуд бо калби пуризтироб ба илтичо меояд: “Худоё, аз андешахои бад нигох дор!”

Ин дам зоге паси тиреза менишинад ва ба кар-кар медарояд. Гуё аз гаму андухи Нозанин завк мебурд ва табли шоди мезад. Нозанин ба зог нигохи нафратомезе афканда: “Чи мехохи, шумхабар?!” – гуён, назди тиреза меравад. Зог тарсида мепараду аз назари у гайб мезанад.

У охи бадарде кашида, ба осмони нопайдоканор чашм медузад. Аз чониби кибла абрхои тираи борони хучум карда меомад. Дам ба дам шамол шиддат гирифта, гиёху баргхои хушкро ба хар су пош медод.

– Ха-а, поёни умри гулу гиёх хама хору хас аст, – бо дарду алам худ ба худ мегуяд Нозанин. – Аммо бахор боз аз нав эхё мешаванд.

Яъси гароне пахшаш мекунад, охи сузоне мекашаду тахи дил менолад:

 “ – Кисмато, сад неш бар чонам зади, боз аз ман чи мехохи?!”

Аз шиддати дилтанги лабашро газида, пешонаашро турш мекунад ва ба сукут меравад. Имруз бисту дуюми декабр, ибтидои зимистон, кутохтарин рузу дарозтарин шаб.

Вакти гуруби хуршед расид ва бояд бинишинад. Он гох торики меояду зулмат хукмрон мегардад.

Ох, ин шаби тори дарозро чи тавр ба руз мерасонад?! Охир, имшаб чун хама шаб нест! Ха, ба чуз дарози боз ёди гузашта уро азият хохад дод.

Шаб фаромада, шахрро ба огуш мегирад. Хазору як фикру хаёли хавлангез тез-тез аз хотири модар мегузашт.

Паси тиреза саге уллос мекашад. Уллоси саг дили Нозанинро мехарошад. Охи сарду дардомезе кашида, бо овози ларзон мегуяд:.

– Чи нола дори, эй чонвари безабон?

Саг бо хузни зиёд менолад.

Ин дам хамшира ба палата медарояд ва ба тани абгори Вафо сузан мезанад. Аз озори сузан Вафо дардомез нолиш мекунад.

– Шуд, шуд чонакам, – чои сузанро молиш дода мегуяд хамшира. – Тамом.

Барои модар аз дарди худаш дида дарди фарзандаш чонкохтар будааст. Модар лаб зери дандон кашида, дилаш сухта хокистар мешавад. Хамшира бо мехрубони ба чашмони махзуни Нозанин менигараду бо тамкин лаб ба сухани тасалло мекушояд:

– Тани гарм бе дард не, мегуянд. Ин кадар гам нахуред, апачон. Дард мехмон аст, мегузарад. Дард меояд кух воре, мебарояд му воре.

– Кошки, хохарчон! Дар забони ширинат бимирам…

Давоми суханаш ногуфта мемонад. Чунки духтараке тозон омада хабар медихад, ки ахволи беморе бад гашта. Хамшира саросема бадар меравад.

Саг аз нолидан мемонад. Вафо хам ором мегирад. Модар ду чашм аз у намеканад.

Торики торафт бештар шахрро фаро мегирифт. Ситорахо беранг менамуданд. Гуё онхоро хам гаму гусса фаро гирифта бошад. Нозанин гушнаги хис мекунад, дастурхон мекушояд, вале аз гулуяш чизе намегузарад. Ногох Вафо лаб мелесаду чашмонаш нимво мегардад.

– Ягон чи мехохи, чонакам? – дархол мепурсад модар.

– Не, – пичиррос мезанад Вафо ва боз чашмонашро охиста мепушад.

Писар гарк аст ба хоб. Ин хоб ширин аст ё талх, модар намедонад. Ба хар хол хоби ороми писар харос аз дили у рабуда, каме мадор мебахшад. Як охи чукур кашида, чои кайхо хунукшудаи пиёларо ба гулдони сафоли мерезад. Аз термос чои гарм рехта, ду-се култ сузон-сузон менушад. Дарро бесадо кушода, назди хамшира меравад.

– Китоби шавковар аст? – марок зохир мекунад Нозанин.

– Ха, хеле чолиб аст, – бо оханги дустона чавоб медихад хамшира. – Романи устод Фазлиддин Мухаммадиев “Палатаи кунчаки”. Китоби ноёб. Аз як шиносам илтимос карда гирифтам.

Нозанин ба у руй оварда, бо оханги тавалло мегуяд:

– Ба ман хам медихед, хонам.

Хамшира ба чехраи кохида ва чашмони фурурафтаи у бо мехрубони нигариста, бо тамкин мегуяд:

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

obama

Агар яке аз номзадхо бохтро эътироф накунад, чи мешавад?

ИМА рузи 3 ноябр тасмим мегирад, ки Доналд Трамп дар Кохи Сафед бимонад. Номзад ба …